Главная / Илм / «ИҶОЛАИ НОФИА»

«ИҶОЛАИ НОФИА»

ijolai-nofia«ИҶОЛАИ НОФИА» («Ёрии таъҷилӣ»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Ҳаким Муҳаммадшарифхони Деҳлавӣ ибни Ҳаким Муҳаммадакмалхон ибни Муҳаммадвосилхон буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. «И. н.» ба 24 боб қисмат шуда, доир ба тартиб додани давоҳои мураккаб баҳс мекунад: 1) итрифал, иёраҷ, анқардиё, ағбар, иксирин, инкибоб, анӯшдору ва обзан; 2) бодмӯхраҷ, бахур, бослиқун, баруд, баришаъсо, пошӯя, банодиқанд; 3) тарёк ва тезобҳо; 4) санодаритус; 5) гулоб, гулангабин ва гуворишот; 6) гурӯҳи давоҳои ҳаб, ҳалво, ҳуқна ва ҳасӯӣ; 7) хамира, хуррам ва хизоб; 8) гурӯҳи давоҳо ба номи «даво»; 9) давоҳое, ки зарур номида мешаванд; 10) гирифтани равғанҳо; 11) санун ва сафуфҳо; 12) шарбат ва шиёф; 13) усули тайёр кардани сибғ (ранг); 14) гурӯҳи давоҳои зимод; 15) силсилаи давоҳои тило ва табих; 16) гурӯҳи давоҳои утус, арақ, ақд; 17) ғолия, ғарғара, ғизо, ғумза ва ғассул; 18) фарзаҷа, фатила, фалунё ва фолуда; 19) гурӯҳи давоҳои қурс, қародору, қирутӣ ва қатур; 20) кӯҳӣ, кимод, килкилонаҷ ва куюс; 21) лахалаха, лауқ, латух ва лубуб; гирифтани оби давоҳо ва тартиб додани давоҳои матбух, муқий, мазмаза, мутаҳсо, марақ, милҳ, масуҳ, мураббо, марҳам маъҷун ва муфарреҳ; 22) натул, нафух, нақуъ, нотиф; 23) давоҳои ваҷур; 24) усули тайёр кардани давоҳои ёқутӣ.
Дар «И. н.» тарзи тартиб додани 2787 давои мураккаб зикр шудааст, ки тақрибан 8000 илоҷи бемориҳо аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …