Главная / Ҷамъият / Ибодат чист

Ибодат чист

Ибодат ин изҳори муҳаббат ва дилбастагии мо ба Аллоҳ Таъоло, ки мо ва ҳамаи ашёи дар дунёбударо офаридааст. Ибодат ин ба ҷо овардани амри Ӯ ва дурӣ ҷустан аз ҳамаи амалҳои манъкардаи Ӯ мебошад.

ibodat

Ибодат ин изҳори он эътиқод аст, ки дар дили мо маъво дорад ва дар амалҳои мо мавҷуд аст. Намоз гузоридан, рӯза гирифтан, Қуръон хондан, дуо кардан, зикри номи Аллоҳ Таъолоро на мудан, ҳамаи ин ба ибодат тааллуқ доранд. Дурӣ ҷустан аз дурӯғ, дуздӣ ва дигар гуноҳҳо низ ибодат ба ҳисоб меравад. Муносибати нек бо падару модар, аёдати хешу табор низ ибодат аст. Ба инсонҳо некӣ кардан, кӯмак расонидан, бартараф кардани садд ва ё чизе, ки ба онҳо зарар мерасонад, ин ҳам ибодат аст. Ба бародари мусулмони худ салом додан, бо табассум ӯро пешвоз гирифтан низ, ибодат аст. Ҳамин тавр, ҳама чизе, ки ба хотири ризоияти Аплоҳ Таъоло ба иҷро расонида мешавад, ибодат мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …