Главная / Гуногун / ИМОМИ АЪЗАМ ҲОМИИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

ИМОМИ АЪЗАМ ҲОМИИ ЗАБОНИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Ин нукта мусаллам ба таъкид аст, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ аввалин фақеҳ ва ҳомиест, ки забони шаккарини «форсии тоҷикӣ ва ё дариро дар қатори забони бою ғании арабӣ-забони дину ойин ва коргузорӣ хонд», қайдҳои эроншиноси маъруф, шарқшиноси номдори рус профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург зиндаёд академик В.В.Бартолъд, 34,174-178).

Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Одилободӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифаро-Абул  миллат номидааст (ин зимни баёни кунияти шарифи ӯ гуфта шудааст).

Имом Абӯҳанифа /р/ забони тоҷикӣ, яъне форсӣ ва густариши онро басо содиқона ба роҳ монда, ба ин васила забони аждодии худро дар қатори забони арабӣ, забони илму ҳикмат ва дину давлат эълон кардааст.

Бинобар ишорати муҳаққиқон, Имом Абӯҳанифа /р/ дар он замонҳои хеле тезу тунди густариш ва интишори дини Ислом ва ҷорикунии забони арабӣ тавонист, ки забони тоҷикии форсиро пой бар ҷо қарор бидиҳад.

Аввалан ин ки ӯ, яъне, Имом Абӯҳанифа /р/ забони тоҷикии форсиро забони дуюми дин, баъд аз забони арабӣ эълом дошт. Сониян тафсири Қуръон ва хондани намозро бо забони тоҷикӣ-

форсӣ иҷозат дод. Аввалин тафсирҳои Қуръон, аз он замон аст (мисли тафсири Табарӣ, баъдан тафсири кӯчаки Қуръон, аз ҷониби Шайхурраис Абӯалии Сино) ва ғайра.

Дар замони салтанати фарҳангдори Сомониён, (ба хусус дар даврони Исмоили Сомонӣ раҳамуллоҳ-С.Б.Б) забони форсӣ, дар баробари забони арабӣ, забони илму адаб, нигориш ва низ давлатдорӣ буд.

 Дар ҳаёти мадании асри IХ-Х ҷараёни «шуубия», хеле равшану возеҳ дар адабиёт зуҳӯр карда буд. Ба зӯрӣ интишор додани расму ойин ва забону фарҳанги арабӣ, босуръат идома дошт. Арабикунонӣ ҳанӯз, аз замони тавсия ёфтани Ислом, дар мамолики берун аз Маккаю Мадина оғоз гардида буд.

Дар он даврони пурталотуми асри хеш, Имом Абӯҳанифа /р/ тавонист, ки шуҷоатмандона қарзи миллияти хешро, дар назди аҳли тоҷику форс адо намояд ва қоимияти забони тоҷикӣ-форсиро нигоҳ дорад.

Маҳз ба ин хотир буд, ки дар кишварҳои тоҷикигӯй, яъне форснишини билоди исломӣ, ба хусус дар Мовароуннаҳру Хуросон ва қисмате аз марзи Эрон мазҳаби ҳанафӣ, ки муассиси он Имом Абӯҳанифа /р/ аст, хеле густариш ёфт. Хонадони Оли Сомон мазҳаби ҳанафиро, ки муассисаш олиму ҳаким ва фақеҳу имоми кабир Абӯҳанифаи Форсӣ буд, хуш пазируфтанд. Абӯҳафси Кабир ва Абӯҳафси Сағир-падару писар, ки бузургтарин фуқаҳойи ҳанафимазҳаби Осиёи Марказӣ, дар аҳди Сомонӣ буданд, дар назди шогирдони Имом Абӯҳанифа /р/ ба хусус дар назди Имом Муҳаммад /р/ илми фиқҳ омӯхтаанд (барои маълумоти муфассал оиди ҳаёт ва фаъолияти ин ду бузургфақеҳ ва мушовирони маънавии давлати Сомониён метавонед ба китобҳои «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ва «Салоти Масъудӣ»-и Мавлавӣ Шайх Масъуди Самарқандӣ ва китобӣ-бадеӣ-таърихии устоди насри худогоҳии миллӣ-Муҳаммадзамони Солеҳ, бо номи «Девори Хуросон» ва чанде дигар муроҷиат намоед.

Устод Н.Неъматов-муаррихи шинохтаи тоҷик, дар китобашон «Давлати Сомониён» тазаккур дода, ки дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён, ба таври расмӣ, мазҳаби ҳанафӣ қабул шуда буд.

«Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбон ибни Зӯти ибни Моҳ ибни Сосон ибни Анӯшервон менависад муаррихи муосири Эрон, нахустин фақеҳе аст, ки адои намоз, сиғаҳои шаръӣ ва ҳатто тарҷума ва тафсири Қуръонро ба забони форсии дарӣ раво донист (чунки Расули гиромӣ-саллаллоҳу ъалайҳи васаллам ин забон, яъне, забони қавми Салмони Форсиро ва мардуми онро ба ғояти тамом эҳтиром мекарданд ва медонистанд, ки маҳз қавми Салмони Форсӣ иршодкунандагони дину маърифат ва қувватдиҳандагони дини барҳаққи Исломанд-С.Б.Б). Чуноне ки мебинем, нахустин осори забони тоҷикӣ ё форсии дарӣ, тарҷума ва тафсирҳо аз «Қуръон», ба он забон аст. Агар порсии дарӣ, яъне тоҷикӣ забони мусалмонони Эрон (ва соири ақвоми Эронӣ-С.Б.Б) намешуд ва фуқаҳои бузурге чун Абӯҳанифа /р/ ба ҷоиишин сохтани он забон, дар намоз ва сиғаҳои шаръӣ фатво намедоданд ва Абӯнасри Машкон-муншӣ ва дабири дарбори Ғазнавӣ онро забони китоби девони давлатии Эрон намесохт, ҳаргиз он забон наметавонист, дар Эрони Кабир – Ориёно (ва тамоми билоди Эронзамин; Балху Бохтар, Хуросон, Мовароуннаҳр ва ғайра-С.Б.Б) пойдор бимонад ва балки монанди дигар мамолики фатҳшуда, чун Шому Миср ва шимоли Африқо, ба тадриҷ забони миллӣ, аз байн рафта ва забони арабӣ ҷои онро мегирифт. 85, 1252-1253.

Хулоса имрӯз, ки ҷомеаи мо ва ағлаби мамолики ҷаҳонро бӯҳрони шадиди маънавӣ ва фурӯравии сатҳи ахлоқии мардум зуҳур кардаву ба тадриҷ афзудани қаллобӣ, ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, фоҳишӣ, рибоъхӯрӣ ва қатлу ғорат, фирқабозиҳои динӣ фаро гирифтааст, танҳо омӯзиши афкори    пешқадам,     маслиҳатомезу    пурҳикмат    ва    ҷомеасози гузаштагонамон, ба мисли пири аҳли тақво, фақеҳи бузург ва инсони комилу ормонӣ-Ҳазрати Имоми Аъзами сӯфии Кӯфии Кобулӣ /р/ барин кубарои азимушшаън метавонад, ки моро дар партави Қуръон ва Ҳадис ва ҷомеаи моро аз ин вартаи маҳшавӣ берун орад ва бо «боли дигарон» «паридан»-ро хотима диҳад. Устод Муҳаммад Иқбол хуб гуфтааст, ки:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Ки паридан натавон, бо пару боли дигарон.

Беҳуда устод Рӯдакӣ ҳам нагуфтааст, ки:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ муассиси яке аз бузургтарин, паҳншудатарин ва одилтарину софтарин мазҳаби равияи суннии дини Ислом–мазҳаби ҳанафия аст, ки пойизи соли 1999  мусалмонони олам ва аҳли пешқадами башарият (октябри соли 1999 дар пойтахти кишвар дар собиқ донишкадаи исломии Имом Тирмизии Тоҷикистон, ба хотири бузургдошти Имоми Аъзам конфронси илмӣ доир гардида буд) 1300 солагии ин донойи роз ва абадмарди таърихи башарият ва дини мубини Ислом ва илму ҳикмат ва маърйфати башарро ҷашн гирифта буданд. Ва хушбахтона, бо иқдомоти хайри Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2009-Соли байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардид. Осори илмӣ ва ҳикмати волои афкори Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ бештар дар соҳаи илми фиқҳ ҳукуқ ва масоили ақоид, нигошта шуда, ки дар ин рӯзҳо дархӯри ҷомеаи мо ва раҳнамои мову шумост.

Осору афкори фиқҳии Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ дар замонаш шӯҳрати оламгир дошт ва имрӯз ҳам ақидаҳои прогрессивӣ ва одилонаву башардӯстонаи ин марди ҷаҳони хираду ҳикмат қадри худро гум накардаву нахоҳад кард. Балки чун хуршед медурахшаду башариятро ба сӯи роҳи рост, яъне, ба роҳи Худо ва расулони ӯ ва ба хусус ба роҳи шариъати ғуррои Ҳазрати Муҳаммад /с/ ва ёрони гиромии ӯ /с/ ҳидоят мекунад. То имрӯз афкори Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/-ро олимони зиёде аз қабили Шайх Шаҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷари Ал-Маккиӣ «Ал-хайрот-ал-ҳисон фӣ-маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон» ба форсӣ «Маноқиби Имоми Аъзам» Ал-Азҳар, Лубнон чопи 1377ҳ Муҳаммад Абӯзаҳра «Абӯҳанифа ҳаётуҳу ва осоруҳу», Қоҳира-1977  Иноятуллоҳи Иблоғ, «Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва афкори ӯ»; Боголюбов А.С., «Этика правовие воззрения Абӯҳанифа ан-Нумон, Полестинский Сборник 1987 М.; Фиқҳ-ал-Қозӣ Абӯабдуллоҳ Ҳусайн ибни Алии Саймирӣ «Ахбор Абӯҳанифа ва асҳобиҳи», Бейрут-Лубнон, 1976; Муҳаммадсабури Бухорӣ «Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ» Бухоро соли 1997, М.Бухорӣ «Ақоиди Имоми Аъзам дар партави Қуръон ва Суннат» Бухоро 1998, С.Б.Бузургмеҳр «Ҳазрати Имоми Аъзам» маҷал., “Тоҷикистон” N3-4. 1998: Бегиҷон Рустамзода “Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист”. Душанбе 1999, Б. Рустамзода. Ақидаҳои фиқҳии Абӯҳанифа  (Имоми Аъзам), Душанбе 1999, 42 с. С.С.Бузургмеҳр «Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам (р)» Душанбе-«Нодир», с.2000, М. Ҳимматзода «Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа, Хуҷанд – 2004, Шиблии Нӯъмонӣ «Ҳаёти Имоми Аъзам»; китоби ҳозир «Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа» (чопи дувуми таҳрир ва такмилёфта аз Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр – Душанбе, «Мавлавӣ» – 2008  ва ғайра мавриди пажӯҳиши амиқ қарор додаанд. Ин аст бузургӣ, тақво мартаба, мақому манзалат ва маъруфияти Имоми Аъзам /р/ роҳнамову чароғи пурнури умматони Ҳазрати Расули акрам Муҳаммад /с/.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …