Главная / Гуногун / ҲИКОЯТИ Араб ранҷур

ҲИКОЯТИ Араб ранҷур

Яке аз мулуки Араб ранҷур буд дар ҳолати пирӣ ва умеди зиндагонӣ қатъ карда, ин нигоҳ саворе аз дар даромад ва башорат дод, ки фалон қалъаро ба давлати худованд кушодем ва душманон асир омаданд ва сипоҳу раъияти он тараф ба ҷумлагӣ мутеи фармон гаштанд. Малик нафасе сард баровард ва гуфт:
– Ин мужда маро нест, душманонам рост, яъне ворисони мамлакатро.

Бад-ин умед ба сар шуд дареғ умри азиз,
Кӣ он чӣ дар дилам аст, аз дилам фароз ояд.
Умеди баста баромад, вале чӣ фоида з-он-к
Умед нест, ки умри гузашта боз ояд.

arab

***
Кўси реҳлат бикуфт дасти аҷал,
Эй ду чашмам, видои сар бикунед.
Эй кафи дасту соиду бозу,
Ҳама тавдеи якдигар бикунед.
Бар ман афтода душмани ноком,
Охир, эй дўстон, гузар бикунед.
Рўзгорам бишуд ба нодонӣ,
Ман накардам, шумо ҳашар бикунед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …