Главная / Гуногун / Имтиҳон

Имтиҳон

Имтиҳон, эй имтиҳон, эй имтиҳон,
Завқбахшу ғамбиёри кӯдакон!

Як гурӯҳеро намоӣ шод ту,
Дигареро оварӣ бар дод ту.

rubobИн яке шодон зи «5»-у «4»-и ту
В-он дигар нолида аз душвори ту.

Имтиҳон, эй имтиҳон, эй имтиҳон,
Нестӣ иди ҳама хонандагон!

Танбалон аз ту гурезон мераванд,
Кунҷаке бо ашки резон мераванд.

Пешдастон сарфарозӣ мекунанд,
Ҷумларо хурсанду розӣ мекунанд,

Имтиҳон, эй имтиҳон, эй имтиҳон,
Тарсу ваҳму шавқу шӯри кӯдакон!

Шеъри Имтиҳон барои кудакони мактаб

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …