Главная / Гуногун / ИМОМОН ВА БУЗУРГОНИ ИСЛОМ ДАР ВАСФУ СИТОИШИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ВА ШАММАЕ АЗ СИФОТИ ҲАМИДА ВА НЕКӮИ ЭШОН

ИМОМОН ВА БУЗУРГОНИ ИСЛОМ ДАР ВАСФУ СИТОИШИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) ВА ШАММАЕ АЗ СИФОТИ ҲАМИДА ВА НЕКӮИ ЭШОН

Васфу ситоиши сирату сурат ва шахсияту мақому манзалати Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ разиаллоҳу анҳу ҳадду канор надорад. Асрҳо ба ин ҷониб уламои давру замон, дар бораи Имоми Аъзам Аъбӯҳанифа (р) ва афкору андешаи ӯ суханҳои некӯ гуфтаанду мегӯянд ва ёддоштҳову рӯйдодҳоро оиди ҳаёт ва фаъолият ва маноқиби эшон навиштаанду менигоранд ва чандин муҳаққиқон кутуби маноқиби Имоми Аъзам раҳматуллоҳро ҳам низ тартиб додаанд. Вале, ба ҷуз Абдуллоҳ ибни Муборак (р) касе зиёдтар ва басо самимонатар сухан аз шахсияти Имоми Аъзам (р) ва маноқиби ӯ нагуфтаасту ӯро чун Ибни Муборак (р) касе нашинохтааст.

Ҳоло азизон, дар ин бахши навиштор диққати Шуморо ба ситоишҳои аима (имомон) аз Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ҷалб менамоем, ки гуфтаанд: «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст»: «…Аз Абдуллоҳ ибни Идриси Шофеъӣ (р) нақле шудааст, ки гуфт»: «Ҳар кас дар кутуби Абӯҳанифа (р) нанигарад, на дар илм тавоно тавонад шудан ва на фақеҳ хоҳад шудан».

Аз Имом Молик (р), ки ҳамаср ва дар айни ҳол шогирди Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) буд, дар бораи ҷамъе суол карданд, ва ӯ назарашро дар бораи онон баён кард, пас чун навбат ба Абӯҳанифа (р) расид, гуфт:

«-Субҳоналлоҳ! Ҳаргиз монанди вай надидам (яъне, на дар сират ва на дар сурат), савганд ба Худои азза ва ҷалл, ки агар мегуфт ин сутун аз тилло аст, ҳар оина далели мӯътамади қиёсиро ба сиҳати қавлаш иқома мекард».

Ибни Уяйна (р) мегӯяд: «-Чашмаш монанди вайро надидааст… Касе, ки фиқҳро мехоҳад, пас ба Кӯфа бишитобад ва дар он ҷо ёрони Абӯҳанифа (р)-ро мулозим гардад».

Шогирд ва муриди басо ихлосманди Имоми Аъзам (р), ки сифаташ дар олами Ислом ҳадду канор надорад, яъне, Ҳоҷии барҳақ ва пешвои аҳли сахо, Абдуллоҳ ибни Муборак (р) гуфтааст:

«Имоми Аъзам (Абӯҳанифа раҳматуллоҳи) фақеҳтарини мардум буд ва фақеҳтар аз вай кас надидаам ва низ гуфт:-Ӯ як оят буд, пас касе пурсид:-Оят буд, дар хайр ё дар шарр. Ибни, Муборак (р) бар вай бархурӯшиду гуфт:-Сокит бош эй мард! Мегӯянд-«Ғоят фи-шарр ва оят фил-хайр», яъне, вақте касе мегӯяд:-фалон оят буд, дигар савол аз ин ки дар хайр буд ё дар шарр бе маврид аст чун оят дар хайр ба кор бурда мешавад ва ғоят дар шарр».

Низ Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) гуфта, ки «-Агар ба раъйи иҷтиҳодӣ ниёзе пайдо шавад пас, руҷӯъ кунед ба раъйи Имом Молик (р) ва Сӯфён (р) ва Абӯҳанифа (р). Ва Абӯҳанифа (р) фақеҳтарини эшон, накӯтарини эшон, дақиқтарини эшон, дар фатонату заковат ва жарфпаймотарини эшон, дар ғаввосии дарёи фиқҳ аст. Ва низ аз суханони Абдуллоҳ ибни Муборак (р) аст, ки: «-Ҳар гоҳ ривояте аз Расули гиромии Худо (с) наёбем, сухани Абӯҳанифа (р), дар назди мо, ҳамчун ривояти Расулуллоҳ (с) аст».

Низ Ибни Муборак (р), барои мардум ҳадис мегуфт, пас дар аснои суханаш гуфт: «-Ҳаддасно Ан-Нӯъмон ибни Собит».-дар ин асно касе пурсид:- Муроди ту аз Нӯъмон ибни Собит кист? Фармуд:

«Манзурам Абӯҳанифа (р)-мехи илм аст». Дар ин ҳангом баъзе аз ҳуззор, аз ин ки ривояти вай аз Имом Абӯҳанифа (р)-ро бинависанд, даст нигоҳ доштанд, пас Ибни Муборак лаҳзаи кӯтоҳе диранг кард ва он гоҳ гуфт»:

Айюҳаннос! (Эй одамон!) Чӣ қадар дар баробари аимаи мубталои савъи адаб ояд, чӣ қадар аз шинохти аимаи ҷоҳил ояд, чӣ қадар огоҳии Шумо аз илму аҳли илм кам аст?

Савганд ба Зулҷалол, ки касе сазовортар аз Абӯҳанифа (р), ба иқтидо нест, зеро, ки ӯ Имоме буд пок, парҳезгор, Худотарс, инсони комил ва ормонӣ, аҳли вараъ, зӯҳду тақво, олиму фақеҳ уммати солеҳу посдорандаи суннат ва эҳёкунандаи ҷамоаи аҳли суннат ва ҷамоат, ӯ илмро бо байинаш ва фаҳму фатонату тақво, ончунон кашф кард, аҳаде, ҳамчун вай онро кашф карда натавонист». Он гоҳ Абдуллоҳ Ибни Муборак (р), ки аз ин кор, аз баъзе аз шогирдонаш сахт ранҷида буд, савганд ёд кард, ки як моҳ барои эшон Ҳадис нагӯяд.

Ва Саврӣ (р) дар посухи марде, ки барояш гуфт:-Оё аз назди Абӯҳанифа омадаӣ? Гуфт: «-Бале! Ба таҳқиқ, ки аз назди фақеҳтарин кас аз аҳли Замин омадаам!»

Низ Саврӣ (р) гуфт: «-Ҳар кас бо Абӯҳанифа (р) мухолифат мекунад, мӯҳтоҷи он аст, ки аз вай қадру манзалате бартару илме вофиртар дошта бошад ва баъид медонам, ки чунин кас ёфт шавад. Ва чун Саврӣ (р) ва Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) бо якдигар озими сафари Ҳаҷ гардиданд,  Саврӣ (р) эшонро ҷилав  меандохт ва пушти сари эшон ҳаракат менамуд ва низ агар он ду дар масъалаи мавриди суол қарор мегирифтанд, ӯ сукут мекард, ва мунтазир мемонд, то Имом Абӯҳанифа (р) ҷавобдиҳандаи он суол бошанд.

Ва рӯзе бар болои сари вай китоби раҳн (васиқа) аз Имом Абӯҳанифа (р)-ро диданд, пас ба вай гуфтанд: – Оё кутуби Абӯҳанифаро мутолиа мекунӣ?!

Гуфт: «-Дӯст доштам, маҷмӯаи кутуби вай ҳама як ҷо дар назди ман мебуд, то дар онҳо бингарам, Абӯҳанифа (р) дар шарҳи илм дигар майдонеро барои паймудан боқӣ нагзошта ва корро ба поён овардааст ва лекин мо дар бораи вай мунсифона (аз рӯи адлу инсоф) қазоват намекунем». Ва Абӯюсуф раҳамуллоҳ гуфт: «Саврӣ аз ман дида, дар мутобиъати Абӯҳанифа (р) пешравтар ва дар ин арса тундравтар аст».

Рӯзе Саврӣ (р) Имом (Абӯҳанифа)-ро барои Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) тавсиф мекард, пас гуфт: «-Ба таҳқиқ, ки ӯ дар ин илм бар яке аз сарнайзаҳо савор мешавад, ба Валлоҳ, ки ӯ олиме ҷомеъ, мудофиъи арзишҳо ва хидматгузори аҳолии шаҳраш-Кӯфа буд ва ӯ ҳаргиз раво намедонист, ки ҷуз бар он чи, ки аз Расули гиромии Худо (с) ба сиҳҳат расида аст, тамассуқ ҷӯяд, ба Валлоҳ, ки ӯ аз носуху мансухи Ҳадис шинохте тому тамом дошт, ӯ доиман ҷӯёи аҳодиси ровиёне буд, ки дар нақли ҳадис сақаву мӯътамад буданд, ӯ ҳамчунон бар феъли Расули гиромии Худо (с) низ тамассук меҷуст ва ончи, ки уламои Кӯфа, дар пайравии ҳақ, ба он расидаанд, ӯ низ бар он тамассук ҷуст ва ҳамонро дини хеш қарор дод, аҷабо, ки қавме забони зиштӣ, бар вай дароз кардаанд, аммо мо дар баробари эшон сукутро тарҷеҳ медиҳем, ки Худои ъазза ва ҷаллро аз онҳо истиғфор металабем».

Ва Авзоӣ (р) ҳанӯз Имом (р)-ро надида буд, ки балки фақат овозаи эшонро шунида буд, пас рӯзе барои Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) гуфт:-Кист ин бидъатгузоре, ки дар Кӯфа зуҳӯр намуда ва кунияи вай Абӯҳанифа аст? Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) дар оғози посухи вай ҳеҷ нагуфт ва дар иваз чанд масъалаи душвор аз масоили Имоми Аъзам (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ)-ро ба вай нишон дод, пас чун Авзоӣ мулоҳиза кард, ки ин масоил мансуб ба Нӯъмон ибни Собит (р) аст, пурсид:-Ин Нӯъмон ибни Собит кист?

Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) мегӯяд: «Гуфтам, устозе аст, ки бо вай дар Ироқ мулоқот кардам». Пас Авзоӣ бедиранг гуфт: «-Ин устозе аст бузургу шариф, бирав ва аз вай бештар биёмӯз. Дар ин ҷо буд, ки гуфтам:-Ин ҳамон Абӯҳанифа аст, ки Шумо қаблан бар вай тохтед. Баъд аз он, он гоҳ, ки Авзоӣ, дар Макка бо Абӯҳанифа (р) мулоқот кард, он масоилро бо вай дар миён гузошт, пас Имоми Аъзам (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) он масоилро бештар аз он чи, ки Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) ба нақл, аз эшон навишта буд, назди вай шарҳу тавсиъа доданд ва дар ин майдон уфуқҳои навинеро гушоданд ва маҷлис ба дарозо кашид. Баъд аз он мулоқоти худ, Авзоъӣ ба Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) гуфт:

«-Бар вай ғабта (ҳасад ва бахилӣ) хӯрдам, ба касрати илму вуфур (фаровонӣ ва бисёрӣ)-и ақлаш ва аз Худои таъоло бар он чи, ки дар бораи вай гуфтам-омӯрзиш металабам. Ба ҳақиқат, ки ман дар иштибоҳе ошкор будам, пас домани ин мардро маҳкам гир, зеро ӯ бар хилофи он чизе аст, ки ба ман расонидаанд».

Ва чун донишу вараъ (парҳезгорӣ)-и азими Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) ба Ибни Ҷареҳ расид, гуфт: – Гумон мекунам, ки вайро дар илм шаъне аҷиб рӯй медиҳад. Ва рӯзе касе дар назди вай ғайбати Имом Абӯҳанифа (р)-ро кард, пас гуфт:-Сокит бошед! Ба ҳақ, ки ӯ фақеҳ аст, ба ҳақ ки ӯ фақеҳ аст, ба ҳақ ки ӯ фақеҳ аст!

Ва Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (муассиси мазҳаби ҳанбалия, С.Б.Б). раҳамуллоҳ дар бораи шахсияти Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Ӯ дар вараъ (тақво, парҳезгорӣ, порсоӣ-С.Б.Б) ва зӯҳду гузиниш (интихоб)-и охират бар дунё, дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки касе ба вай намерасад ва ҳар оина ҷабру тозиёнаи Халифа Мансурро барои радди мансаби Қазоват ба ҷон харид, аммо тан ба ин кор надод, пас раҳмату ризвони Худои ъазза ва ҷалл бар вай бод!»

Ва чун аз Язид ибни Ҳорун (р) дар бораи мутолиаи кутуби Имом Абӯҳанифа (р) пурсиданд, гуфт: «-Дар кутуби вай бингаред, зеро ман ҳеҷ фуқаҳоеро надидаам, ки аз нигаристан дар қавли вай кароҳият дошта бошад».

Ва Саврӣ (р) ба ҳадде муштоқи кутуби Имом Абӯҳанифа (р) буд, ки ба ҳила китоби раҳн (васиқа, гарав)-и эшонро аз касе гирифт, то аз он нусхабардорӣ кунад. Ва низ чун ба вай гуфтанд, ки: раъйи Моликро аз раъйи Абӯҳанифа (р)-дӯсттар дорӣ? Гуфт:

«-Ҳадиси Молик (р)-ро бинависед зеро ӯ раҷоли ҳадисро ба диққат бармегузинад (ӯ ҷамъкунандаи ҳадис аст), аммо фиқҳ санъати Абӯҳанифа (р) ва ёрони ӯ аст, гӯё ки онон барои фиқҳ аз ҷониби Худо офарида шудаанд».

Хатиби Бағдодӣ (р) аз яке аз аима (имом)-и зӯҳд ривоят мекунад, ки гуфт: «-Бар аҳли Ислом воҷиб аст, то дар намозҳои хеш бар ҳаққи Абӯҳанифа Имоми Аъзам (р) дуои хайр кунанд, зеро ҳам ӯ буд, ки суннат ва фиқҳро барои эшон ҳифз кард».

Ва гуфт: «-Бадандешони тиҳамағзи вай ду дастаанд, яке ҳосидон ва дигаре нодонон, ки шахсияти табарруки вайро ба дурустӣ нашинохтаанд. Ва назди ман ин дастаи дуввум маъзуртаранд».

Ва гуфт: «-Ҳар кас мехоҳад аз хорӣ, ҷаҳлу кӯрӣ, берун ояд ва ҳаловати фиқҳро дарёбад, пас дар кутуби Абӯҳанифа Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ раҳамуллоҳ бингарад».

Ва Маккиӣ ибни Иброҳим (р) гуфт: «-Абӯҳанифа (р) аълами аҳли замони хеш буд».

Ва Яҳё ибни Саъди Қаттон (р) гуфт; «-Накӯтар аз ройи Абӯҳанифа (р) нашнидаам». Ва аз ин ҷиҳат ӯ дар фатвои хеш доим қавли Абӯҳанифа (р)-ро тарҷеҳ медод.

Ва Назр ибни Шамил (р) мегӯяд: «-Мардум аз фиқҳ дар хоб буданд, то он, ки Абӯҳанифа (р) бо талошҳои барҳақаш, ки дар арсаи истихроҷ (кашфу таҳлил), табйин (рӯшангарӣ, баёни матлабе ба возеҳӣ ва равшанӣ)-у талхиси фиқҳ анҷом дод, эшонро бедор кард (то ҳақро аз ботил фарқ карда тавонанд,-С.Б.Б).

Ва Мусаъар ибни Кудом (р) мегӯяд: «-Ҳар кас Абӯҳанифа (р)-ро дар миёни худ ва Худо қарор диҳад, умедворам, ки тарсе бар вай набошад ва дар эҳтиёт дар ҳақи худ кӯтоҳӣ накарда бошад».

Аз Ибни Мусаъар (р) пурсиданд, ки: «-Чаро раъйи ёрони Имом Абӯҳанифаро фурӯ гузоштаву ба раъйи вай мутамассик гардидӣ?» Гуфт: «Ба далели сиҳҳатии раъйи вай ва агар ҷуз ин аст; саҳеҳтар аз онро наздам биёваред, то ҳамонро баргирам».

Ибни Муборак (р) мегӯяд: «-Ибни Мусаъарро дар ҳалқаи дарси Абӯҳанифа дидам, ки аз вай масъала мепурсид ва аз маҳзараш истифода мебурд ва ҳам ӯ гуфт: «-Фақеҳтар аз Имом Абӯҳанифа (р) касеро надидаам».

Исо ибни Юнус (р) мегӯяд: «-Касеро, ки дар ҳақи Абӯҳанифа (р) забон, ба бадгӯӣ дароз мекунад, тасдиқ накунед, зеро ки ба Худо савганд, ман беҳтару фақеҳтар аз вай касеро надидаам».

Муаммар (р) мегӯяд: «-Ман шахсеро битавонад ба оростагӣ, дар фиқҳ, сухан бигӯяд ва битавонад ба некӯӣ қиёс кунад ва ба некӯӣ Ҳадиси набавӣ (с)-ро олимона шарҳ диҳад ва дар ин арса, дар авҷи пойгоҳи маърифат бошад, чун Имом Абӯҳанифа надидаам».

Фазл (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) фақеҳе буд саромад (асосгузор) бар фиқҳ, машҳур дар вараъу зӯҳд, мутамкин дар мол, сабур, бар омӯзиши илм, дар шаб ва рӯз, камҳарф (камгапу ором) то ба он ҳад, ки ҳеҷ масъаларо дар ҳалолу ҳаром эрод намекард, магар бар мабонии ҳақ ва низ гурезанда аз султон буд».

Абӯюсуфи Яъқуб (р) мегӯяд: «-Ман, қабл аз падару модари худам, дар ҳақи вай (яъне, Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу) дуо мекунам. Дар ҳоле, ки аз вай шунидам, ки мегуфт: «-Ман барои устозам Ҳаммоди Абӯсулаймони фақеҳ, ҳамроҳ бо падару модарам дуо мекунам».

Ва низ гӯяд, Абӯюсуфи Яъқуб, ки: «-Худои мутаъол Абӯҳанифа (р)-ро ба фиқҳу амал ва саховату базл ва ахлоқи Қуръоние, ки дар вай буд, зиннат дода буд».

Ва низ Абӯюсуфи Яъқуби Қозиюлқуззот гуфт: «-Ба ҳақ, ки халиф (халифа, солеҳ шоиста)-ус-сидқ (содиқ ва бовафову садоқатманд)-и гузаштагони дин буд ва ба Худо савганд, ки дар тамоми рӯи Замин ҷонишине ҳамчун ӯ, барои бузургони дин падид наёмад». (Бале, кулли аимаву уламо ва фуқаҳову бузургони дин ва илму маърифат, ки баъди Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳум, то ба имрӯз зуҳур кардаанду мекунанд ва хоҳанд кард, ҳама ба ҷумлагӣ мурид ва резахӯрони дастурхони пурфайзу эҳсони илму ҳикмати ӯ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд, зеро ки ӯ меъмори шоистаи бузургкохи бегазанди илми фиқҳ, дар шариати ғуррои Муҳаммадия (с) буду ҳаст ва хоҳад монд, то ба ҷовидонаҳо, ки Худованд, пас аз Расули акрам (с), чаҳор ёрони гиромии он Ҳазрат (с) ва саҳобаи киромии эшон (с) маҳз-Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳро нахуст-кашшофи илми фиқҳ ва мушкилкушои илмушшариат ва «Чароғи уммат»-и Расули гиромиаш (с) қарор додааст ва гавҳари поки илму маърифатро зиёда ба ӯ арзонӣ доштааст.-Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳҳр).

Аъмашро аз масъалае пурсиданд гуфт: «Ҷавоби ин масъаларо фақат Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит медонад ва гумон мекунам, ки барои вай, дар амалаш баракат ниҳодаанд».

Ва Яҳё ибни Одам (р) гуфт: «Қазовати Шумо дар бораи ин гурӯҳе, ки забон ба айбҷӯии Имом Абӯҳанифа (р) олоянд, чист? Назари ман ин аст, ки: – Ӯ барои эшон аз илм (дарёеро овард, ки бар баъзе аз амвоҷи он савор шуда метавонанд ва бар баъзе дигар наметавонанд) баъзеро дарк карда метавонанд ва баъзеро дарк карда наметавонанд, ҳам аз ин рӯ, бар вай ҳасад варзидаанд».

Вақиъ гуфт: «-Фақеҳтар аз Абӯҳанифа касеро надидаам ва на касеро некӯтар аз вай дар намоз хондан».

Ва Имом Ҳофизи Ноқид Яҳё ибни Маъин (р) гуфт: «Фуқаҳо чаҳор тананд: – Абӯҳанифа ва Сӯфён ва Молик ва Авзоӣ».

Ва низ аз вай нақл шудааст, ки гуфт: «-Қироат дар назди ман, қироати Ҳамза аст ва фиқҳ-фиқҳи Имом Абӯҳанифа. Ва аҳли тахассусу маърифатро бар ин доварӣ дарёфтаам».

Ва аз вай савол кардаанд, ки оё Сӯфён, аз Абӯҳанифа ҳадис ҳам ривоят карда? Гуфт: «-Бале! Абӯҳанифа дар фиқҳ сақа (боэътимод) ва судуқ (рострав) буд ва дар ҳадис амонатдор, бар дини Худо».

Ва Ибни Муборак (р) гуфт: «-Ҳасан ибни Амораро дидам, ки рикоби Абӯҳанифаро гирифта буд, дар ҳоле, ки мегуфт: «Ба Худо савганд, аҳадеро надидам, ки балеғтар, собиртару ҳозирҷавобтар, аз ту, дар асри ту, дар фиқҳ сухан бигӯяд, бешак, ки ту сарвари ҳамаи ононе ҳастӣ, ки дар асри ту, дар фиқҳ сухан гуфтаанд ва инро на аз боби дифоъ, аз ту мегӯям, балки ҳақеро, ки бояд -эълом кард, изҳор медорам ва сухан намегӯянд алайҳи ту, магар ба ангезаи ҳасад».

Шаъаба (р) мегӯяд: Ба Худо савганд, ки ӯ дар ҳадис накӯфаҳму ҳафизе мумтоз буд, савганд ба Худо, ки дар он чизе бар вай хӯрда мегиранд, ки ӯ аз эшон дар он донотар буд, онон дар назди Худои аъзза ва ҷалл посухгӯй хоҳанд буд, Худое, ки бар вай чи бисёр меҳрубон буд».

Яҳё ибни Маъинро аз вай пурсиданд, гуфт: «-Имоме аст, сақа ва нашнидам, ки касе ӯро заиф пиндорад, бингаред, ин шӯъба аст, ки барои вай иҷозанома менависанд, то Ҳадис бигӯяд ва ба вай дар ин маврид дастӯр ҳам медиҳад, аммо ӯ, аз шӯъба ҳам сабқат гирифта аст».

Ва Абӯаюби Сахтиёнӣ, низ Имом Абӯҳанифа (р)-ро ба салоҳу табаҳҳур (тааммуқ дар баҳри маърифат, маҳорат, устодӣ), дар фиқҳ тавсиф кард.

Дар назди Ибни Авн, бар Имом Абӯҳанифа (р) хӯрда гирифтаанд, ки ӯ имрӯз сухане мегӯяд ва сипас фардо аз он руҷӯъ мекунад, дар посухашон гуфт: «-Ин худ далели вараъу зӯҳди вай аст, зеро ӯ аз хато ба сӯи савоб руҷӯъ мекунад ва агар вараъи вай набуд, ҳар оина аз хатояш дифоъ мекард ва бар мавқуфаш исрор меварзид».

Ва Ҳаммод ибни Язид (р) гуфт: «-Мо дар маҷлиси дарси «Ҳадиси»-и Умар ва Ибни Динор меомадем, пас чун Абӯҳанифа ба мулоқоти вай меомад, ба сӯи ӯ рӯ меовард ва моро во медошт, то суолотамонро аз ӯ бипурсем, пас мо мепурсидем ва ӯ барои мо Ҳадис мегуфт».

Ҳофиз ибни Абдулазиз ибни Абӯравод (р) мегӯяд: «-Ҳар кас дӯстдори Абӯҳанифа аст, пас ӯ суннӣ аст ва ҳар кас Абӯҳанифаро душман медорад, пас ӯ ба таҳқиқ бидъатӣ аст ва уммати Пайғамбар (с) нахоҳад буд!» Ва дар ривояте дигар аз вай омадааст: «-Миёни мо ва миёни мардум малок (аз асли ҳар чиз, инҷо асли масъала ва меъёру андоза аст) амри Абӯҳанифа аст, пас ҳарки дӯстдори Абӯҳанифа ва аҳли вилояти фақеҳии вай аст, медонем, ки ӯ аз аҳли Суннат ва ҷамоъат аст ва ҳарки Абӯҳанифаро душман бидорад, медонем, ки ӯ аз аҳли бидъат аст».

Ва Хориҷа ибни Мусаъар (р) гуфт: «-Абӯҳанифа (р) дар миёни фуқаҳо ҳаммонанди сутунаи оҳании маркази санги осиё аст ва ҳаммонанди наққод (пули сараро аз носара ҷудокунанда)-е аст, ки тиллоро аз ғаш ҷудо месозад».

Ва Ҳофиз Муҳаммад ибни Маймун (р) гуфт: «-Дар замони Абӯҳанифа (р) касе донотар, парҳезгортар, зоҳидтар ва фақеҳтар аз вай набуд, ба Худо савганд, ки агар ӯ сад ҳазор динори сурх ба ман медод, он чунон хуш надоштам, ки аз вай Ҳадисе бишнавам ва аз маҳзараш баҳра барам».

Иброҳим ибни Муовият Аз-Зарир (р) мегӯяд: «-Дӯст доштани Абӯҳанифа мутаммим (комилкунанда, тамомкунанда)-и суннат аст. Ӯ буд, ки адолатро васф мекард ва худ низ дар қавлу амал муттасиф (дорандаи сифате) ба он буд ва ӯ буд, ки барои мардум шоҳроҳи илмро табйин намуда ва мушкилоти онро барояшон возеҳ сохт».

Ва Асад ибни Ҳаким (р) гуфт: «-Забон бар мазаммати вай (Абӯҳанифа) намеолояд, магар ҷоҳил ё бидъатгузоре». Ва Абӯсулаймон гуфт: «-Абӯҳанифа аз аъҷӯба ҳам аҷибтар буд, пас аз сухани вай касе рӯй бармегардонад, ки бар дарки он тавоно набошад».

Ва Абӯосим (р) гуфт: «-Ба Худо, ки ӯ (Абӯҳанифа) наздам фақеҳтар аз Ибни Ҷареҳ (р) аст, чашмонам марде тавонотар аз вайро дар арсаи фиқҳ надида аст».

Ва дар маҷлиси Довуди Тоӣ, зикри вай (Абӯҳанифа) рафт, пас гуфт: «-Ӯ ситорае аст, ки аз вай роҳёб тавон шуд ва илме аст, ки дилҳои муъминононро мепазирад».

Ва Шарики Қозӣ (р) гуфт: «-Абӯҳанифа (р) сукӯте тӯлонӣ, тафаккуре бисёр ва диққати назаре аҷиб, дар фиқҳ дошт, беруноварандаи масоили пинҳонию зариф, дар майдони илму амал ва муноқиша буд, агар шогирдаш фақир (камбағал) мебуд, ӯро дар моли дунё низ тавонгар масохт ва чун аз фарогирии илм фароғат меёфт, ба вай мегуфт: «-Инак ба шинохти ҳалолу ҳаром, ба ғанойи акбар расидӣ!»

Ва Халиф ибни Аюӯб гуфт: «-Илм, аз Худои таъоло, ба Муҳаммад (с) расид ва сипас, аз эшон ба ёронашон (р) ва сипас, аз онон ба тобиъин (р) аз ҷумла ба Абӯҳанифа (р) ва сипас ба ёрони Абӯҳанифа ва пайравонаш мунтаҳӣ гардид, пас ҳар ки мехоҳад, хуш бошад, ва ҳар ки мехоҳад, нохуш бошад». (Яъне, ба имони фардӣ, вобаста аст, ки ӯ ҳақро, яъне, роҳи Имоми Аъзам Абӯҳанифаро интихоб карда ва ё ботилро, яъне, роҳи шайтонро-С.Б.Б).

Барои яке аз аима гуфтанд: «Чаро вақте номи Абӯҳанифа бурда мешавад, ӯро ситоиш мегӯӣ, аммо аз дигарон, ки бурда мешавад, чизе дар мадҳашон намегӯӣ?» Гуфт; «- Зеро, ки манзалати Имом Абӯҳанифа (р) дар баҳраҳое, ки мардум аз илми вай гирифтаанд, чун манзалати дигарон паст нест. Пас аз ин ҷиҳат махсусан ӯро ёд мекунам, то мардум ба дуои нек, дар ҳақи вай мутамоил гарданд». 62-63-73. Хатиби Бағдодӣ, аз Ибни Муборак (р) ривоят мекунад, ки гуфт: «-Оқилтар аз Имом (Абӯҳанифа) касеро дар аҳди худ надидаам».

Ва аз Алӣ ибни Осим (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Агар ақли Абӯҳанифаро бо ақли нисфи аҳли Замин вазн мекарданд, қатъан ақли вай бар ақли онон бартарӣ меёфт». Ва аз Маҳаммад ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Ақлу хиради Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ дар гуфтор, кирдор, рафтор, пиндор ва дар омадан ва берун омаданаш намоён буд». (Яъне, ба ҳамон маънӣ, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ нишонаи барҷастаи инсони комил ва ормонӣ, дар рӯи Замин будаанд-С.Б.Б).

Ва аз Хориҷа (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «-Бо ҳазор тан, аз уламо мулоқот кардам, пас аз миёни онон се ё чаҳор танро дар ақли комил ёфтам. Ва Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ)-ро дар саввумин ё чаҳорумин нафари онон ёд кард».

Ва Абӯюсуфи Яъқуб мегӯяд: «-Касеро оқилтар, ҷавонмардтар, баландҳимматтар ва бомуруваттар, аз Имом Абӯҳанифа (р) надидаам». Ва ривоят шудааст, ки рӯзе дар маҳзари Халифа Ҳорун Ар-Рашид (р) зикри маноқиби Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) рафт, пас Ҳорунро бар эшон дил сӯхт ва гуфт: «-Ӯ бо чашми хиради хеш умуреро медид, ки дигарон бо чашми сари хеш онро намедиданд».

Ҳаммод, фарзанди Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) ҳикоят мекунад, ки: «-Падарам дар масҷид нишаста буду худро бо ҷомааш дар печида, дар ин ҳангом аз сақфи масҷид море бузург дар гардани вай афтод, аммо ба Худо савганд, ки ӯ на ваҳшатзада шуд ва на аз ҷояш бархост, балки гуфт: (-Лан юсибано илло мо катабаллоҳу лано-Ҳаргиз намерасад ба мо магар ончи, ки Худо ба мо муқаддар намуда аст,) пас ба дасти чапи хеш морро гирифт ва онро аз хеш дур афганд». Ва дар китоби «Салоти Масъӯдӣ» омада, ки: «-Имоми Аъзам (р) он морро ба наълайни муборакашон, ба як зарбае, ки ба сараш заданд, ҷон ба ҳақ таслим кард, ки вазнаш ба чанд санги тарозу буд.

Ва Имом Абдуллоҳ ибни Идриси Шофеъӣ (р) мефармоянд: «-Занон аз тавлиди марде, оқилтар аз Абӯҳанифа, ба по нахестаанд». Ва Бакр ибни Ҳубайш (р) мегӯяд: «-Агар ақли вай (яъне, Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) ва ақли аҳли замонашро ҳама якҷо кунанд, бе гумон ақли вай бар ақли ҳамагишон бартарии том меёбад». 62-92-93.

Асҳоби маноқиб, дар караму саховати Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) иттифоқи назар доранд. Зеро ба дурустӣ нақл гардида, ки он Имом (Абӯҳанифа) раҳамуллоҳ сахитарин, ҷавонмардтарин кас, бо ҳамнавъону ҳамсоягон ва алалхусус бо ёрону ҳамнишинони хеш буд. То бад он ҷо, ки эшон касеро, ки мӯҳтоҷи никоҳ мебуд, зан медоданд ва тамоми махориҷи (харҷ) онро мепардохтанд ва пайваста барои ҳар як, аз ёрони хеш, ба қадри манзалату ҷойгоҳи он ҳадя ва тӯҳфа мефиристоданд.

Ва бар тани яке аз ҳамнишинони хеш ҷомаи кӯҳнаву фарсуда диданд, пас ба вай гуфтанд: «-Маро ба ту ҳоҷате аст, дарин ҷо биншин то мардум мутафарриқ (пароканда) шаванд». Пас чун аҳли маҷлис бархостанд, Имоми Аъзам (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) барояш гуфт: «-Он чиро, ки дар зери он ҷойнамоз аст, бигир ва ба он ҷомаи ороста муҳайё кун ва сару сомон бигир, ки Ислом иффат ва озодагиро мехоҳад». Мард маблағеро, ки дар зери ҷойнамоз буд, бардошт ва бо камоли тааҷуб дид, ки он маблағ, як ҳазор дирҳам аст.

Абӯюсуфи Яъқуб (р) мегӯяд: «-Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ), дар ҳеҷ ҳоҷате ба ёрӣ фарохонда намебуд, магар ин ки он ҳоҷатро раво месохт ва он гоҳ, ки Ҳаммод, ягона фарзандаш сураи «Фотиҳа» (Алҳамд)-ро хатм кард, ба муаллими вай понсад дирҳам ва ба қавле нӯҳсад дирҳам ва ба қавле ҳазор дирҳам ҳадя, ба сифати ҳаққузаҳми ӯ фиристод, муаллим гуфт: «-Охир ман чӣ кор кардам, ки ин маблағи бузург бароям фиристода мешавад? Пас Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) вайро фарохонда ва аз вай узрхоҳӣ намуд ва фармуд: «-Ончиро, ки ба фарзандам омухтаӣ, ҳақир машмор! Ба Худо савганд, ки агар ба мо бештар аз ин ҳам мебуд, барои таъзими Қуръони Карим онро ба Шумо эҳдо мекардем».

Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) одат дошт, ки фоидаи молут-тиҷораро, ки аз Кӯфа, ба Бағдод мефиристоданд, сол ба сол ҷамъоварӣ мекард ва бо он ҳавоиҷи асотиди муҳаддис аз қабили хӯроку пӯшок ва ғайраро харидорӣ менамуданд ва сипас боқимондаи он пулро низ ба он шуюх (шайхҳо ва устодони бузурги илму маърифат, муфассирон, муҳаддисон ва мубаллиғону муҷтаҳиддини гиромӣ-С.Б.Б)-и гиромӣ (р) эҳдо мекарданд ва мефармуданд (Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳ): «-Ин маблағро дар ҳоваиҷ (ҳоҷат)-и хеш ба масраф расонед ва ҷуз Худои мутаъол, касе дигарро ситоиш нагӯед, зеро, ки ман аз моли худам ба Шумо надодаам, балки ин самараи фазли Илоҳӣ аст, ки онро бар дасти ман ҷорӣ мегардонад».

Ва Вақиъ (р) мегӯяд: – Абӯҳанифа (р) бароям гуфт: «-Чиҳил сол аст, ки маблағе беш аз чаҳор дирҳамро молик (яъне, соҳибӣ) нагардидаам, магар  инки  онро  дар  роҳи Худо (ҷалла ҷалолаҳу) инфоқ (нафақа) кардам».

Далел инки агар Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) маблағи чаҳор ҳазор дирҳамро назди худ нигоҳ медоштанд, ин сухани Алӣ карамаллоҳу ваҷҳа буд, ки фармуд: «Чаҳор ҳазор дирҳам нафақаи шахс аст». Ба ҳамин ҷиҳат Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) фармуд: «-Ва агар наметарсидам, ки ба ин гурӯҳ… (манзури эшон ҳокимони ҷоҳил ва инсонҳои уммушайтон буд) мӯҳтоҷ мегардам, ки ҳатто як дирҳамро назди худ нигоҳ намедоштам».

Ва Фазил (р), ки яке аз аимаи дигари аҳли зӯҳду ирфон аст, мегӯяд: «-Абӯҳанифа раҳамуллоҳ, ба бисёрии фазлу карам, қиллати калом ва таҷлилу эҳтироми илму аҳли илм басо маъруф буд».

Ва уламову аимаи (имомон) дин, дар тавсифи Имом (Абӯҳанифа) раҳамуллоҳ мегуфтанд: «-Ӯ зиннати Худои мутаъол аст, бо илму амал ва сахову базли худ ва ахлоқи «Қуръонӣ»-и хеш».

Мусаъар (р) мегӯяд: «-Ҳаргиз барои худ (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) ва аҳли байташ ҷома ё мева ё чизи дигаре намехарид, магар ин ки қабл аз он, барои асотиду уламо, монанди онро харидорӣ ва баъд нафақаи аҳли хонаи худро мепардохт».

Ва Абӯюсуфи Қозӣ (р) мегӯяд: «-Аз ин ки дар баробари ҳадоёи (ҳадяҳо) вай сипосгузорӣ шавад, ғамгин мешуд ва мегуфт: «-Сипос Ҳақ таъолоро бинамоед, зеро он чи аз дасти ман дарёфт кардед, ризқе буд, ки Худои таъоло ба сӯи Шумо фиристод». Ва ҳам Абӯюсуф, (р) мегӯяд: «-Бист сол, тамоми махориҷи ман (Имом Абӯюсуфи Яъқуб шогирди Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ буд-С.Б.Б) ва афроди таҳти такаффул (ӯхдадории умури марбут ба касе, ки аз назари қонунӣ эҳтиёҷ ба кафил дорад, ҷамъи кафил-С.Б.Б)-и манро мепардохт ва чун ба вай мегуфтам: – Ҷаводтар (ҷавонмардӣ, бахшишу карам) аз Шумо касеро надидаам!

Мегуфт: «-Чӣ гуна аст, агар ҷуд (бахшиш, саховатмандӣ)-у сахои устодам Ҳаммод ибни Абӯсулаймони фақеҳро бубинӣ, ки ҷомеътар аз вай раҳамуллоҳ, дар хислатҳои писандида, ҳеҷ касеро надидаам? 62-84-87.

Ҳорунаррашид, ки аз баёни хасоили басо некӯи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) сахт дар тааҷҷуб ва тааммул фурӯ рафта буд, сар бардошт ва гуфт: «-Бешак, ки ин ахлоқ ахлоқи некону солеҳон аст». 62-127.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), чуноне, ки қаблан зикр шуд, аз ҷумлаи тобиъини гиромӣ ҳастанд ва эшон «Ҷамоате аз саҳоба ризвоналлоҳу алайҳимро дидаанд ва ин имтиёзе аст бузург, чӣ дар Ҳадиси саҳеҳ, аз чандин тариқ ривоят шуда аст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд:

«-Хушо ба ҳоли он кас, ки маро дид. Ва хушо ба ҳоли он кас, ки дид он касро, ки маро дида аст ва хушо ба ҳоли он кас, ки дид онкасро, ки дида аст онкасро, ки маро дидааст».

Ва аз ҷумлаи ин сифат, яке ин аст, ки Имоми Аъзам (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) дар қарни Расулуллоҳ (с) мутаваллид гардидаанд ва ин низ имтиёзе аст бузург, чӣ аз тариқи бисёрӣ, аз он Ҳазрат (с) ривоят шуда аст, ки фармудаанд: «-Беҳтарин мардум, мардуми қарни мананд, сипас ононе, ки ба дунболи эшон меоянд, баъд аз он ононе, ки ба дунбол-дунболи эшон меоянд».

Ва дар ривояте дигар аз Имом Муслим (р) омада аст, ки он Ҳазрат (с) фармудаанд: «-Беҳтарин мардум, мардуми қарнеанд, ки ман дар онам, сипас қарни дуввум, сипас қарни саввум». 62-61-62.

Ва аз ҷумлаи ин сифат, яке ин аст, ки Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) дар асри тобиъин иҷтиҳод намуд ва фатвои илми ҳақ дод, балки он гоҳ, ки Аъмаш (р) озими «Ҳаҷ» буд, ба сӯи вай кас фиристод, то маносики (усул ва одоби ибодат ва зиёрати ҳаҷро барояш бинависад ва мегуфт (Аъмаш раҳамуллоҳ): «-Маносик (ибодатҳо; аъмоле, ки дар ҳангоми ҳаҷ анҷом медиҳанд монанди эҳром бастан тавофи Каъба; давидан байни Савофу Марва, иқомат дар Арафот, санг ба шайтон задан, қурбонӣ, зиёрати равзаи мубораки Расули акрам саломуллоҳу алайҳ ва ғайра-С.Б.Б)-ро ба таври саҳеҳ, аз Абӯҳанифа бинависед, зеро ман касеро аз вай донотар, ба фарзу нафл ва воҷиботи маносик ва мустаҳабот намедонам».

Пас бингаред, ба ҳамчун шаҳодате барои вай аз Имоме фозил ба пояи Аъмаш Раҳамуллоҳу алайҳ.

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёти мазкур, ривояти бузургон ва асотиди он Имом (Абӯҳанифа) раҳамуллоҳ ва ғайри эшон, аз пешиниён ва пешкасватон мусаллам, арсаи илму ирфон, аз эшон аст, ҳамчун Умар ва Ибни Динор (Молик, Аъмаш, Иброҳими Адҳам, Иброҳими Нахъӣ, Мусаъар (ё Мисъар), Довуди Тоӣ, Ҳаммоди Фақеҳ Ибни Абӯсулаймон, Ибни Муборак, Сӯфёни Саврӣ, Фазил, Имом Ҷаъфари Содиқ разиаллоҳ, ва ғайра) ва чӣ фазле бузургтар аз ин аст, ки устод (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ басо хоксорона), барои шогирдаш, шогирдӣ намояд.

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёт, бисёрии ёрони эшон аст, ки ин хусусият насиби касе баъд аз эшон нашуда аст, чунон ки гузашт. Марде назди Вақиъ (р) гуфт:

– Абӯҳанифа хато кардааст.

Пас Вақиъ (р) бар вай бонг зад ва гуфт:

 «-Сокит! Ки гӯяндаи чунин суханон монанди чаҳорпоён аст, балки ӯ аз чаҳорпоён ҳам гумроҳтар мебошад, чӣ гуна Абӯҳанифа (р) хато мекунад ва дар назди вай аимаи бузург чун Имом Молик (р), Абӯюсуф ва Имом Муҳаммад (р) дар фиқҳ, Абдуллоҳ ибни Муборак (р), Сӯфиёни Саврӣ (р) ва ғайра … (аз онон ба ном ёд кард) дар Ҳадис ва аимае чун Иброҳими Адҳам (р), Аъмаш (р) ва фалону фалон… (аз онон ба ном ёд бурд) дар забон ва адабиёти Араб ва аимаи зӯҳду вараъ, чун боз Абдуллоҳ ибни Муборак (р), Фазил (р), Довуди Тоӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ (р) ва боз Аъмаш, Иброҳими Адҳам ва ғайра вуҷуд дорад, ва ҳар кас ёроне ҳамчун ин гурӯҳ дошта бошад, мумкин нест, ки хато кунад, зеро агар ӯ ба хато равад (уммати паёмбар салъам, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешуд), онон вайро ба ҳақ мегардонанд.

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёт он аст, ки Имом Абӯҳанифа (р) аввалин касе буд, ки илми фиқҳро тадвин ва онро ба абвобу кутуб ва фусулу бахшҳо тартиб кард ва муназзам сохт ва такмил дод, бар ин наҳве, ки мо имрӯз мулоҳиза мекунем, ба таври як ба як Имом Молик раҳамуллоҳ, дар «Муатто»-и хеш, аз вай табъият кард, дар хеле, ки аимаи қабл аз Имом (Абӯҳанифа) раҳамуллоҳ фақат бар ҳофизаи хеш, ба таври шифоҳӣ муттакӣ буданд.

Ва низ Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) аввалин касе аст, ки дар таърихи Ислом китоби фароиз, китоби ақоид ва китоби шурут (аз шарт; яъне, қарор, паймон, аҳд, амр ва қавле лозима-С.Б.Б)-ро вазъ кард.

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёт, интишор (паҳн гардидан, нашр кардан, густариш)-и мазҳаби Имоми Ҳумом Абӯҳанифа (р) аст, дар қаламравҳое, ки ҷуз мазҳаби ҳанафӣ (мазҳаби Имоми Аъзам разиаллоҳ), дигар мазҳабе дар онҳо нест, чун қаламравҳои Ҳинду Синд, Чин, Рум, Афғонистон, Покистон, Мовароуннаҳр (ҳамчунин ҷамоҳири кунунии тоторзабон ва туркигӯи кишвари Русияи бузург).

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёт, ки инфоқ (нафақа додан)-и Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ буд, бар худ ва бар уламои дигар, аз маҳсули дастранҷи хеш ва инки ӯ ҳеҷ ҳадя ва ҷойиза ва мукофотро напазируфт.

Ва аз ҷумлаи ин хусусиёт, марги мазлумона (бале, Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳ чун Исои Масеҳ саломуллоҳ, ва чун Ҳазрати Усмон (р), Ҳазрати Алӣ (ъ-с), Ҳазрати Имом Ҳасан ва Ҳазрати Имом Ҳусайн (ъ-с), 76-тан шаҳидони поки дашти Карбало, Шайх Мансури Ҳаллоҷ (р), ва дигар инсонҳои комил мавриди озмоиши Ҳақ таъоло қарор гирифта буд, ки басо шуҷоатмандона ва басо маҷнуну шайдо ва масту махмур, аз ҷамоли Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дунёи пурфитнаи инсониро тарк гуфт ва бо амри Худованди ҷалла ҷалолаҳу рӯҳи   мубораки ӯ сӯи биҳишти анбарсиришт ба аъло ъилиййин парвози пуравҷ кард. (Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр) Имом Абӯҳанифа (р) буд, ки аз ҷавру ситам ва азобу шиканҷаҳо ва зарби дарраҳои хуношоми Халифа Мансури ҷоҳил, дар зиндони Бағдод-маркази хилофати Аббосиён, ба шаҳодат расид, басо мардона!

Албатта ин сифот ва хусусиёт, мазид (афзӯнӣ, зиёдӣ) бар ҳамаи авсофи мумтози дигаре чун: касрат (бисёрӣ, фаровонӣ)-и ибодат, касрати Ҳаҷу умра, зӯҳду вараъ, хориқуллоддаи эшон аст, ки ба тавотур (пай дар пай), ба исбот расидааст… 62-61-63.

…Ва Фазил (р) гуфт: «-Имом Абӯҳанифа (р) шахсияте бо ҳайбат (салавотбаланд) ва муваққар (матин) дошт, ҷуз дар ҷавоби суоли дигарон сухан намегуфт ва дар ончи, ки муфид ва фоида набуд фурӯравӣ намекард ва на ҳам ба суханони беҳуда гӯш фаро медод» (бале, фурӯтанӣ, меҳрубонӣ, пуртавозӯъ будан ва порсоӣ хоси мардуми ориёист ва Имом Абӯҳанифа (р), ки форсист, яъне, аз тоҷикзабонони Кобул буданд, пуртақвову хомӯш буданд ва ҳар нафаси мубораки худро ғанимат дониста, бештар, ба зӯҳду вараъ машғулият доштанд ва беҳтарин авқоти эшон кашфи масоили шаръӣ ва адову иҷрои фарзи қоим ва фарзи доим будааст-С.Б.Б).

Касе аз Имом Абӯҳанифа (р) пурсид, ки кадом як аз ин ду Имом беҳтаранд, Алқама (р) ё Асвад (р)? Фармуд: «-Ба Худо мартабатам беш аз ин нест, ки эшонро ҷуз ба дуо ва талаби омӯрзишу бузургӣ ёд кунам, пас чӣ гуна метавонам якеро бар дигаре бартарӣ диҳам?»

Ва Ибни Муборак (р) барои Сӯфёни Саврӣ (р) гуфт: «-Чӣ қадар Абӯҳанифа аз ғайбат дур аст, ҳаргиз надидаам, ки ғайбати душмани худро бикунад!»

Абӯсӯфёни Саврӣ (р) дар посухи вай гуфт: «-Ба Худо, ки ӯ оқилтар аз он аст, ки бар савобҳо ва ҳасаноти хеш чизеро мусаллат созад, ки онро пок аз миён бардорад, ӯ чи сон бо ғайбати дигарон савобҳояшро барбод медиҳад?»

Шарик (р) мегӯяд: «Абӯҳанифа (р) сукуте сангин ва тӯлонӣ ва хираду фақоҳате бисёр васеъ дошт, бо мардум ӯ бисёр кам ба муҷодала мепардохт ва бо онон бисёр кам сухан мегуфт». (Бале, ба истиснои он лаҳазоте, ки бояд тири ҳақ ба сӯи ботил задан воҷиб бошад-С.Б.Б).

Ва шахсе бар Имом Абӯҳанифа (р) гуфт:-Бадхоҳонат дар пушти сарат суханатро мегӯянд, аммо ту дар бораи аҳаде лаб ба сухан тар намекунӣ? Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ин фазли Илоҳӣ аст, ки бар ҳар кас бихоҳад, мебахшояд».

Ва Бакир ибни Маъруф гуфт: «-Ҳеҷ мардеро дар уммати Ҳазрати Муҳаммад (с), некӯсираттар ва пурзӯҳду тақводортар ва фозилу хирадмандтар, аз Абӯҳанифа надидам, ки надидам».

Ва Маккиӣ ибни Иброҳим (р) мегӯяд: «-Бо аҳолии Кӯфа муҷоласат ва муонасат кардам, аммо дар миёни онон касеро парҳезгортар, аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа надидам».

Саҳл ибни Мазоҳим мегӯяд: «-Андар манзили Имом Абӯҳанифа, ба маҳзари вай меомадем, аммо дар он ҷуз бурёфарш дигаре намедидем».

Ҳасан ибни Солеҳ (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) дар вараъу тақво сахт пешрав буд, аз ҳаром ва олӯда шудан, ба он сахт тарсон буд, бисёрӣ, аз ҳалолҳоро аз тарси шубҳанок будани онҳо фурӯъ мегузошт, фақаҳеро худотарсу нигаҳбонтар, аз вай дар посдорӣ, аз нафс ва илмаш надидаам, ба Ҳақ, ки ҷиҳоду пайкори вай, ҳама барои ободонии охираташ буд».

Ва Язид ибни Ҳорун (р) мегӯяд: «-Аз ҳазор шайх (устод) таҳсили илм карда ва матлабу ривоят ва Ҳадис навиштаам, аммо дар миёни ин ҳазор тан шайх, парҳезгортару забоннигоҳдортар ва муҳаддистар аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа надидаам». 62-82-91.

Устод Абулқосим Қушайрӣ, дар рисолаи маъруфи худ, ки бузургтарин китоби сарварони мо аҳли тасаввуф қаддасаллоҳ арвоҳуҳум ҳаст, дар боби «тақво» мегӯяд: «-Абӯҳанифа (р) дар сояи дарахти қарздораш наменишаст ва мегуфт: «-Ҳар қарзе, ки мунқатеъро ба сӯи худ ҷалб кунад, пас он қарз рибоъ аст».

Ва изофа мекард: «-Аммо ман, ин амали худро бар мардум воҷиб намедонам, лекин олим бояд барои худаш, аз амалаш, бештар аз ҳадде, ки халқро ба сӯи он даъват мекунад, баргирад».62-82-91.

Вақиъ (р) мегӯяд: «-Абӯҳанифа амонатдори бузург буд». Абӯнаъим ва Фазил (р) низ гуфтаанд: «-Абӯҳанифа (р) накӯдиёнат буд ва басо азимуламонат». 62-82-91.

… Ва аз фаросату тезбинии Имом Абӯҳанифа (р) гуфтаанд, ки: – Ӯ зиёда пешгӯӣ, аз воқеоте мекард, баъдан он воқеот ба ростии қавли Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) амалӣ мешуданд, яъне ӯ саропо валии соҳибкаромот буд.

Аз ҷумлаи осори ин фаросот, пешгӯиҳои Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳаққи ҷамъе аз ёронашон буд, ки ҳама чунон, ки гуфта буданд, рӯнамо гардид. Ва Имом Зуфар ибни Ҳузайл ва Довуди Тоӣ, аз он ҷамъ буданд. Зеро Имом Абӯҳанифа (р), барои Довуди Тоӣ гуфт: « -Ту худро барои ибодати Ҳақ вақф мекунӣ». Ва чунон шуд, ки ӯ аз аимаи сӯфиёни замон гардид.

Ва аз он ҷумла буд Абӯюсуфи Яъқуб (р), ки Имом Абӯҳанифа (р) ба вай гуфт: «-Ту ба дунё гароиш меёбӣ!» Ва чунон шуд, ки Имом (р) фармуда буд… 62-82-91.

Имоми Аъзам (р) басо заковатманд ва ҳозирҷавоб будаанд. Аз ин боб аст, суоли марде аз бадхоҳони Имом Абӯҳанифа (р), аз эшон, ки гуфт: – Чӣ мегӯи дар бораи шахсе, ки орзу надорад биҳиштро ва наметарсад аз оташи дӯзах ва наметарсад аз Худои таъоло ва хӯрад гӯшти худмурдаро ва намоз мехонад, бидуни рукӯъу саҷда ва гувоҳӣ медиҳад ба он чи, ки онро надидааст ва аз ҳақ нафрат дорад ва фитнаро дӯст медорад ва аз раҳмат мегурезад ва яҳуду насориро тасдиқ мекунад?

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Оё ту аз шахси муайяне мепурсӣ, ки бар аҳволи он огоҳӣ дорӣ?»

Он мард гуфт: – Хайр! Фарди хосе мавриди назарам нест, лекин аз чунин кас навъе дар олам бадтар наёфтам, лоҷарам туро аз он пурсидам.

Имом Абӯҳанифа (р) ба ёронаш рӯ кард ва гуфт: «-Дар бораи чунин шахсе чӣ мегӯед?»

Ёрон гуфтанд: – Ин чунин шахсе – бадтарин фарди олам аст, зеро ин сифат, сифоти куффор мебошад.

Пас Имом Абӯҳанифа (р) табассум намудаву хитобан ба он мард фармуд:

«-Ин шахсе, ки ту бо ин авсоф (сифат) аз он ёд кардӣ, аз авлиёи барҳақи Худои таъоло аст». Сипас илова намуд:

«-Агар бар оят собит кунам, ки шахси мавриди назари ту валии Худои таъоло аст, оё забонатро аз бадгӯиям нигаҳ медорӣ ва киромалкотибинро аз ин дар заҳмати он чизе намеандозӣ, ки саранҷом зиёну вуболи он саранҷом мар турост?!

Мард гуфт: – Оре!

Пас Имоми Ҳумом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Он шахс орзӯи Биҳиштро надорад, аз он рӯ, ки орзӯи Парвардигори субҳон Биҳиштро дорад; аз Дӯзах наметарсад, чун аз Парвардигори яктову қодир дӯзах метарсад ва аз Худои мутаъол наметарсад, ки дар адолату салтанати мутлақаи хеш бар вай ситам намояд, яъне, аз ситами Худои таъоло наметарсад ва гӯшти моҳии худмурдаро мехӯрад, чунки ҳалол аст ва тайиб (покиза, тоҳир) ва намозро бидуни рукӯъу саҷда мехонад, он гоҳ, ки намози ҷанозаро мехонад, ё мурод ба салот, дуруди шариф аст, ки бар Паёмбари гиромӣ (с) дуруд ва салавот мефиристад.

Ва маънии ин ки гувоҳӣ медиҳад, ба он чи ки намебинад, низ рӯшан аст, зеро ӯ ба вуҷуд ва ягонагии Худо ва рисолати Ҳазрати Муҳаммад (с) гувоҳӣ медиҳад, дар ҳоле, ки ҳеҷ як аз онҳоро надидааст. Ва аз ҳақ нафрат дорад, бале! Аз марг, ки ҳақ аст, нафрат дорад, то итоати Худои мутаъолро бинамояд. Ва фитнаро дӯст медорад, ки мол ва фарзанд, аст ва аз раҳмат мегурезад, ки борон аст, то ӯро хис (тар) накунад ва яҳуду насрониро тасдиқ мекунад, дар ин гуфтаи эшон (худи онҳо), ки: «-Лайсат-ан-яҳуд ъало шайин» (яъне, яҳуд бар чизе нестанд) ва насороро тасдиқ мекунад, дар ин гуфтаи эшон, ки: «-Лайсат-ал-насоро, ъало шайин» (яъне: «Насоро бар чизе нестанд». «Дар ин ҷо буд, ки мард аз посухҳои сокиткунанда ва дандоншикани валиюллоҳ Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мабҳут монд ва гуфт: «-Ман ба дурустӣ гувоҳӣ медиҳам, ки ту (Абӯҳанифа) бар ҷодаи Ҳақ ва ҳақиқат равонӣ, маро маъзур дор… /62-82-91.

… Зане назди Имом Абӯҳанифа (р) омад ва гуфт: «-Бародарам ба раҳмати Ҳақ пайваст ва шашсад динор аз худаш ба ҷо гузошт, аммо аз ҳамаи ин маблағ, фақат як динор ба ман расид».

Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ирсия (мерос, моли тарака, ки таракааш фарз аст)-и шуморо чӣ касе тақсим кард?! Зан гуфт: «-Довуди Тоӣ».

Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ҳамчунон аст, ки ӯ тақсим кардааст! Оё магар аз бародарат, модаре ва ду духтару як ҳамсару дувоздаҳ бародару як хоҳар, намондааст?». Зан гуфт: «-Оре! Чунин аст». Пас Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Хуб! Тақсими ирсияи (мерос) Шумо ҳамчунон аст, ки Довуди Тоӣ тақсим кардааст». 62-104.

… Паррандаи Товусеро аз ҳамсояи Имом Абӯҳанифа (р) дуздида буданд, ҳамсоя назди эшон аз ин воқеа шикоят бурд. Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Алъон ором бигир, то ман чора биандешам. Пас чун бомдод мардум ба масҷид гирд омаданд, Имом Абӯҳанифа (р) хитоб ба онон фармуд: – Оё ҳаё намекунад, он кас, ки товуси ҳамсояашро медуздад ва боз ба намоз меояд, дар ҳоле, ки асари пари он товус дар сараш ҳувайдо аст?! Дар ин асно дузди товус саросема даст бар сар кашид, ки ин ҳолати нангинро ҳама диданд ва бад-ин гуна он дузд худашро ба заковати Имоми Аъзам (р) намоён сохт. Пас Имом Абӯҳанифа ба ӯ гуфт: «-Оқои азиз! Бирав ва товуси он мардро ба ӯ деҳ!» Пас он мард ниҳоят хиҷил ва шармсор шуд ва аз кардаи худ сад пушаймон гардид ва паррандаро ба соҳиби он баргардонд. 62-115.

… Аъмаш раҳамуллоҳ марде дилгир буд, аз он рӯ, ки табъе тунд дошт. Пас яке аз каҷхулқиҳои вай сахт барояш мушкилсоз шуд, зеро бар талоқи занаш савганд ёд кард, агар чунон чӣ ӯро занаш аз тамом шудани орд хабар диҳад, ё ин амрро ба ӯ таи навиштае баён кунад ё биогоҳонад, ё пайке бад ин пайғом барояш бифиристад, ё ин амрро ба касе дигар ба миён гузорад, то ӯ онро ба гӯши вай бирасонад, ё ҳатто ин амрро бо ишора матраҳ созад (яъне, ҷамъ, бо хат, бо лафз ва ишорате, ки ба ӯ занаш ё касе рӯ ба рӯ бифаҳмонад-С.Б.Б). Биноан бечора зани Аъмаш (р), дар ин амри шавҳари густохи худ мутаҳайир монд, ки чӣ кунад? Пас касе ба вай машварат дод, ки чораи ин мушкилот назди Абӯҳанифа (р) аст. Ӯ ба назди Имом Абӯҳанифа (р) омад ва моҷароро ба эшон бозгуфт.

Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Чун киса (халта)-и орд тамом шуд, онро дар ҳангоме, ки Аъмаш ба хоб андар аст, бо ҷомааш маҳкам гиреҳ зан, пас чун бедор шавад, онро мебинад ва аз тамом шудани орд, дар хона иттилоъ меёбад».

Зани Аъмаш чунин кард, ки Имоми Аъзам (р) фармуда буд. Аъмаш, ки бедор шуд ва ин гуна худро ғофилгир дид, дод зад ва гуфт:

– Ба Худо, ки ин аз ҳилаҳои Абӯҳанифа аст. Чӣ гуна мо комёб мешавем, то ӯ зинда бошад?! Ӯ моро дар миёни занонамон расво мекунад, зеро нотавонӣ ва гумроҳии моро ва бадҷаҳливу беандешагӣ ва соддагии моро ба эшон менамоёнад!! (Ин буд, ки Аъмаш (р) дигар дар зиндагии хеш сари ин масъалаҳо барнагашт, аз баракати заковати Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ-С.Б.Б).

… Марде дар замони Имом Абӯҳанифа (р) даъвии паёмбарӣ кард ва ба мардум гуфт: – Муддате ба ман мӯҳлат диҳед, то нишоне биёварам. Имом Абӯҳанифа (р) фармуд:

«Ҳар кас аз вай талаби нишона намояд, кофир мешавад, зеро дар ҳолате аз вай талаби нишона намудааст, ки такзибкунандаи ин фармудаи Расули барҳақи Худо (с) аст: «Ло набийя баъдӣ» (яъне: – Баъд аз ман паёмбаре нест»!) (Дар зимни ин ҳадиси шарифи набавӣ салъам, як чиро ёдрас намудан зарур ва фарз аст, дарҷ намоем, ки худро бардурӯғ «паямбар» хондани Баҳоуллоҳ, яъне, Мирзо Ҳусайн Алии Нӯрӣ (1817-1892) ва маслаки таъсиснамудааш-«Баҳоия»-ро, ойини баҳоия эълон доштанаш ҳам, назди мо афсонае беш нест. Баҳоия афкори фалсафии дуздидашудаест, аз уламо ва ҳакимони пешин, ки орзӯи адолатхоҳӣ доштанд. Агар баҳоиён, бо дидаи бедор: ба Исломи мубин назар намоянд, ба дурустӣ хоҳанд дарк кард, ки пешвояшон, барояшон ягон чизи наве нагуфтааст ва ҳар муроде, ки доранд, аз Ислом онро метавон дарёфт, ки Ислом ойини одамият ва башардӯстист. Пас ҳеҷ зарурате ба гумроҳсозии мардум нест. Баҳоия маҳсули «мағзи айёрона»-и ҷосӯсони пешини инглисист, барои мутафарриқ сохтани мусалмонони олам-С.Б.Б).

… Ва дар Мадина бо Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ разиаллоҳу анҳум мулоқот намуд (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ). Муҳаммад ибни Ҳасан (р) ба Имом фармуд:

«-Оё шумоед, ки бо амал ба қиёс (далели ақлӣ), бо аҳодиси ҷаддам Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам мухолифат меварзед?!» Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: – Паноҳ металабам ба Худои ъазза ва ҷалл, аз чунин амре. Биншин, ки туро ҳурмате аст бузург, ҳам монанди ҳурмати Ҷаддат (с), ки бартарин дурудҳову саломҳо бар вай (с) бод»! Пас Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) нишаст ва Абӯҳанифа (р) дар пеши рӯяш ба адаб зону зад.

Ва он гоҳ аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Бифармоед, ки мард заифтар аст, ё зан? Муҳаммад разиаллоҳу анҳум гуфт: – Зан заифтар аст. Сипас пурсид: – Саҳми зан аз мерос чи қадар аст? Муҳаммад (р) гуфт: – Нисфи саҳми мард. Пас Имом Абӯҳанифа (р) гуфт: – Агар меъёр назди ман қиёс (далели ақлӣ) мебуд, бояд ҳукмро мунқалиб (ки аз сурат ва ҳоле ба сурат ва ҳоле дигар дар-омада ва дигаргун шуда) месохтам ва мегуфтам, ки саҳми зан ду баробари саҳми мард аст. Он гоҳ аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Намоз фазли бештаре дорад, ё рӯза?

Муҳаммад ибн-Ал Ҳасан (р) гуфт: – Намоз. Пас Имом Абӯҳанифа (р) гуфт: Агар қиёс меъёри ҳукми ман мебуд, бояд зани ҳойиз (бе намоз, зани узрдида)-ро ба қазо овардани намоз дастур медодам, на ба  қазо овардани рӯза. Сипас аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Оё бавл наҷас аст, ё манӣ? Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) гуфт:- Бавл.

Абӯҳанифа (р) гуфт: – Агар қиёс меъёри ҳукми ман мебуд, бояд ғуслро аз бавл воҷиб медонистам, на аз оби манӣ. Маозаллоҳ, аз ин ки ҳукм ба Ҳадиси Расули Худо (с)-ро фурӯ гузорам, балки ман ходими аҳодиси Расули Худо (с) ва камтарин ғуломи ин боргоҳам. Пас он гоҳ Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) бархост ва рухсори Абӯҳанифа (р)-ро бӯсид… 62-118.

Чун сухан ин ҷо аз боби чи гуна ба аҳодиси Набавӣ (с) пайравӣ ва амал кардани Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) рафт, зарур мешуморем, ки чанд ҳарфе, дар санади эшон (яъне, Имом Абӯҳанифа (р), дар илми ҳадис ва амали он аз ҷониби эшон гуфта бошем, ки шоир гуфтааст: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (С.Б.Б).

Чуноне, ки гуфтем, Имом Абӯҳанифа (р) аз маҳзари чаҳор ҳазор (!) шайх, аз аима (имомон)-и тобиъин (саҳобаи киромро дарёфта) ва ғайри эшон ахаз (зиёд истифода кардан)-и Ҳадис намудаанд.

Ва ба ҳамин далел, Заҳабӣ (р) ва ғайри он Имом Абӯҳанифа (р)-ро дар табақоти ҳиффоз (муроқиб, нигоҳбон, маҳфӯз-доранда)-и муҳаддисин баршумурда намудаанд. 62-139.

Ва бояд гуфт, ки дар илми қироати Қуръони карим, низ эшон (Имом Абӯҳанифа (р) устодӣ доштаанд ва аз хурдсолӣ, сабки қироат ва таҷвиду тартили Каломуллоҳро хуб омӯхтаанд ва овози хуше доштаанд ва ҳам Қуръони Маҷидро пурра ҳифз намудаанд, ки дар Ислом чунин фардони бедордил ва бедормағзу покниҳод ва муваҳҳидро қории мураттаб мегӯянд, ки Қуръон дар қалби ӯ асту ҳикмати волои Илоҳӣ, дар сари муборак (С.Б.Б).

Ривояти ворида, аз тариқи мутааддид ҳокӣ аст, ки Имом Абӯҳанифа (р) илми қироатро аз Осим, ки яке аз қарро (хушхон қорӣ, ки Қуръонро некӯ мехонад)-и сабъа (ҳафтгона) аст, омӯхтаанд. 62-138.

Ва ҳар кас пиндоштааст, ки Имом Абӯҳанифа (р), ба Ҳадис камеътибор будаанд, ё дар таҳқиқ перомуни ин амр саҳлангор буда ва ё, ки ҳасад бар ҷони вай рахна афканда, зеро бо иноят, ба ин ки Имом Абӯҳанифа (р) аввалин касе будаанд, ки бо риояти тамом усул ва завобит, аз далоили шаръӣ, истинботи аҳком намудаанд (ки то ба Абӯҳанифа (р) ягон муҷтаҳиди сарсупурдае набуд, ки бо ин тарзу усул аз аҳкоми Илоҳӣ, аҳодиси набавӣ салъам ва аз далоили шаръӣ истифода кунад ва бе муболиға эшон асосгузори воқеӣ ва муҳаддиси мӯшикофеанд, дар таърихи Испом ва таърихи баёни илму аҳкоми шаръӣ, ки бинои фиқҳро, яъне, Кохи ҷовидонии адолати Илоҳиро бар асоси Оёти шарифу аҳодиси Набавӣ салъам, тармим ва устувор сохтаанд, ки тамоми фуқаҳову аимаи баъди ӯ раҳамуллоҳ муҳассилини мактаби Абӯҳанифа раҳамуллоҳ, яъне, ниёзмандони ин Кохи адли Илоҳианд, ки муассисаш ҳамоно Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аст ва дигарон ҳама резахӯри хони Абӯҳанифаи ориёии «Имонро», ба гуфтаи Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам: «аз Сурайё ба чанг оваранда» мебошанд. Агар ба ҳақиқати ҳол қоил бишавем возеҳтар ин аст, ки муассисини мазоҳиби дигар, ҳама ба ҷумлагӣ, шогирди шигирдони басо фозили Имом Абӯҳанифаанд ва ин мазоҳиб шаклҳои табдил ва тағйирдодашудаи мазҳаби Сироҷи умам – Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошанд. Мазҳаби Имоми Аъзам (р) беназир мазҳабест, ки дар он одоби пурраи тоату ибодат, яъне, аҳкоми Илоҳӣ ва Суннати пири шариат ва пешвову Мавлои уммат – Ҳазрати Муҳаммад (с) фарзу воҷиб аст ва ҳар сухани бевазне, ки нисбати Имом Абӯҳанифа (р) ва мазҳаби ӯ гуфта мешавад, ҳама аз рӯи ҳасад ва ҳамоно нажодпарастӣ ва кӯрдилӣ аст, ки ин тарзи рафтору кирдор ва муносибат бо пешвоёни дин, хеле хандаовар аст ва Исломи мубин, ки Паёмбараш – ҳабиби Худо Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст, тафриқаандозонро дӯст надорад, бояд, ки «Мӯъмин, бародари мӯъмин» бошанд, зеро ки роҳи ҳамаи мо ба сӯи Аллоҳ аст-С.Б.Б), ки ин ҳақиқат дар кутуби ёронашон (р) маъруфу машҳуд аст – пас чӣ гуна аз фақеҳе ин чунин, истинботи аҳкому масоили -бешумори шаръӣ, мутасаввури мақдур  будааст?!

Ва бояд гуфт, ки ба ҷиҳати иштиғоли Имом Абӯҳанифа (р), ба ин амри авлову аҳамм (сазовору аҳамиятнок), аҳодиси Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар хориҷ зоҳир нагардида аст, чунонки Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқу Умар Ал-Форуқ разиаллоҳу анҳумо ба далели иштиғол, ба мусолиҳи оммаи муслимин, ба андозаи дигар асҳоб маҷоли ривояти Аҳодисро наёфтаанд, ба тавре, ки мулоҳиза мекунем, ҳатто саҳобаи ба маротиб поинтар аз Эшон ризвонуллоҳу ъалайҳим, аз онон, дар ривояти Ҳадиси шариф сабақ гирифтаанд. Ҳамин гуна Молик (р) ва Шофеъӣ (р), низ дар ривояти Ҳадис ҳамон майдонеро паймуда натавонистаанд, ки мутафарриғон, дар амри ривоят, хамчун Абӯзаръа (р) ва Ибни Муъин (р) паймудаанд, биноан Аҳодиси зиёде аз Молик (р) ва Шофеъӣ (р) ҳам ривоят нашуда аст, ба таври мушаххас, чи онон ҷумлагӣ, машғули амри муҳимтаре будаанд, ки ҳамоно истинбот (истихроҷ ва дарёфти маънӣ ва мафҳум)-и аҳком буда аст».

Биноан аимае чун Абӯҳанифа (р), Молик (р) ва Шофеъӣ (р), аз сиқот (мӯътамадон)-и аимаи Ҳадис ба шумор мераванд, лекин фарқашон бо аимаи ҳиффозу дигар дар ин аст, ки инон Аҳодисро дар коргоҳи истинботу корхонаи иҷтиҳод афкандаву аз онҳо ҳазорон ҳукму масъалаи шаръиро истинбот кардаанд, ки имрӯз мадори амали шаръии муслимин аст, дар ҳоле, ки аимаи Ҳадис, фақат Аҳодисро ҷамъ ва тадвин (ва таблиғу интишор) намудаанд, ки гарчи ин низ дар ҷойгоҳи худ муҳим аст, лекин зикри ин нукта холӣ, «аз фоида нест, ки кисрат (фаровонӣ)-и ривояте бидуни дароят (дарёфт, огоҳӣ, доноӣ) аз назари бархе аз аимаи бузург, дархӯри ситоиш намебошад,  балки ҳатто Ибни Абдулбарр боберо дар замми он мунъақид намуда ва сипас гуфтааст: «-Фуқаҳои ҷамоати муслимин бар онанд ки ифрот дар ривояти Аҳодис, бидуни тафаққӯҳ (илми фиқҳ хондан, фақеҳ шудан ва дарёфти маънӣ) тадаббур (жарфбинӣ, мӯшикофӣ) дар онҳо мустадъии (дархосткунанда)-и мазаммату муставҷиби маломат аст». 62-139-140.

Ва ҳам Аз ин рӯ, аст, ки Ибни Шибирма (р) мегӯяд: «-Кам ривоят кун, то фақеҳ шавӣ!» 62-140.

Ва Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) мегӯяд: «-Такияи ту дар аҳком бояд бар Қуръон ва Ҳадис бошад ва аз раъй ҳамон миқдор баргир, ки Ҳадисро барои ту тафсир намояд».

Яке аз маъозири (маъзур) Абӯҳанифа (р), дар кам гуфтану ривоят намудани Ҳадис, аз ин сухани вай истинбот мешавад, ки фармуд:

«- Барои шахс сазовор нест, то ҷуз он аҳодисеро, ривоят намояд, ки дар ҳангоми шунидан ҳифз намуда ва то ҳангоми ривояти он ҳамчунон ҷузъи маҳфӯзоти вай буда аст». 62-140.

Биноан аз назари Имом Абӯҳанифа (р) ривояти Ҳадис, ҷуз барои ҳифзи он (чун дигар аима-С.Б.Б)., барои касе дигар ҷоиз нест.

Ва Хатиби Бағдодӣ, аз Исроил ибни Юнус ривоят мекунад, ки гуфт: «-Некӯшахсияте аст Нӯъмон (Имоми Аъзам), Алҳақ, ки ҳофизтар аз вай, дар ҳар Ҳадисе, ки дар маънии фиқҳӣ мавҷуд аст, надидаам, ба ростӣ, ӯ дар пажӯҳишу таҳқиқи маонӣ (ки дар аимаи аҳди Абӯҳанифа раҳамуллоҳ ва ҳатто қабл аз ӯ ва баъди ӯ, мутаассифона пажӯҳишу таҳқиқи тафаққӯҳӣ, дар дарёфти маъонии фиқҳӣ набуд, ки набуд-С.Б.Б)-и фиқҳии Аҳодис, ба гунаи эъҷоб (шигифтӣ, аъҷӯба) – ангез, моҳиру забардаст ва басо доно буд!» 62-140.

Ва аз Абӯюсуфи Яъқуб (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Касеро донотар, ба тафсири Ҳадису мавозеъи нукоти фиқҳии он, аз Абӯҳанифа раҳамуллоҳ надидаам».

Ва ҳам ӯ (Абӯюсуф) мегӯяд: «-Ҳаргиз, дар ҳеҷ масъала, бо Абӯҳанифа раҳамуллоҳ мухолифат нанамудам магар, ин ки чун дар он нек тадаббур кардам, мазҳаби вайро дар он масъала наҷотдиҳандатар, дар охират ёфтам, ва чунон буд, ки вақте ба сӯи Ҳадис гароиш меёфтам, мулоҳиза мекардам, ки ӯ дар шинохти Ҳадиси саҳеҳ низ, аз ман бинотар ва басо – доно аст». 62-141.

Абӯюсуфи Яъқуб (р) изофа мекунад: «-Ва чун Имом Абӯҳанифа (р) бар раъйе мусаммим (аз тасмим, ба ӯҳда гирифтани коре, тасмим гирифтан-С.Б.Б) мешуд, бар машоихи «Ҳадис»-и Кӯфа мурур (гузар кардан) мекардем, ки бубинам, оё бар тақвияти қавли вай Ҳадис ё асареро хоҳам ёфт? Бас басо мешуд, ки ду ҳадис ва се ҳадис, дар тақвияти он қавл меёфтам ва аз шодӣ такбир («Аллоҳу акбар!») мегуфтам ва онро, яъне, ҳадисро назди Имом Абӯҳанифа (р) меовардам, аммо ӯ бо шинохти ҳамаҷонибае, ки аз Аҳодис дошт, дар бораи баъзе аз он аҳодис мегуфт: – Ин ҳадис саҳеҳ нест. Ё: – Ин ҳадиси машҳур нест.

Пас аз ин амр мутааҷҷуб мегардидам ва мегуфтам: Устоди азиз! Аз куҷо медонед, ки ин ҳадис саҳеҳ нест, ё маъруф нест, дар ҳолеки ин ҳадис мувофиқ бо раъйи Шумо аст? Дар посухи суоли ман мегуфт: «-Ман ба дониши аҳли Кӯфа доноям». 62-141.

Рӯзе Имом Абӯҳанифа (р), дар маҷлиси Аъмаш (р) буд, ки Аъмаш аз чанд масъала, мавриди суол қарор гирифт, аммо қабл оз он ки ҷавоб бигӯяд, ба ҳар як суол, рӯ ба Имоми Абӯҳанифа (р) кард ва аз рӯи эҳтиром гуфт: – Раъйи Шумо дар бораи ин масоил чист? Имом Абӯҳанифа (р) ҷавоби он масоилро доданд. Аъмаш гуфт: – Ин ҷавобҳоро аз куҷо овардед? Имом Абӯҳанифа фармуд: «- Аз аҳодисе, ки аз Шумо ахаз кардаам».

Ва он гоҳ шумори зиёде аз он аҳодисро ҳамроҳ бо туруқ (тариқ)-у асониди он қироат намуд. Аъмаш, ки ҳайратзада шуда буд, гуфт: «-Бас аст! – Алъон донистам, ки ончиро дар сад рӯз бар ту ривоят кардаам, дар як соат ҳамаро, ба ман боз хоҳӣ гуфт!  Ман намедонистам, ки ту ба ин Аҳодис амал мекунӣ, эй ҷамоати фуқаҳо! – Шумо утабо (табиб)-ед ва мо дорухонаҳо. – Ва аммо ту эй мард! (Абӯҳанифа) – Ҳарду буъдро гирифтаӣ! – Ту ҳам табибию ҳам дорухона!» 62-141-142. Бале, Имом Абӯҳанифа (р), аз пешкасватони  фанни Ҳадис будаанд.

Чунонки ҳиффози илми Ҳадиси шарифу басо муборак, аз аҳодиси он Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ)-ҳи ҳумом масонид (аз санад; асосу далел, чизе ки ба он истинод мешавад)-и бисёреро ҷамъоварӣ ва тадвин кардаанд, ки бисёре аз он масонид ба мо расида ва дар муснадҳои машоихи мо зикр шуда аст. 62-142.

Ва ногуфта намонад, ки Имом Абӯҳанифа  (р) дар илми Ҳадис, асари махсусе дорад, бо номи «Муснад Ал-Имом Абӯҳанифа», ки дорои нусхаҳои зиёди мутааддид (бе шумор, гуногун)-е аст, ки Абулмуайяд Муҳаммад ибни Маҳмуди Хоразмӣ онро гирдоварӣ намуда ва бо муқаддимаи хеш нашр намуда аст.

Ва дар ҳилми эшон (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) овардаанд, ки: Язид ибни Ҳорун разиаллоҳу анҳум мегӯяд: «-Касеро бурдбортар аз Абӯҳанифа (р) надидаам… Ӯ фазле азиму диёнате матин дошт, забонашро нигаҳбон буд ва аз беҳудагиҳо рӯйгардон».

Гӯянд, ки марде забон ба дашноми он Имоми ҳумом Абӯҳанифа (р) гушуд, ва дидадароиро то бадон ҷо расонид, ки гуфт: – Эй зиндиқ! Имом Абӯҳанифа (р) дар баробари ҳамаи ин ҷасоратҳо фақат як ҷумла гуфт ва он ин буд, ки: «-Ғафараллоҳу лака ҳува яъламу миннӣ халафа мо тақул!» («-Худо бар ту биёмӯрзад, Ӯ аз ман хилофи ончиро медонад, ту ба ман нисбат медиҳӣ»).

Рӯзе касе ба Имом Абӯҳанифа (р) хабар дод, ки як тан аз ёронашон аз бом афтода аст, Имом Абӯҳанифа (р) чунон фарёде кашид, ки аҳли масҷид ҷумлагӣ онро шуниданд, сипас саросема бо пойи урён ба роҳ зад, то ба болини он ёраш расид ва он гоҳ дар Ҳоле, ки мегирист гуфт: «-Эй кош мумкин буд, ки тамоми дарду марази ин азизро ман бармедоштам». Ва аз он рӯз, ҳар субҳу шом ба болини вай меомад, то он гоҳ, ки он ёраш шифо ёфт, Имом Абӯҳанифа (р) табибе доно буд ва он ёри худро бо муруввату эҳтироми фарзандпадарӣ табобат намуд, то он замон, ки он заҳматрасида ба зудӣ шифо ёфт…

Ибни Муборак (р) мегӯяд: «-Аз маҷлиси Абӯҳанифа (р), маҷлиси сангинтар ва бо уббуҳат (азамат ва шукӯҳу ҷалол)-тар надидаам. Ӯ сукуте некӯ, ҷомае некӯ ва рухсоре некӯ дошт».

Ва Имом Зуфар ибни Ҳузайл (р), шогирди Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р), сахт бурдбор ва сабур буд. Рӯзе Сӯфён ибни Уяйна бар вай гузар кард ва дар ҳоле, ки садои Имом Абӯҳанифа (р) ва ёронаш дар масҷид печида буд, гуфт: – Эй Абӯҳанифа ! Ин масҷид аст ва садо дар он набояд баланд шавад, Имом Абӯҳанифа  (р) дар посух гуфт: «-Чӣ кунам, инон ҷуз ба ин шева масоилро намефаҳманд».

Ва Халифа Ҳорун-Ар-рашиди Аббосӣ, ба Абӯюсуфи Яъқуб (р) гуфт: – Ахлоқи Абӯҳанифа (р)-ро бароям тавсиф кун. Абӯюсуфи Яъқуби Қозӣ гуфт: – Эй амиралмӯъминин, Худои ъазза ва ҷалл мегӯяд: «-Мо ялфизу мин қавлин илло ладайҳи рақиб-ба ъатид» («Инсон ҳеҷ суханеро аз даҳон берун намеафганад, магар ин, ки дар назди он нозир ва рақибе баргумошта аст»). Биноан, ончи дар бораи вай ҳам акнун мегӯям, дақиқ ва бе газофа аст:

– Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳадди зиёди илми ман, мудофеъи сарсахти муқаддасоти Илоҳӣ ва сахт парҳезгор буд, ӯ дар дини Худои ъазза ва ҷалл бе пушвонаи илм сухан намегуфт, дӯстдори он буд, ки тоати Илоҳӣ, дар ҳама ҷо густариш ёбад ва нофармонии вай аз соҳоти рӯзгор рахт барбандад, аз дунёталабони тиҳимағзи замонаш бар канор буд, на дар касбу иззати дунё бо ҳамгинон (ҳампешагон),  ба рақобат мепардохт ва на дар касби рифоҳу роҳат вориди ин ошӯфтабозор мегардид, сукуте тӯлонӣ дошт ва дар айни ҳоле, ки бар кӯҳе баланд, аз улуми маориф такя зада буд, ҳамеша ба тафаккур андар буд (ки бо ин хислати зотӣ ӯ, яъне, Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ, аз дигар аимаи Ислом бартарияти томе дорад, ки умри худро то вопасин нафаси муборак, вақфу сарфи иҷрои аҳкоми Илоҳӣ ва Суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳи ва   асҳобиҳи аҷмаъин намудааст-С.Б.Б) ва пурсухану ҳазёнгӯй набуд, агар чунончи аз масъалаи мавриди пурсиш қарор мегирифт ва дар он масъала, маълумоте медошт, ба посухи он забон мегушуд ва ба расогию пӯхтагии тамом ҳам ҷавоб мегуфт ва дар ғайри он ҳақро меъёри хеш қарор дода ва аз сухани ҳақ пайравӣ мекард ва нусбул-айн (манзури назар, муқобили чашм)-и вай дар ҳар ду ҳолат ин буд, ки нафсу динашро нигаҳбон бошад.

Имом Абӯҳанифа (р) дар нисору исори илм ва сарвати хеш низ, бисёр ҷаводу бахшанда буд, нафсе пурғано дошт ва аз тамоми мардум эҳсоси бениёзӣ мекард ва ҳаргиз, ба тамаъ моил набуд, аз ҳисоби заҳмати хеш рӯз мегузаронид (Яъне: «Доми тазвир»-у риё намекард «Чун дагарон Қуръонро» -*дагар-паррандаи гӯштхӯр, боша, шоҳин С.Б.Б) ва ба фурӯши матоъҳои гуногун машғул буд, ӯ ҳамчунин аз ғайбати дигарон дар ҳазар буд ва лаб ба ғайбати дигарон намегушуд ва ғайбат ҳаром аст, мегуфт ва касеро ҷуз ба хайру хубӣ ёд намекард».

Ҳорун Ар-Рашид, ки аз баёни хасоили Имоми Аъзам Абӯҳанифа  (р) сахт дар тааммул фурӯ рафта буд, сар бардошт ва гуфт: «-Бешак, ки ин ахлоқ ахлоқи некону солеҳон аст».62-122-127.

Бояд гуфт, ки Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) на ин, ки валиюллоҳу муваҳҳид ва тақводору парҳезгор ва дорои вараъу аҳли футувват будаанду дар байни мардум машҳуру муқадои оламиён будаанд, яъне, ба сират, балки бо сурати зебо ва одоби либоспӯшиву озодагиаш низ гули маҷлису шамъи маҳфил будаанд ва ҳар гоҳ ба масҷид медаромадаанд, ҳамоно бӯи мушку анбар ва атрҳои хушбӯй атрофро муаттар мекард, ки мекард…

Ҳаммод, фарзанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Падарам зоҳире ороста дошт ва атру хушбӯиҳои фаровон истифода мебурд, то бадон ҷо, ки бо бӯи хуши хеш шинохта мешуд, қабл аз он, ки дида шавад».

Ва Абӯюсуф (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) ҳамеша банди кафши худро ороста нигоҳ медошт, то бадон ҷо, ки касе ӯро бо банди кафши пора ва фарсуда надидааст».

Ва нақли саҳеҳ аст, ки гуфтаанд: «-Имом Абӯҳанифа (р) кулоҳе баланду сиёҳ мепӯшид».

Назр (р) мегӯяд: «-Рӯзе дар ҳоле, ки Имом Абӯҳанифа (р) иродаи савор шудан бар маркаби хешро дошт, ба ман гуфт: – Абоятро ба ман бидеҳ ва абоямро бигир. Чунон кардам, ки хоста буд. Пас чун бозгашт бароям гуфт: «-Маро бо дуруштии абоят хиҷил сохтӣ! Ин дар ҳоле аст, ки қимати абоям панҷ динор буд, ки пули каме нест. Сипас бар тани вай абое дидам, ки қимати онро сӣ динор баробар кардам ва қимати пироҳану радои вай чаҳорсад дирҳам буд».

Ва нақли дигар аст, ки: «Имом Абӯҳанифа (р)-он марди порсо, чандин пӯстину абои фохир дошт, ба чандин хелу гуна, ки аз пӯсти санҷоб ва пӯстҳои гаронқимати дигар ҳайвонот сохтаву дӯхта шуда буд, ва радое дошт бисёр, зебо ва дурнамо ва ҳафт кулоҳ дошт, ки яке аз онҳо сиёҳ буд». 62-130.

Бале, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ҳам ба сират ва ҳам ба сурат зебо ва ороставу пироста будаанд. Эшон, ки ба гуфти Ҳазрати Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ – «Чун дагарон Қуръон-ро доми тазвир накардаанд» (мисли баъзе «муллоҳо»-ву «ҳазратҳо» ва «фуқаҳои доно»-и имрӯзи олами Ислом, ки бо ном қории «Қуръон»-анду, аз мантиқу аҳкоми оёт бехабар ва бо  ном ҳофизони  аҳодисанду аз маъонии қудсии онҳо бехабар, ки аксарият, маҳалгароёнанду аҳли ҷоҳу ҷалол ва тӯдаҳои мутафарриқанду «бузургон»-и ба якдигар бе меҳр, мутакаббир ва бо як ҷуръа шароби илм маст, мисли халафиҳо ва басо-басо «арабидон»-у «доно») Имоми барҳақ буданду ҳастанд ва давлати Худодод доштанд, ки ба сабаби меҳнати пурмашаққати худашон, ба даст оварда будаанд, ки ҳаштод фиссади он, дар роҳи Худо сарф мешуд…

Ва осори манқул аз аима (имомҳо) раҳматуллоҳ ва осору ривоёти манқули бузургони дин ва шогирдони Имоми Аъзам (р) дар сифот ва хасойили неки эшон (р) бисёр аст, ки дар ин мухтасар намеғунҷад ва ончи гуфтем ва дарҷ кардем, барои қаноат варзидани ашхоси мунсаф (одилу бо инсоф, ки аз рӯи инсоф амал кардан)-и ҳақшинос, ки ҳақи аҳли ҳақро мешиносанд кофӣ аст ва аз ин ҷиҳат Ҳофиз Абӯумар Юсуф ибни Абдулбарр (р) мегӯяд:

«-Аҳли фиқҳ ба касоне, ки ба Имом (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) таън ворид кардаанд, илтифоте намекунанд ва чизе аз уюберо, ки бидъатиён, зиндиқиён, хориҷиён, мурҷиъиён ва халафиёну мутаассибон (ва баъзе имрӯзиёни садмазҳаб, яъне халафиёни ғарбитинат ва ғарбиғулом) ба Имом (Абӯҳанифа раҳлатуллоҳ) нисбат додаанд, тасдиқ наменамоянд». 62-73.

(Ба иборае, ки гуфтаанд: «-Аккоси сагон кам накунад, ризқи гадоро» ва ё худ: «-Саг меҷакаду корвон меравад…». Чашмаи пурфайзу футӯҳи илму ҳикмати Имоми Аъзам (р) анқариб як ҳазору сесаду даҳ сол, ба ин ҷониб ҷористу ташнагони илму маъонӣ асрҳо ба ин сӯ, аз он нӯш мекунанд ва хоҳанд кард, аммо тӯҳматҳои бебунёди аҳли бидъат мисли худшон чун коҳи пӯсида, ба боди фано рафтаву хоҳанд рафт-С.Б.Б).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …