Главная / Илм / ИБНИ РУШД

ИБНИ РУШД

ibni-rushdИБНИ РУШД (1126 – 1198), Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад, файласуф, фақеҳи моликӣ ва табиби маъруфи араб. Дар Андалус (Испанияи исломӣ) дар шаҳри Қуртуба дар хонадони номдори фуқаҳои моликӣ ба дунё омада, баъд аз зиндагию фаъолият дар Марокаш вафот кардааст. И. Р. аз хурдӣ ба омӯхтани илм машғул шуда, хусусан илмҳои калом, фиқҳ, шеър, тиб, риёзиёт, фалак ва фалсафаро пурра фаро мегирад. Сипас бо тавсияи Ибни Туфайл халифаи муваҳҳидиҳо – Абуяъқуби Юсуф ӯро нахуст табиби худ ва баъдан қозии Қуртуба таъйин мекунад. И. Р. ҳарчанд табиби мумтоз ва роҳнамои табибони замонааш буд, вале бештар ҳамчун файласуф шӯҳрат дорад. ӯ осори Арастуро таҳқиқу баррасӣ карда, бар онҳо шарҳҳо навиштааст, Арастуву тарафдоронашро аз мухолифон дифоъ кардааст. И. Р. дар таърихи ислом аввалин файласуфест, ки кӯшидааст то алоқамандии шариату фалсафаро бо бурҳонҳои мантиқӣ исбот кунад; ӯ ба фалсафаву мантиқ ҳукми шаръӣ додааст. Аз таълифоти И. Р. дар тиб дар сарчашмаҳо ду китоб ёд шудааст: «Ал-Куллиёт фӣ-т-тиб» ва «Шарҳу-л-Урҷуза фӣ-т-тиб ли Ибни Сино» (аввалин шарҳи «Урҷуза фӣ-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад).
Ад.: «Ал-Мунҷад фӣ-л-луғат ва-л-аълом», Бейрут, 1986; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-зунун», ҷ. 1 ва 2, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …