Главная / Гуногун / Ҳикояи Рўбоҳ бо гург (Афсона)

Ҳикояи Рўбоҳ бо гург (Афсона)

Рўбоҳе бо гурге дами мусодақат5 мезад ва қадами мувофақат мениҳод. Бо якдигар ба боғе гузаштанд, дар устувор буд ва деворҳо пурхор. Гирди он гардиданд, то ба сўрохе расиданд, ки бар рўбоҳ фарох ва бар гург танг. Рўбоҳ осон даромад ва гург ба заҳмати фаровон. Ангурҳои гуногун диданд ва меваҳои рангоранг ёфтанд.

lisa-i-volkРўбоҳ зирак буд, ҳоли берун рафтанро мулоҳаза кард ва гурги ғофил чандон, ки тавонист, бихўрд. Ногоҳ боғбон огоҳ шуд ва чўбдасте бардошт ва рўй бар эшон ниҳод. Рўбоҳи борикмиён зуд аз сўрох биҷаст ва гурги бузургшикам дар он ҷо маҳкам шуд. Боғбон бар вай расид, чўбдаст кашида чандонаш бизад, ки гург на мурда, на зинда, пўст дарида ва пашм кандида аз он тангной берун рафт.

 

Қ и т ъ а
Зўрмандӣ макун, Ай хоҷа, ба зар,
К-охири кор забун хоҳӣ рафт.
Фарбеҳат кард басе неъмату ноз,
3-он бияндеш, ки чун хоҳӣ рафт?!
Бо чунин ҷусса, надонам, ки чӣ сон
Ба дари марг бурун хоҳӣ рафт?!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …