Главная / Варзиш / Идҳои ҷаҳонии варзиш (бозиҳои олимпӣ) чи гуна пайдо шудаанд?

Идҳои ҷаҳонии варзиш (бозиҳои олимпӣ) чи гуна пайдо шудаанд?

Дар Юнони Қадим асосгузорони бузургтарин Бозиҳои олимпӣ худоён, шоҳон, ҳукмфармоён ва қаҳрамононро мепиндоштанд. Олим- пиадаи машҳури қадима соли 776-и пеш аз милод гузашта буд. Бозиҳои охирин дар соли 394 то милод баргузор шуда буданд. Барои мо ҳатто номи ғолиби он бозиҳо низ маълум аст. Биёед, мо онро дар ёд медорем. Бо ин ном таърихи Ҳаракати олимпӣ оғоз меёбад. Номи ӯ Корэб – атлет аз шаҳри Элида мебошад. Олимпиадаҳо одамонро шӯҳратманд сохтанд. Онҳо камолоти бадан ва рӯҳро таҷассум менамуданд, одамо- ни мутаносибан гашаккулёфтаро ошкор мекарданд.

1324

Дар шаҳри кадими Олимпия мусобиқаҳо ва бозиҳои олимпӣ ташкил карда мешуданд. Онҳо дар 4 сол як маротиба гузаронида мешуданд. Дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарони юнонӣ дар мусобиқа- ҳои давидан, ҷаҳидан, партофтани ҳалқа, гӯштингирӣ, муштзанӣ, мусобиқаҳо дар аробачаҳо қувваи худро месанҷиданд.

13245

Пеш аз мусобиқаҳо варзишгарон барои риоя намудани қоидаҳои бозихои варзишӣ қасам ёд мекарданд. Ба Бозиҳои олимпӣ дурӯггӯён, дуздон, фиребгарон роҳ дода намешуданд. Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ тараф ва мусъулияти бузург ба ҳисоб мерафт. Ҳар як варзиш- гарбояддаҳмоҳдархона ва як моҳдарОлимпия машқмекард.

Ҳангоми Бозиҳои олимпӣ ҷангҳо қатъ мешуданд. Бозиҳои олимпӣ барои гирд овардани одамони тамоми дунё, новобаста ба нажод, дин, ақидаи онхо пешбинӣ шуда буданд.

Ҳар боре, ки дар болои майдонҳои варзишӣ парчами чун барф сафед бо панҷ ҳалқаи пайваста ва гулхани олимпӣ афрохта мешуд, ҳама бо шавқи беандоза Бозиҳои олимпиро тамошо мекарданд. Ода- мони зиёде мехостанд дар ин мусобиқа иштирок кунанд. Тамошоби- нон дар болои теппахо нишаста, баромади варзишгаронро дастгирӣ мекарданд. Ба Бозиҳои олимпӣ шоирон, нависандагон, файласуфон, ҳайкалтарошон ташриф меоварданд. Қаҳрамони олимпӣ ба шахри худ бо аробачаи дучарха, дар либоси шоҳона ва бо гулдастахо дохил мешуд, ба шаҳр на аз дарвозаи шаҳр, балки аз сӯрохии девор ворид мешуд, токиғалабаи доимӣ башаҳрдохил шавад.

Мусобиқаҳои қадима намуди махсуси фаъолият – варзишро ба миён оварданд. Варзиш машқҳо ва мусобиқотро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо на танҳо барои муайян намудани ғолибон, балки барои санҷидани малакаҳои ҷисмонии одамон пешбинӣ шудаанд.

Мо бо шумо ба Олимпияи қадим саёҳат мекунем ва шоҳиди он мешавем, ки Бозихои олимпӣ дар қатори бисёр мусобиқахои варзишӣ гузаронида мешаванд. Шумо мепурсед – Ин қадар мусобиқоти зиёд барои чӣ гузаронида мешуд? Ба шумо ҷавоб медиҳем: Барои беҳтар гардонидани саломатии сокинони давлат. Чаро не? Дар он давраҳо зистан барои одамон осон набуд. Тиб он қадар ривоҷу равнақ наёфта буд. Аз ин рӯ мардум ба саломатии худ умед мебаст. Вале бе тарбияи ҷисмониву варзиш онро ба даст овардан мумкин нест. Ҳамин тавр не?!

Ба болои ин одамони қадим (боиси таассуф аст, ки одамони муосир низ) зуд-зуд ҷанг мекарданд. Одамон зуд фаҳмиданд, ки машқҳои ҷисмонӣ на барои хубтар ҷанг кардан, балки барои дӯстии мустаҳкам, вохӯриҳои пай дар пай, муошират, омӯхтани маданияти ҳамдигар, умуман, дидани он, ки дар назди ту на душман, балки ҷавони сулҳхоҳ бо чеҳраи кушода меистад, мусоидат менамоянд. Ба ғайр аз ин одамон ба бозиҳо ва, умуман, ба варзиш баҳои баланд медоданд, медонистанд, ки варзиш инсонро рӯҳбаланд мегардонад ва ин бо рушди акли, фарҳанги ва руҳии инсон сахт дар иртибот аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …