Главная / Ҷамъият / ИБОДАТ БА МО ЧЙ МЕДИҲАД?

ИБОДАТ БА МО ЧЙ МЕДИҲАД?

Ибодат моро ба Аллоҳ наздик мекунад.

Мо барои он офарида шудаем, ки Аллоҳро шиносем ва ба Ӯ хидмат намоем. Хидмати мо, ин ибодати мо ба Аллоҳ Таъоло аст. Ба воситаи ибодат мо ба Аллоҳ наздик мешавем. Бидуни миёнарав мо аз Ӯ кӯмак мепурсем, ба зери сояи меҳрубонии Ӯ паноҳ мебарем. Хӯшбахтиро мо дар он сурат мебинем, ки сазовори муҳаббати Ӯ гардида бошем.

Ибодат ахлоқи моро беҳтар мегардонад. Ба василаи ибодат мо некӯкирдор, инсонҳои ба ҷамъият фоидаовар ва соҳиби ахлоқи нек мегардем. Дилҳои мо аз эҳсосот ва афкори бад раҳо мегарданд. Ибодат моро ҳам аз зоҳир ва ҳам аз ботин, тозаву пок намуда, ахлоқи моро беҳтар мегардонад.

namoz

Ибодат эътиқоди моро қавӣ мегардонад. Нигохдорӣ ва қавигардонии имон танҳо дар сурати барпо намудани ибодат имконпазир мебошад. Агар мо аз рӯи қоида ибодат кунем, эътиқоди мо бештар қавӣ мегардад.

Чй тавре, ки мо мебинем, ибодат ҳам барои ин дунё ва ҳам барои дунёи абадӣ аҳамият дорад. Мусулмоне, ки маззаи ибодатро чашидааст, дар куҷое, ки набошад, хидмати Аллоҳро Таъолоро фаромӯш намесозад. Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) дар ин бобат, беҳтарин намуна мебошад. Вай ибодатро хеле дӯст медошт ва ҳангоме, ки сухан дар бобати хидмат ба Аллоҳ Таъоло мерафт, ӯ хеле бодиққат ва кӯшо буд. Вай ҳамеша мусулмононро даъват менамуд, ки ибодатро бо саъю кӯшиш ва бодиққат ба анҷом расонанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд.

«Ман одамӣ ва ҷинҳоро танҳо барои он офаридаам, ки ба Ман ибодат кунанд».

Пайғамбар (с) мегуфт:

Як мард ба назди Пайғамбари Худо (с) омад ва пурсид:

– Ё Расулаллоҳ! Ба мо амалҳоеро бигӯ, ки моро ба Биҳишт мебарад ва аз Дӯзах наҷот медиҳад.

Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфт: -Хидмати Аплоҳро ба ҷо овар ва касеро ба Ӯ шарик надон. Намоз гузор, закот деҳ ва дар ҳақи хешу ақрабоят ғамхорӣ намо.

——————*****——————

Рӯзе Пайғамбар (с) дасти Муоз ибни Ҷабалро гирифт ва гуфт:

-Муоз, ба Аплоҳ савганд мехӯрам, ман дар ҳақиқат туро дӯст медорам!

Муоз (р) ҷавоб дод:

-Ё Расулаллоҳ! Ман ҳам туро дӯст медорам! Пайғамбар (с) давом дод:

-Муоз! Ба ту маслиҳат медиҳам, ки пас аз ҳар як намоз, албатта ин дуоро бихон:

«Ё Аллоҳи ман! Ба ман кӯмак кун, ки Туро
дар хотир дошта бошам, барои неъматҳоят
шукргузорй намоям ва ба ту хидмати сазовор
кунам!»

(Абудовуд, Витр, 26)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …