Главная / Илм / ИНФОРМАТИКА ВА КОМПЮТЕР

ИНФОРМАТИКА ВА КОМПЮТЕР

Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдошавии аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт.

Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он ба дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ таконе дод. Ва бо ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодабарии аробаю автомобил, асри барқ ба азхудкунӣ ва истифодабарии энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба азхудкунӣ ва инкишофи минбаъдаи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо бошад, инсон дар бораи асри информатсионӣ сухан меронад. Ин бесабаб нест.

exnologiyai-info_

Асри ХХI барои он асри «Информатика» ном гирифтааст, ки бояд дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди информатсия баҳравар гардад. Саҳми информатсия дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рўзмарра ба дараҷае меафзояд, ки он ба қатори ду омили ҳаётан муҳимидигар – модда ва энергия шомил мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо банизом медарорад.

Информатсия (Infoқmation) маҳфуми хеле васеъ аст. Калимаҳои тоҷикии (шояд форсӣ ё арабӣ) «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайраҳо баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои онҳо ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчикро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот не.

Информатика фанни техникӣ буда, қонунҳо ва усулҳои ғункунӣ, захиракунӣ, коркардабароӣ ва интиқоли информатcияро бо ёрии компютер меомўзад.

Фанни информатикаро дар мамлакатҳои ғарб «Илми компютерӣ (Computeқ science)» мегўянд. Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардҳои бузургтарини илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (computeқ) низ дар забони

тоҷикӣ ҳисоббарор аст. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои тадбиқи онҳо васеъ мегарданд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар даҳсола дар технологияи истеҳсолот, конструксия ва усулҳои истифодабарии МЭҲ тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа дар бораи пайдошавии насли нави компютерҳо сухан рондан лозим меояд.

Имрўз он компютерҳое, ки аслан барои ҳалли масъалаҳои ҳисобкунӣ сохта шуда буданд, тадбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳисоббарориҳои масъалаҳои иқтисодӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои статистикӣ, манбаъҳои маълумотдиҳандаи информатсия, тарҳрезии равандҳои физикӣ ва фаъолияти фикрии одамон ёфтаанд.

Офариниши МЭҲ бо беҳтарин комёбиҳои инсон, аз қабили азхудкунии қувваи барқ, ихтирои чарх, бунёди механизмҳои буғӣ, истифодабарии энергияи атомӣ ва дигар кашфиёт дар як поя қарор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер нерўи ақлонию зеҳнии онро баланд бардоштааст. Тараққии минбаъдаи МЭҲ ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолияти фикрию ҷисмонии инсон, мошинҳо вазифаи ёрдамчии беғарази онро иҷро мекардагӣ мешаванд.

Гарчанде мошинҳои электронии ҳисоббарор аз ҷиҳати намуд ва тарзи истифодабариашон хеле гуногун бошанд ҳам, вале принсипи кори онҳо ба ҳамдигар бис-ёр монанд аст. Дар ҳамаи онҳо қисмҳо ва ҷузъҳоеро ёфтан мумкин аст, ки функсияҳои якхеларо иҷро мекунанд. Айнан чунин монандӣ ва умумиятҳоро дар сохт ва моҳияти масъалаҳои аз соҳаҳои гуногуни илм, техника, иқтисодиёт ва ғайраҳо пайдошуда низ дидан мумкин аст, ки онҳо ба воситаи аппарати якхелаи математикӣ ҳал карда мешаванд. Ба монанди ҳамин, бисёр умумиятҳоро дар соҳаи программасозӣ ҳам дидан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Информатсия гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Барои чӣ асри XXI-ро асри «Информатика» меноманд?
  3. Информатика чиро меомўзад?
  4. Калимаи компютер чиро мефаҳмонад?
  5. Ихтирои компютерро бо кадом дастовардҳои беҳтарини инсоният муқоиса намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Соҳаҳоеро номбар кунед, ки дар онҳо компютерро истифода мебаранд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …