Главная / Гуногун / Идоракунии файлҳо бо ёрии папкаи «Мои документы»

Идоракунии файлҳо бо ёрии папкаи «Мои документы»

Ҳуҷҷатҳое, ки дар барномаи Microsoft word ва дигар барномаҳо тартиб дода мешаванд, файлҳои алоҳидаи компютерӣ мебошанд ва онҳо дар папкаи «Мои документы» нигоҳ дошта мешаванд.

Азназаргузаронии мавҷудоти папкаи «Мои документы» бо як- чанд усул иҷро карда мешавад. Инчунин онро ба воситаи роҳбалад низ кушодан мумкин аст. Яке аз ин усулҳо истифодабарии мушак мебошад. Барои ин амалҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

  1. Тугмачаи «ПУСК»­ро барои даъвати менюи асосӣ пахш мекунем;
  2. Нишонии «Мои документы»­ро интихоб мекунем;

Расми папкаи «Мои документы»

Чӣ тавре ки дар расми «Мои документы» нишон дода шудааст дар папкаи «Мои документы» ба ғайр аз файлҳои алоҳида боз як қатор папкаҳое, ки  зерпапкаҳо номида мешаванд, ба монанди «Мои картинки», «Моя музыка» ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд.

            Барои аз назаргузаронии мавҷудоти зерпапкаҳо ба нишонии онҳо ду маротиба пайиҳам тугмачаи чапи мушак (як маротиба тугмачаи рости муш)-ро пахш кардан лозим аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …