Главная / Илм / ИНДУКТОТЕРМИЯ

ИНДУКТОТЕРМИЯ

indukotermiaИНДУКТОТЕРМИЯ (лот. inductio – тазриқ, ҷорӣ кардан ва юн. therme – гармӣ), усули табобат бо неруи барқ. Дар мавриди И. ба организми мариз тавассути майдони магнитии баландбасомад ва ултрабаландбасомад таъсир расонда мешавад. Дар мавзеи табобат ҳарор. бофтаҳо баланд, ташаннуҷи мушаку мӯрагҳо кам, артериолаҳо ва рагҳои нисбатан калон васеъ мегарданд. Ҳангоми И. ангезиши силсилаи асаби марказӣ суст шуда, мубодилаи моддаҳо ба эътидол меояд, ихроҷи кортикостероидҳо дар хун меафзояд, миқдори катехоламинҳо дар хун ва пешоб кам мешавад. Дар баъзе беморон кори дил ва нафаскашӣ беҳтар хоҳад шуд. И. манбаи илтиҳобро рафъ сохта ба фаъолияти фагоситоз ва раванди оксиду барқароршавӣ тақвият мебахшад.
И.-ро барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ, атеросклерози рагҳо (дараҷаи I ва II), бемории Рейно, бемории гиппертония (дараҷаи I ва II), шикастагии устухон, пневмония, плеврит, нефрит, анурияи рефлексӣ ва ғ. кор мефармоянд. Истифодаи он ҳангоми вуҷуд доштани миомаи бачадон, омоси ғадуди шир, эндометриоз, токсикозҳо, табларза, бемориҳои хун, ҷоғари мунташири заҳрогин, сили шуш, нуқси дилу шуш, хуруҷи стенокардия ҷоиз нест. Дар мавриди ҳомилагӣ ҷойҳои ба бачадон наздикро И. намекунанд.
Дар аснои иллат доштани пӯст ва гаҷбандӣ шудани ягон узв И.-ро кор намефармоянд. Либос (тугмаҳои оҳанӣ надошта бошад) ва мӯи бадан барои И. халал намерасонад; фаромӯш кардан лозим нест, ки ашёи филизӣ, хусусан ҳалқашакл, дар мавзеи истифодаи индуктор ва 8 – 12 см канортар аз он боиси сӯхтани пӯст мешавад. Давомоти умумии протседура 10 – 15 – 30 дақ. аст. Дар як даври табобат 10 – 15 протседура таъин мекунанд.
ва ултрабаландбасомад таъсир расонда мешавад. Дар мавзеи табобат ҳарор. бофтаҳо баланд, ташаннуҷи мушаку мӯрагҳо кам, артериолаҳо ва рагҳои нисбатан калон васеъ мегарданд. Ҳангоми И. ангезиши силсилаи асаби марказӣ суст шуда, мубодилаи моддаҳо ба эътидол меояд, ихроҷи кортикостероидҳо дар хун меафзояд, миқдори катехоламинҳо дар хун ва пешоб кам мешавад. Дар баъзе беморон кори дил ва нафаскашӣ беҳтар хоҳад шуд. И. манбаи илтиҳобро рафъ сохта ба фаъолияти фагоситоз ва раванди оксиду барқароршавӣ тақвият мебахшад.
И.-ро барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ, атеросклерози рагҳо (дараҷаи I ва II), бемории Рейно, бемории гиппертония (дараҷаи I ва II), шикастагии устухон, пневмония, плеврит, нефрит, анурияи рефлексӣ ва ғ. кор мефармоянд. Истифодаи он ҳангоми вуҷуд доштани миомаи бачадон, омоси ғадуди шир, эндометриоз, токсикозҳо, табларза, бемориҳои хун, ҷоғари мунташири заҳрогин, сили шуш, нуқси дилу шуш, хуруҷи стенокардия ҷоиз нест. Дар мавриди ҳомилагӣ ҷойҳои ба бачадон наздикро И. намекунанд.
Дар аснои иллат доштани пӯст ва гаҷбандӣ шудани ягон узв И.-ро кор намефармоянд. Либос (тугмаҳои оҳанӣ надошта бошад) ва мӯи бадан барои И. халал намерасонад; фаромӯш кардан лозим нест, ки ашёи филизӣ, хусусан ҳалқашакл, дар мавзеи истифодаи индуктор ва 8 – 12 см канортар аз он боиси сӯхтани пӯст мешавад. Давомоти умумии протседура 10 – 15 – 30 дақ. аст. Дар як даври табобат 10 – 15 протседура таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …