Главная / Гуногун / Ҳикояи Муш ва Бой

Ҳикояи Муш ва Бой

Муше чанд сол дар дўкони хоҷаи баққол буд ва аз нуқлҳои хушк ва меваҳои тар моломол ба сар мебурд ва аз он неъматҳои хушку тар мехўрд. Хоҷаи баққол онро медид ва иғмоз 10 мекард ва аз мукофот эъроз менамуд 11, то рўзе ба ҳукми он, ки гуфтаанд:

mushБ а й т

Сифлаи дунро чу гардад меъда сер,
Бар ҳазорон шўру шар гардад далер,

ҳирсаш бар он дошт, ки ҳамёни хоҷаро бибуррид ва аз сурху сафед12 ҳар чӣ буд, ба хонаи худ кашид. Чун хоҷа ба вақти ҳоҷат даст ба ҳамён бурд, чун кисаи муфлисон тиҳӣ ёфт ва чун меъдаи гуруснагон холӣ. Донист, ки он кори муш аст. Гурбавор камин карду вайро бигирифт ва риштаи дароз дар пойи ў баст ва бигзошт, то ба сўрохи худ дарун рафт ва ба андозаи ришта ғаври13 онро бидонист. Дунболи он гирифт ва он сўрохро биканд, то ба хонаи вай расид. Хонае дид чун дўкончаи саррофон сурху сафед бар ҳам рехта ва динору дирҳам бо ҳам омехта. Ҳаққи худро тасарруф намуд ва мушро берун овард ва ба чанголи гурба супурд, то ҷазои худ дид, он чӣ дид ва мукофоти ноҳақшиносии худ кашид, он чӣ кашид.

Қ и т ъ а

Гар шўру шаре ҳаст — ҳарисони ҷаҳонрост,
Хуррам дили қонеъ, ки зи ҳар шўру шаре раст.
Дар иззи қаноат ҳама равҳ14 омаду роҳат,
Дар ҳирс фузунист, агар дарди саре ҳаст!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …