Главная / Ҷуғрофия / ХУСУСИЯТИ ОБИ УҚЁНУС

ХУСУСИЯТИ ОБИ УҚЁНУС

Шӯрии оби уқёнус. Шӯрӣ яке аз хусусиятҳои муҳими оби уқёнус ва баҳрҳо мебошад. Он дар ҳама ҷо як хал нест. Дар оби дарёҳо ба ҳисоби миёна такрибан 0,2% намак мавҷуд аст. Аммо дар оби уқёнусҳо ва баҳрҳо миқдори он ниҳоят зиёд мебошад. Дараҷаи шӯрии оби Уқёнуси Олам ба ҳисоби миёна 35% (промил)-ро ташкил медиҳад. Яъне дар 1 литр оби Уқёнуси Олам 35 грамм намак будааст. Оби соҳилҳои уқёнусхо аз сабаби ба он ҷо ҷорй шудани оби ширипи дарёҳо дарачаи шӯриаш то 34- 32% кам мешавад. Дар хати истиво ҳам аз сабаби зиёд будани боришог шӯрии оби уқёнус кам аст. Аммо дар ноҳияхое, ки боришот ва ҳарорат баланд. бухоршавӣ зиёд аст, шӯрии оби уқёнус меафзояд. Дар Баҳри Сурх шӯрии об 42% -ро ташкил медиҳад.

Дар оби уқёнус ғайр аз намакҳо металлҳои гуногун низ мавҷуданд. Масалан, мис, нуқра, платина, тилло (тиллои холис), алюминий (арзиз), қалъагӣ, волфрам ва ғайра. Аммо онҳо дар об ниҳоят ҳиссаи камро ташкил медиҳанд. Як қисми  онҳоро аз оби уқёнус, қисми дигарашонро аз таркиби хуни хайвонҳо ва тахшини қаъри уқёнус ёфтаанд.

sol-mertvogo-morya

Муайян намудаанд, ки аз як метри мукааби оби уқёнус 0.008 мг тилло ҷудо кардан мумкин аст. Аммо шароити ҳозираи техникӣ барои ба таври самарабахш истеҳсол кардани он имконият намедиҳад. Аз намакҳо дар оби уқёнус бештар намаки ош ҳал шудааст. Шӯрии об ба ҳамин вобаста аст. Аммо оби уқёнус танҳо шӯр не, балки шӯри талхмазза аст. Таъми талхи он ба намаки магний вобаста мебошад, ки дар таркиби оби уқёнус ба миқдори кофӣ вомехӯрад. Ҳангоми ба миён омадани зарурат аз оби уқёнус ин намакхоро ба миқдори зиёд ҷудо кардан мумкин аст. Дар як вақт дар таркибн оби уқёнус моддаҳои зиёди ҳалшуда мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳоро ошкор намудаи осон аст. Таносуби ои моддаҳои ҳалшуда нисбат ба якдигар ҳам дар сатҳ ва ҳам дар қаъри оби уқёнус як хел мебошад, Шӯрии об аз рӯи ҳамин қонуният муайян карда мешавад.

Ҳарорати оби уқёнусҳо. Ҳарорати об дар сатҳи уқёнус ва баҳрҳо як хел нест. Ин ҳодиса ба арзи географӣ вобаста аст. Бинобар ин ҳарорати оби сатҳи уқёнус дар назди хати истиво баланд, дар ноҳияҳои қутбии он паст мебошад. Ҳарорати аз ҳама баланд дар назди хати истиво 27-28 42 ва дар ноҳияҳои наздиқутбии уқёнусҳо 12°С аст. Ҳарорати оби уқёнус на факат ба тарзи арзӣ, инчунин вобаста ба самти ҳаракати ҷараёнхо (гарм, хунук ва мобайнӣ) ва аз қаъри тарқишҳои зери уқёнус баромадани обҳои гарм (ҳарорати баъзе ҷойҳои онҳо то 40°С баланд мешавад) тағйир меёбад.

Ин ҳодиса дар фарқияти ҳарорати миёнаи Уқёнуси Олам ва қисмҳои он (уқёнусҳой алоҳида) баръало мушоҳида мешавад. Ҳарорати миёнаи обии сатҳи уқёнус қариб 18° € буда, дар Уқёнуси Ором 19.3” СЛ Уқёнуси Ҳинд 17,2’ С. Уқёнуси Атлантика 16.5″ С. Уқёнуся Яхбастаи Шимолӣ ба 0.7“ С баробар аст. Тағйироти мавсимии-; ҳарорати оби сатҳи уқёнус фақат то чуқурии 100 метр> мушоҳида карда мешавад. Аз ин поён ҳарорати об паст шудад аз чуқуриҳои 1500 2000 метр поён қариб дар ҳама ҷо, ғайр аз Арктика як хел (аз 2″С то 3° С) мемонад. Дар фурӯрафтаҳо қаъри уқёнус тақрибан то 0″ паст мешавад. Оби сатҳи уқёнус дар ҳарорати – 2°С ях мекунад. Шурии об кам бошад, он нисбатан тез ях мебандад.

Савол ва сунориш

  1. Оби баҳрҳо ва уқёнусҳо чаро шӯранд?
  2. Барои чӣ оби баҳрҳо як хел шӯр несганд?
  3. Дараҷаи шӯрӣ бо чй ифода карда мешавад?
  4. Ҳарорати оби сатҳи уқёнус ба чй вобаста acт?
  5. Барои чӣ ҳарорати оби уқёнусҳо аз якдигар фарқ мекунанд? (». Уқёнусхоро аз харита нишон дода. мавқеи географии онҳоро муайян кунед.
  6. Уқёнус аз кадом қисмҳои таркибӣ иборат аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …