Главная / Илм / ИЧКИЛИК

ИЧКИЛИК

ichkilikИЧКИЛИК, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар масофаи 169 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3800 м. Дебиташ 0,2 – 0,5 л/сон., минералнокии умумиаш 0,5 – 0,8 г/л, ҳарор. обаш +100С. Дар таркиби оби чашма натрий (65,0 мг/л), калсий (44,0 мг/л), магний (17,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (348 мг/л), сулфатҳо (41,0 мг/л), хлоридҳо (10,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (84,0 мг/л), радон (24,9 нКи/л), ҳамчунин фтор, мис, руҳ ва молибден мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, системаи асаб, узвҳои ҷинсӣ ва амрози занона манфиатбахш аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои минералии Ямаровка (вил. Читаи ФР), Липовская ва Саирма (Гурҷистон) шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …