Главная / Гуногун / Ҳикояи Рўбоҳбача бо Модараш

Ҳикояи Рўбоҳбача бо Модараш

Рўбоҳбачае бо модари худ гуфт:

ruboh— Маро ҳилае биёмўз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам. Гуфт:
— Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки дар хонаи худ бинишинӣ: на ў туро бинад ва на ту ўро бинӣ.

Қ и т ъ а
Чу бо ту хасм шавад сифлае, на аз хирад аст,
Ки дар хусумати ў макру ҳила соз кунӣ.
Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он беҳ,
Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …