Главная / Гуногун / ҶИЛВАИ САНГИ МАРМАР

ҶИЛВАИ САНГИ МАРМАР

Имшаб ҳам Тоҷинисоро хоб набурд. Аниқтараш боз модарашро хоб диду бедор шуд ва дигар хоб накард.

“ – Кай омадӣ?” – мепурсад модараш.

Тоҷинисо нороҳат шуда:

“ – Хеле шуд”, – мегўяд.

“ – Ҳо! – чашмони модар калон кушода мешаванд. – Чаро маро хабар нагирифтӣ? Ман-ку дар ғами ту обу адо шудам”.

Лолу музтар мемонад Тоҷинисо ва намедонад, ки ба модараш чӣ ҷавоб бидиҳад. Модараш оҳи сўзоне кашида, ба оташ мубаддал мегардад. Тоҷинисо тарсида, аз хоб бедор мешавад. Оҳи сўзоне мекашад. Бесабаб не хоби дидааш.

iskusstvennyjj-mramor

Дар оғўши рўзи нав Тоҷинисо бо қалби гирёну ашки сўзон ба лаби ҷўй меравад. Вай ин ҷўйро дўст медорад. Лаби ин ҷўй ҷои бозии онҳо буд. Дар ин ҷўй оббозӣ мекарданд. Лаби он нишаста, хонаи фароштурук месохтанд. Ҳоло бошад, лаби ҷўй диккак менишинад. Ба оби мусаффои он, ки шилдирросзанон ҷорӣ буд, дида медўзад. Ва хоби шаб дидашро ба об мегўяд.

“ – Э оби равони софу дилҷў, таъбири хоби ман бигў!”

Ва оби ҷўйча шалаппос зада, гўё мегўяд: “Ба зиёрати мазори модарат бирав!”

Як ҳиссиёти хиҷолатомезе ўро фаро мегирад. Худро мазаммат мекунад, ки чаро боре ба зиёрати гўристон нарафт. Охир, он ҷо манзили абадии модараш. Ёди модар чун обу ҳаво зарур. Хотирашонро пос доштан ҳам фарзу ҳам қарз. Ў қарор медиҳад, ки ба гўристон рафта, санги мазори модарашро ба оғўш мегираду фиғон мекашад.

– Маро ба гўристон баред.

Падараш як қад парида, бад-бад ба ў менигарад. Сипас бо ситеза мепурсад:

– Дар он ҷо чӣ гум кардӣ?

– Мехоҳам манзили модарамро зиёрат кунам.

Аз чӣ бошад, ки падараш бесаранҷом мешавад. Ва бо сардӣ мегўяд:

– Мумкин не.

– Чаро? – ҳайрон мешавад Тоҷинисо. – Барои чӣ?

– Гуфтам-ку: мумкин не! – бо қаҳр теғи нигоҳ сўи духтараш мекашад.

Тоҷинисо ҷиддан дар тааҷҷуб мемонад.

– Аҷиб?! Доим талқин мекунанд, ки рафтагонро ёд кунед. Ба сари манзилашон рафта, оят хондан савоб аст. Ва боз: “Аз ёд барӣ – аз ёд равӣ!” гуфтаанд. Охир…

Падараш якбора рў турш карда, сухани ўро мебурад:

– Охир-похир надорад. Мумкин не, гуфтам, мумкин не!

Тоҷинисо инони ихтиёр аз даст медиҳад:

– Охир, кӣ гуфт, ки мумкин не?!

– Кӣ? – падараш лаҳзае сукут варзида, баъд мегўяд: – Муллои деҳа.

– Мулло Абдурасул?

– Не-е, ў кайҳо мурд, – бо як хушҳолии аҷибе мегўяд Парда-бобо. – Устухонҳояш ҳам намонд. Мулло Зуҳур.

– Кӣ, кӣ? Зуҳур? Ҳамон Зуҳури писари кали Мансур?

– Ҳа, – кўтоҳ посух медиҳад Парда-бобо.

Аз шиддати ҳайрату тааҷҷуб Тоҷинисо лол мемонад. Ҳама ҷоро хомўшӣ ба коми худ фурў мебарад. Лаҳзае пас яхи хомўширо Тоҷинисо мешиканад:

– О, вай ҳукми қатл гирифта буд-ку?

– Ҳа, гирифта буд, – ҷавоб медиҳад Парда-бобо. – Хешу табораш нангу номус карда, даводав карданд. Ҳукми қатлро ба бист сол иваз намуданд. Ҳамагӣ даҳ сол шишта баромад. Дар ҳамон ҷо азоб кашид, хонд, мулло шуда омад. Илмаш, даму нафасаш беҳад зўр. Ҳама ўро бисёр иззату ҳурмат мекунанд. Ба қарибӣ аз ҳаҷ баргашт. Қуръон хонад, аз оҳангаш дили кас об шуда меравад.

– Қотил мулло! Худоё! Чӣ тазоде!

Дили Тоҷинисо ким-чӣ хел тагу рў шуда, маъюсӣ пахшаш мекунад. Ба кадом як нуқтае чашм дўхта, лаҳзае ба фикр фурў меравад. Сипас ба падараш рў оварда, мепурсад:

– Хонаи ў дар куҷост?

– Дар бари қабристон. Чӣ буд?

– Маро ба назди ў баред.

– Не, – рад мекунад падараш.

Ҳайрон мешавад Тоҷинисо ва муддате хомўш мемонад. Сипас мепурсад:

– Мебаред ё не?

Падараш ба инкор сар ҷунбонда:

– Не! – мегўяд.

Боз муддате ҳарду хомўш мемонанд. Сипас Тоҷинисо яхи хомўширо шикаста, суоли ғайричашмдошт медиҳад:

– Ё аз ў метарсед?

– Чӣ-ӣ?! – сўи духтараш теғи нигоҳ мекашад. – Аз кӣ?

– Аз Мулло Зуҳур.

– Чаро аз ў метарсидаам? – бесаранҷом шуда, ғур-ғур мекунад падараш. – Не, наметарсам, лекин охир…

– Чӣ “охир”? – бетоқат мешавад Тоҷинисо.

– Ба назди ў дасти холӣ рафта намешавад.

– Ҳа, ана гап дар чӣ. Хайр, ҳеҷ гап не. Чӣ бурдан лозим?

– Чӣ мешуд, пул. Дорӣ?

– Ҳа, дорам.

Онҳо ба назди ҳавлии мулло меоянд. Парда-бобо дарро ду-се бор тақ-тақ мезанад. Сипас як табақи дарвозаро кушода, ба дарун медарояд ва гулўяшро афшонда:

– Домулло, ҳо, домулло, – гўён, садо медиҳад.

Ба пешвози ў духтараки даҳ-дувоздаҳсолае мебарояд.

– Падарат дар хона? – мепурсад Парда-бобо.

– Ҳа, намоз мехонанд, – мегўяд духтарак. – Шумо гузашта шинед.

Рўи кат нишаста, интизор мешаванд. Аз ошхона бўи хуши ош ба димоғашон мезанад. Ҳавлӣ сокит буду хомўш. Онҳо сар ба зер афканда, ба андеша мераванд.

Аз садои сулфа ба худ меоянд. Мулло Зуҳур намозашро хонда, бо фахру ғурур аз хона мебаромад. Падару духтар ба ҳурмати ў зуд аз ҷояшон мехезанд.

Мулло Зуҳур марди синаш аз ҳафтод гузашта, тарҳи рўяш дуруште буду илова бар ин, дар бари рўяш доғи ҷароҳат ҳам дошт. Рўи рихинакдори ўро қисман риши ғуллии сурхчатоб ва ҳамчун дандоншўяк дурушту дағалаш панаҳ мекард. Тоқии сафеди ҳоҷигӣ, ҷелаки хурмоиранг ва шими рах-рах дар бар карда буд. Чун Пардаро бо духтари зебо мебинад, табъаш хуш мегардаду рўҳаш кушода. Ва аз чашмони бемижгону танг-тангаш гўё алов мепарад. Вай бо тамоми овоз:

– Э, Пардабой! – мегўяд. – Муборак шавад. Наваша ёфтӣ-ку? О, мегуфтӣ, рафта дар хонаат никоҳ мекардам…

– Э, не-е… – Парда-бобо дасту по мехўрад. – Ин духтарам.

– Духтарат? – Мулло Зуҳур бо ҳайрати бепоён ба Парда-бобо менигарад, гўё ба гапи вай бовар намекунад. – Духтари ҳамхунат?

– Ҳа, ҳа, духтари ҳамхунам, – зуд ҷавоб медиҳад Парда-бобо.

– Нахо-о-од? – Мулло Зуҳур ба сар то пои Тоҷинисо чашм медавонад.

Аз шарму хиҷолат Тоҷинисо сурх шуда, сар ба зер меафканад. Мулло Зуҳур ба Парда-бобо рўй меорад:

– О, ўро бори аввал мебинам-ку?! Ё ин париро дар ягон ҷой пинҳон карда будӣ?

– Не, вай дар шаҳр мехонд, – бо табассум ҷавоб медиҳад Парда-бобо. – Ба наздикӣ омад…

– Ҳа, шаҳр ганда, – дарҳол сухани ўро мебурад Мулло Зуҳур ва дар қиёфааш як ҷиддияте пайдо мешавад. – Иблису деву аҷинааш бешумор. Ҳеҷ гап не! Се-чор бор хонам, гул мегардад. Даму нафаси ман зўр. Ҳа, ба шарте, ки ихлос кунад. Ихлосу халос гуфтаанд. Ўро монда рав…

– Не-не! – саросема мешавад Парда-бобо. – Вай мехоҳад, ки қабри модарашро зиёрат кунад.

Ба тасдиқ сар такон медиҳад Тоҷинисо ва бо чашми умед ба Мулло Зуҳур менигарад. Мулло Зуҳур, зоҳиран, андўҳомез табассум мекунад.

– Ҳа-а, – ҳамдардона ба Тоҷинисо нигоҳ мекунад. Сипас абрў дарҳам кашида, қатъӣ мегўяд:

– Ба зан мумкин не!

Дар вуҷуди Тоҷинисо хоҳише рў мезанад, ки дарди дилашро гўяд. Вале зуд ин хоҳишро саркўб мекунад: назди беғам ғами дилро набояд гуфт.

– Кӣ маън кардааст? – кинояомез мепурсад ў.

Ин суол ба иззати нафси Мулло Зуҳур сахт мерасад, меранҷад, табъаш якбора хира мегардад. Башаст аз ҷояш мехезад. Кӣ медонад, ин дам дашном доданӣ ё ягон гапи обдор заданӣ буд, ки нигоҳаш ба Парда-бобо афтода, суст мешавад.

– Ҳай-ҳай, магар намедонӣ?

– Не, – кўтоҳ посух медиҳад Тоҷинисо.

Оҳи вазнине мекашад Мулло Зуҳур ва тунду қатъӣ мегўяд:

– Қуръон!

– Наход?

– Ҳа, ман пушту паноҳ, ҳомии Қуръони карим ҳастам. Дигар занҳо ҳам омада, аз гиребонам мегиранд, ки чаро ба ў мумкину ба мо не? Ана баъд ёбу гир. Аз тарафи дигар гуфтаи Парвардигор амри воҷиб аст. Ман қудрате надорам, ки сар бипечам ва ё ба андешаи ботиле биафтам. Дар акси ҳол аз лутфу меҳрубонии ў маҳрум хоҳам гашт.

Парда-бобо ба Тоҷинисо нигоҳи ғолибонае мепартояд. Дили Тоҷинисоро яъсу ноумедӣ фаро мегирад. Оҳи пураламе мекашад Мулло Зуҳур ва гўё чизеро барои худ кашф карда бошад, чашмашро ба бозӣ дароварда, аз Тоҷинисо мепурсад:

– Шавҳар дорӣ?

Хиҷолат мекашад Тоҷинисо, ба рўяш сурхӣ медавад. Ба замин дида дўхта, кўтоҳ ҷавоб медиҳад:

– Доштам.

Мулло Зуҳур пурсишашро идома медиҳад:

– Ҷудо шудед?

Сар ба тасдиқ меҷунбонад.

– Фарзанд дорӣ?

Боз сар ба тасдиқ меҷунбонад.

– Чандто?

– Якто.

– Писар ё духтар?

– Писар.

– Ниҳоят, саволи охирин: никоҳ доштед?

– Никоҳ? – гашта мепурсад Тоҷинисо ва ба инкор сар меҷунбонад.

Мулло Зуҳур пешонӣ чин карда, оҳи дарозе мекашад.

– Сад афсўс, ки… – забон мехояд Мулло Зуҳур ва сўи ў нигоҳи маънидре меафканад.

Дили Тоҷинисо аз зўри ҳаяҷон ба тапиш меояд: гурс-гурс тапидани он баръало ба гўшаш мерасад. Мегуфт, ки бидеҳ, ҳар чӣ бодо бод!

– Мефаҳмам, – мегўяд Тоҷинисо ва ба Мулло Зуҳур пул дароз мекунад. – Ин як хайр, дуо диҳед.

Мулло Зуҳур:

– Лозим набуд, – гўён, пулро қаб зада, мегираду даст ба дуо мебардорад.

Падару духтар ҳам даст ба дуо мебардоранд.

Мулло Зуҳур бо овози баланд:

– Кам нашав, духтарам, Худо ёрату Хизр алайҳи-с-салом мададгорат, – гўён, даст ба рўй мекашад.

Баъд саросема нашуда, челакашро дуруст карда, ба Тоҷинисо як табассуми мулоимхунуконае ҳадя мекунад.

– Хўш, э, бале! Э, офарин!

Сипас лаб фурў баста, бо чашмони беғаму бепарвояш синчакорона ба Тоҷинисо менигарад. Лаҳзае парешонӣ хотири Тоҷинисоро мағшуш мегардонад. Вале зуд худро ба даст гирифта, нигоҳи ўро дарк мекунад. Ҳа, пуртамаъ буд нигоҳаш. Бале: “Боз те!” – мегуфт.

“ – Э рўбоҳи айёр-е!” – бо нафрат дар дил мегўяд Тоҷинисо ва боз ба ў пул дароз карда, бо як лаҳни форам:

– Ин барои зиёрати манзил, – мегўяд.

Муқобили ин ҷасорати духтараш дар андоми Парда-бобо аломати норизоӣ ҳувайдо мегардад. Мулло Зуҳур гўё хоб буду як қад парида, бедор мешавад, бо лакнати забонӣ:

– Э… ъ… лозим набуд, – мегўяд ва пулро боз қап зада, мегираду ба кисааш ҷо мекунад. Баъд оҳе кашида, ангушти ишораташро ба пешонӣ бурда, гўё ким-чиро ба хотир меорад ва оҳанги гуфторашро тағйир дода, мегўяд:

– Оббо, рўи одам гарм-да…

“ – Не, рўи пул!” – дарҳол дар дил мегўяд Тоҷинисо.

– … Аввалин бор умед кашида, ба кулбаи ман омадӣ, ноумед гашта равӣ хуб не. Хайр, чӣ илоҷ: “Зарур бошад, раво бошад!” – гуфтаанд. Барои ту шуда, ҳама гуноҳро ба гардани худам мегирам.

“ – Ҳо, рўбоҳаки айёр-е!” – боз дар дил мегўяд Тоҷинисо.

Пас аз ин Мулло Зуҳур тасбеҳашро ба даст гирифта, аз ҷояш мехезад:

– Хуб, рафтем, қабри модаратро зиёрат кунем, – гўён, пеш медарояд.

Вақте ки онҳо аз дарвоза баромаданд, ба ёди Мулло Зуҳур боз чизе расидагӣ барин, меистаду лаҳзае ба онҳо менигарад. Сипас ҷиддӣ мепурсад:

– Таҳорат доред?

– Ҳа, ҳа, дорем, – дарҳол ҷавоби дурўғ медиҳад Парда-бобо.

Аммо Тоҷинисо дурўғ гуфта наметавонад.

– Ман надорам, – беҷуръатона мегўяд. – Нафаҳмидам.

– Хайр, гард, дар хона таҳорат кун, – хайрхоҳона ба ў рў меорад Мулло Зуҳур.

– Набошад, ман ҳам аз сари нав таҳорат кунам, – Парда-бобо ҳам қафо мегардад. – Роҳи дароз омадам.

Пас аз адои таҳорат Мулло Зуҳур боз ба онҳо рўй меорад:

– Одоби зиёрати гўристонро медонед?

Парда-бобо ба Тоҷинисо ва Тоҷинисо ба Парда-бобо нигоҳ мекунад. Ва ҳарду лолу музтар мемонанд. Ҳаргиз интизор набуданд чунин саволро. Ба гўшаи хаёлашон наомад, ки ин саволро ба онҳо медиҳанд. Боз кӣ? – Мулло Зуҳур.

– Намедонед? – бо тааҷҷуб мепурсад Мулло Зуҳур.

Сипас суоломез ба рўи Парда чашм медўзад. Вай ҳарфе ба забон наоварда, гунаҳгорона сар ба зер меафканад. Мулло Зуҳур теғи нигоҳ ба сўи Тоҷинисо равон мекунад:

– Ту чӣ?!

– Не, – кўтоҳ ҷавоб медиҳад Тоҷинисо.

– Об-бо, – норозиёна абрў дарҳам мекашад Мулло Зуҳур ва бо шухӣ илова менамояд: – Шумо шаҳриҳора дар нағмаву усул монанд.

Баъд файласуфона мегўяд:

– Худову расулро ҳам ёд кардан шарту зарур. Ҳа, ҳам фарзу ҳам қарз.

Сипас одоби зиёрати гўристонро ба онҳо фаҳмонда, роҳӣ мешавад. Аз афташ, пул ба Мулло Зуҳури ҳафтодудусола қувваю дармон бахшид: вай чунон чобуку тез мерафт, ки аз қафояш расидан душвор буд. Мулло Зуҳур ҳоло по ба остонаи гўристон намонда, гирдбоде мехезад.

– Ё наузанбиллоҳ! – гўён, гиребон медорад Мулло Зуҳур ва дар ҷояш меистад. Падару духтар ба ў пайравӣ мекунанд. Гирдбод як гўристонро чарх зада, мелесаду хору хаси онро ба осмон бардошта, шитобон меравад. Мулло Зуҳур “аз пасам оед” – гўён, ба онҳо ба даст ишора мекунад.

Қабристони деҳа чандон калон набуд ва ба қабристон монандӣ ҳам надошт. Агар ходачўбҳои сари теппачаҳо намебуданд, он харобазореро мемонд. Чор дарахт ба чашм мерасид, ки кайҳо хушкида, ба хода шабоҳат дошт. Ҳама ҷоро алафҳои худрўй пахш карда буд. Чанд гўри фурўрафта ба чашм мерасид, аз дохили яке устухонҳо менамуданд. Ин ҳама ба дили Тоҷинисо воҳима меандозад. Ва дар ҷояш шах мешавад.

– Биё, биё! – мегўяд ба ў Мулло Зуҳур.

Вай воҳимаи худро пахш карда, дар дил: “Парвардигоро, бандаи пургуноҳатро бубахш! Бисмиллоҳи раҳмони раҳим”, – гуфта, роҳӣ мешавад.

Мулло Зуҳур дар даромадгоҳи гўристон истода, Тоҷинисоро ба пеш ҳидоят менамояд. Аммо ў эътирозомез:

– Не, не, аввал шумо, – мегўяд.

– Мазор қадамгоҳест, ки калону худро намедонад, – боз файласуфона мегўяд Мулло Зуҳур. – Шоҳу гадоро ба мазор пайроҳа як аст

Дар фазои гўристон як сукути ҳузновару пурасроре ҳокимӣ мекард. Тоҷинисо ба гўристони харобазор менигаристу дилаш бемаром мезад.

– Гўристон не, харобазор, фаромўшхона! – бидуни ихтиёр ба забон меорад Тоҷинисо.

– Шаккокӣ накун?! – ба сари ў дўғ мезанад Мулло Зуҳур. – Ин ҷо қасри консерт не, қабристон! Канӣ қабри модарат?

Вай як қад парида, дасту по мехўрад. Лаҳзае ҳайрону музтар мемонад. Сипас суоломез чашм ба падараш медўзад. Падараш аз ин нигоҳ ноҳинҷор шуда, ҳаросону бо зарда, дўғ мезанад:

– Чӣ ба ман нигоҳ мекунӣ?

– Охир, боз ба кӣ нигоҳ кунам?

Парда ба худ намуди ҷиддӣ ва шиддатноке мегирад.

– Қабри модарамро нишон диҳед.

Парда-бобо гурбавор, бо овози нимшунаво гулў афшонда:

– Ҳа-а, ҳозир, – гўён, ба ҷустуҷўи қабри ҳамсараш шурўъ мекунад.

Байни гўрҳо ин тараф-он тараф, оҳиста-оҳиста қадам мезад. Гоҳ-гоҳ истода, ин сў-он сў чашм медавонд. Ва боз ҷустуҷўро давом медод. Ҷустуҷўи қабр тўл мекашад.

– Э, тезтар бош, рўз бегоҳ шуд! – ошуфтахотир мегўяд Мулло Зуҳур.

Ҳар чанд меҷўяд – ҳайҳот! – бенатиҷа, қабри ҳамсарашро намеёбад. Ниҳоят оҳе мекашаду дар ҷояш меистад.

– Чӣ истодӣ? – норозиёна рў турш мекунад Мулло Зуҳур.

Парда-бобо китф дарҳам мекашад.

– Хайр, кадомаш? – бетоқатона мепурсад Мулло Зуҳур.

– Надонам? – боз китф дарҳам мекашад Парда-бобо ва ким-чӣ хел оҷизона илова менамояд: – Охир, инҳо ҳамаашон як хел-ку.

– Худатро сафед накун! – ғазаби Мулло Зуҳур ҷўш мезанад.

Бо кароҳат Тоҷинисо ба падараш менигарад:

– Пас аз дафн ягон бор наомадед магар?

Ба ҷои ҷавоб Парда-бобо ба сукут меравад. Сукут аломати ризо. Тоҷинисо таънаомез мегўяд:

– Наход ки дар рўзҳои иду айём ҳам омада, оят нахонда бошед?

Ягон ҳаракате зоҳир намекунад Парда-бобо. Тоҷинисо, дар ҳоле, ки овозаш меларзид, мегўяд:

– О, аққалан ягона нишона мемондед, намешуд?!

– Чӣ, дигар кор надоштам?! – якбора ба шўр меояд падараш. – Ё омада, гўрбонӣ мекардам?!

Дили озурдаи Тоҷинисо сонияе аз кор мемонад, банди пойҳояш суст ва беҳол мешаванд. Сараш чарх зада, лабонаш меларзанд ва гиря гулўгираш мекунад. Баъди андаке ба худ омада, бо як ҳиссиёти нафратовару таассуфомез ба падараш рўй меорад:

– Худоё, наход ки гўри ҳамсари худро надонӣ! Охир, ин шармандагист! Охир, ин даҳшат аст! Ин нанг аст!

Ин гўё фарёду нафрине буд, ки аз дилаш мисли як пора оташи сўзон берун ҷаст.

Иззати нафси падар сахт коҳида, аз ғазаб меларзад. Теғи нигоҳ сўи духтараш мекашад. Аз ҳар тори мижгонаш қаҳру ғазаб мерехт. Аз шиддати он дар пешонааш арақ пайдо мешавад.

– Ҳо-о-й, тирмизак! – дастак мезанад падараш. – Ба ту чӣ?! Ба ту нанг нест?! Ин қадар сол дар куҷо будӣ?! Чаро ўро ёд наовардӣ?!

Якбора дилу дасту пои Тоҷинисо меларзанд. Ва ўро арақи шарму ҳаё пахш мекунад. Замин намекафад, ки дарояд. Сипас яъси сахте фарояш мегирад.

– Оҳ, Худоё!..

Тасбеҳ аз дасти Мулло Зуҳур ба рўи замин меафтад. Вай хам шуда, тез онро мебардорад ва шитобкорона аз хок тоза мекунад. Баъд онро мебўсаду ба чашмонаш мемолад. Ва сипас озмоишкорона ба чеҳраи пуризтироби Парда-бобо назар медўзад.

– Асабӣ нашав, Парда! – дилбардорона мегўяд ба ў. – Асабӣ нашав, худро ба даст гир, вазнин шав!

Нафаси вазнин мекашад Парда-бобо ва ба рўи Мулло Зуҳур менигарад.

– Охир… – забон хоида, лаб фурў мебандад.

Мулло Зуҳур маломатомез илова менамояд:

– Охир, ту мардӣ-ку?!

Боз оҳ мекашад ва сар ба зер меафканад.

Аз ин қаноатманд мешавад Мулло Зуҳур ва ба рўи пур аз ҳузни Тоҷинисо менигарад, гўё ҳеҷ воқеае рўй надода бошад, оромона мегўяд:

– Ҳеҷ гап не! Рўҳу арвоҳаш дар ҳамин гўристон аст-ку. Оят мехонем, зиёратат қабул гашта, рўҳаш осуда мегардад.

Ғаму ғуссаи сахте дили Тоҷинисоро мефишорад.

– Модари азиз, ана ман, духтарат омадам, – мегўяд Тоҷинисо ва боз ашк дар чашмонаш падид меояд.

“Аз Ҳиндустон хабар меояду аз гўристон не” – Тоҷинисо садое намешунавад. Нури офтоб дар ашки ў акс ёфта, ба чашми Парда-бобо мезанад.

– Оби дида накун! – танбеҳомез нидо мезанад Парда-бобо.

– Чашм дар ҷои тарӣ, – файласуфона мегўяд Мулло Зуҳур ва менишинаду ба қироат сар мекунад. Вай оят мехонд, вале овозаш шунида намешуд. Танҳо лабонаш меҷунбиданду халос. Дуру дароз оят мехонад. Тоҷинисо нороҳат шуда, меҷунбад. Мулло Зуҳур нигоҳи ғазаболуде ба сўи вай меафканад.

Пас аз адои оят ногаҳ чашми Тоҷинисо ба санги мармари сафеде меафтад. Қувваи ноаёне ўро сўи он санг мекашад. Дар рўи суфтакардаи санги мармар бо ҳарфҳои кандакории зарҳалӣ навишта шуда буд:

МАРДОН МУРОДОВ

21.06.1951 – 20.03.1993

Аз ҳамсараш.

Баногоҳ Тоҷинисо:

– Оҳ! – гуфта ба замин менишинад.

– Чӣ шуд?

Чун ба худ меояд, Тоҷинисо лаб ба сухан во карда, мегўяд:

– Аз ҷилваи санги мармар чашмам сиёҳӣ зад.

Ва аз ҷо бархоста, оҳи чуқуру дардолуде мекашад.

– Э, мон-е! – маҳкумомез мегўяд Мулло Зуҳур. – Аз ҷилваи санги мармар чӣ самар?

Дили Тоҷинисо меларзад. Нигоҳе сўяш афканд, мехоҳад бигўяд, ки: “Ҳа, ба ту ҷилваи пул бошад!”. Вале гуфта наметавонад. Забонаш намегардад. Танҳо аз чашмонаш қатраҳои ашк ҷорӣ мешаванд.

– Боз оби дида?! – дағалона мегўяд Парда-бобо.

Ҷону ҷигари Тоҷинисо сўхта, нафасаш дар гулў мепечад. Гўшҳояш садо дода, сараш чарх мезанад. Боз ба замин мешинад.

– Эҳ, вой модарҷон! – навҳа мекашад Тоҷинисо ва сарашро рўи санги сард мемонаду мегиряд. Ҳунгос зада, бо дарду алами бепоён мегиряд. Қатраҳои ашкаш бар сари санги мазор зада, чун садаф парешон мегаштанд.

Мулло Зуҳуру Парда-бобо ҳайкалвор рост меистоданд.

Акнун Тоҷинисо беовоз мегирист. Оби ду чашмаи чашмаш лавҳаи гўрро мешўст.

Як хомўшии ҳузнангезе ҳукмрон мегардад. Санги мармар аз нури хуршед ҷилва мекунад. Ҷилваи он гўё ханҷаре буд, ки ба тани Мулло Зуҳур мехалад. Аз ин оташи ғазабаш аланга мезанаду ба Парда-бобо рў меорад:

– Чӣ шах шудӣ?!

Вай як қад парида, ба худ меояду сўи Мулло Зуҳур мегардад.

– А-а… Чӣ гуфтед?

– Хезон ўро! – Тоҷинисоро нишони дода, амр мекунад ў ба Парда-бобо.

– А-а… ҳозир, – гўён, Парда-бобо ба тори сари духтараш рафта, бо ғазаб амр мекунад:

– Хез!

Аз ҷо намеҷунбад Тоҷинисо, амри падарро пушти по мезанад. Ин ба иззати нафси падараш сахт мерасад.

– Эъ, хез-е! – бо нафрат Тоҷинисоро тела медиҳад.

Якнима, рўи замин меафтад Тоҷинисо.

– Хез, девонагӣ накун!

Аммо як раги Тоҷинисо намеҷунбад.

– Э, вай мурдааст! – бо таҳлука дод мезанад Парда-бобо.

Аз тарсу ҳарос Мулло Зуҳур меларзад. Ва бехудона дод мезанад:

– Об биёр!

– Об?

– Ҳа, об! Оби сард! Тез!

– Ҳа, хуб, хуб, – гўён, Парда-бобо саросема ду-се қадам мемонаду меистад. Ва ба Мулло Зуҳур рўй меорад:

– Дар чӣ биёрам?

– Дар сари қаврат! – дод мезанад Мулло Зуҳур. – Дар панҷаат… не, дар тоқиат!

Дав-давон Парда-бобо тоқиашро пури об карда, ба дасти Мулло Зуҳур медиҳад. Вай панҷа-панҷа об мепошид ба рўи Тоҷинисо ва ба рухсораҳояш шапотӣ мезад. Ва:

– Ҳушёр шав! – гўён, садо мезад.

Ниҳоят Тоҷинисо ба худ меояд, чашм кушода, ҳаросон ба гирду атроф назар медўзад. Нолише аз умқи сина бадар мекунаду беҳолона паҳлў гашта, ба ҷояш мешинад. Баъд рў ба осмон меорад:

– Эй Худои карим, ку адолат?!

Ин суханон ба Мулло Зуҳур чун тир кора мекунанд.

– Э, хез-е!

– Раҳм намо, Худоё!..

12 августи соли 2002

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …