Главная / Гуногун / Хусусияти империалистии ҷанги якуми ҷаҳонӣ

Хусусияти империалистии ҷанги якуми ҷаҳонӣ

Ҳар як мамлакати ба ҷанг дохилшуда мақсадҳои истилогаронаи худро дошт. Империализми Германия иқтидори бузурги баҳрии Англияро ба нестӣ расонида, бо ҳамин рақобати вайро дар бозорҳои ҷаҳонӣ суст гардонда, нуктаҳои асосии такягоҳро дар баҳру уқёнусҳо ба даст дароварда, мустамликаҳои Англия, Фаронса, Белгия ва Португалияро ба фоидаи худ аз нав тақсим карда, ноҳияҳои сарҳадии фаронсавии Лонгвӣ ва Брис ва минтақаҳои саноатии Белгияро зада гирифта, Наздибалтикаро аз Русия ҷудо карда, губернияи Шоҳии Полша ва Украинаро аз худ карданӣ буд. Германия ва Австро-Венгрия бошанд, дар нимҷазираи Балкан мавқеашонро мустаҳкам карданӣ буданд.

w720h405fill

Австро-Венгрия мақсад дошт, ки славянҳои ҷанубиро ба итоати худ дарорад ва дар Балкан ҳукмрон шавад. Вай Сербия ва як қисми Шоҳии Полша, Подолия ва Волинро аз Русия кашида гирифтанӣ буд.

Туркия ният дошт, ки Қафқозро ба даст дарорад.

Англия мақсад дошт, ки аз Германия мустамликаҳояшро кашида гирад ва онро ба давлати дуюмдараҷа табдил диҳад. Инчунин Туркия, Байнаннаҳрайн ва нимҷазираи Арабистони аз нефт бойро ба мустамликаи худ табдил диҳад.

Фаронса на танҳо барои баргардонидани Элзас ва Лотарингия, инчунин барои иқтидори Германияро ба нестӣ расонидан, соҳилҳои чапи дарён Рейну вилояти бойи Саари немисӣ ва Сурия, Фаластин ва мамлакатҳои дигари арабро ба даст даровардан ва мустамликаҳои Германияро тақсим кардан мубориза мебурд.

Русия дар баробари дар Балкан ҳимоя карданӣ манфиатҳои худ мехост, ки гулӯгохҳои Босфору Дарданел ва Галитсияю поёноби дарёи Неманро аз худ кунад.

Ҷопон бошад, мустамликаҳои Германияро дар Уқёнуси Ором ба даст дароварданӣ буд. Ғайр аз ин вай мехост, ки ҳукмронии худро бар Чин мустақкам кунад. Дар ин ҷанг танҳо халқи Белгия ва баъзе мамлакатҳои нимҷазираи Балкан барои истиқлолияти миллии худ мубориза мебурданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …