Главная / Гуногун / Ҳикояи Товус ва зоғе

Ҳикояи Товус ва зоғе

Товусу зоғе дар саҳни боғе фароҳам расиданд ва айбу ҳунари якдигарро диданд. Товус бо зоғ гуфт:

—Ин мўзаи сурх, ки дар пои туст, лоиқи атласи заркаш ва дебои мунаққаши ман аст. Ҳамоно, дар он вақт ки аз шаби торики адам45 ба рўзи равшани вуҷуд меомадем, дар пўшидани мўза ғалат кардаем: ман мўзаи кемухти сиёҳи туро пўшидаам ва ту мўзаи адими46 сурхи маро.

tovus

Зоғ гуфт:

—Ҳол бар хилофи ин аст. Агар хатое рафтааст, дар пўшишҳои дигар рафтааст: боқии хилъатҳои ту муносиби мўзаи ман аст. Ғолибан, дар он хоболудагӣ ту сар аз гиребони ман барзадаӣ ва ман сар аз гиребони ту.

Дар он наздикӣ кашафе47 сар ба ҷайби муроқаба фурў бурда буд ва он муҷодалаву48   муқоваларо 49 мешунуд, сар баровард, ки:

— Ай ёрони азизу дўстони соҳибтамиз, ин муҷодалаи беҳосилро бигузоред ва аз ин муқовалаи билотаъйил 50 даст бидоред, ки Худои таоло ҳама чизро ба як кас надодааст ва зимоми ҳама муродот дар кафи як кас наниҳода. Ҳеҷ кас нест, ки варо хоссае надода, ки дигаронро надодааст ва дар вай хосияте наниҳода, ки дигаронро наниҳода. Ҳар касро ба додаи худ хурсанд бояд буд ва ба ёфтаи худ хушнуд.

Қ и т ъ а

Бурдан ҳасад аз ҳоли касон таври хирад нест,

Зинҳор, ки аз таври хирад дур набошӣ.

Аз халқ тамаъ ҳамчу ҳасад мояи ранҷ аст,

Бигсил тамаъ аз халқ, ки ранҷур набошӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …