Тараққиёти индавраинаи илми физика бо номи олими бузурги англис Ҷ. Максвелл алоқаманд аст. Ӯ назарияи умумии протсессҳои электромагнитиро тартиб дод. Ҷ. Максвелл рӯшноиро ҳамчун як намуди ларзиши электромагнитӣ исбот намуд.
Нишондодҳои Ҷ. Максвеллро Г. Гертс ва олимони дигар бо таҷрибаҳои худ тасдиқ ва инкишоф доданд. Самти тадқиқоти Ҷ. Максвелл ва Г. Гертсро давом дода, олими немис В. К. Рентген соли 1895 “шуои икс”-ро кашф кард, ки он имрӯз дар илми тиб ва соҳаҳои дигар ба таври васеъ ба кор бурда мешавад. Олими рус А. С. Попов усули нурафканӣ ва қабули мавҷҳои электромагнитиро барои алоқаи бесим кашф карда, баъд дар асоси онҳо радио сохт.
Ба илми физика олимони машҳури ҷаҳон – франсавиҳо А. Беккерел, Фредерик Жолио ва Мария Складовская-Кюри, Э. Рзерфорди англис, даниягӣ Ниле Бор ва олимони дигар саҳми сазовор гузоштаанд.