Главная / Гуногун / Ҳикояи Рўбоҳ ва Гургу Саг (Афсона)

Ҳикояи Рўбоҳ ва Гургу Саг (Афсона)

Рўбоҳе бар сари роҳе истода буд ва чашми муроқабат 15 бар чапу рост ниҳода. Ногоҳ аз дур сиёҳие пайдо шуд. Чун наздик омад, дид, ки яке дарранда — гург бо саге бузург бар сурати дўстони содиқ ва ёрони мувофиқ, ҳамроҳ меоянд: на онро аз ин таваҳҳуми қарибӣ ва на инро аз он дағдаға осебе. Рўбоҳ пеш давиду салом кард ва вазифаи эҳтиром ба ҷой овард ва гуфт:

ruboh-gurg— Алҳамдулиллоҳ, ки кини дерин ба меҳри тоза мубаддал шудааст ва душмании қадим ба дўстии ҷадид иваз гашта. Аммо мехоҳам, ки бидонам сабаби ин ҷамъият чист ва боиси ин амният кист?

Саг гуфт:

— Сабаби ҷамъияти мо душмании шубон 16 аст, аммо душмании гург ва шубон мустағнӣ аз баён аст ва сабаби душмании ман бо вай он, ки дирўз ин гург, ки имрўз маро давлати рафоқати вай даст додааст, бар рамаи мо ҳамла кард ва як барра бирабуд. Ман, чунон ки одати ман бувад, дар қафои вай бидавидам, то он барраро аз вай биситонам, аммо ба вай нарасидам. Чун боз омадам, шубон чўб бар ман кашид ва бе мўҷиб маро ранҷонид, ман низ робитаи дўстӣ аз вай бигусастам ва бо душмани қадими вай бипайвастам.

 

Қ и т ъ а

Ба душман дўст шав з-он сон, ки ҳаргиз

Ба теғи душманӣ нахрошадат пўст.

Макун бо дўст чандон душманӣ соз,

Қи бар рағми 17 ту бо душман шавад дўст.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …