Главная / Ҷуғрофия / ХУСУСИЯТҲОИ ИҚЛИМИ МАҲАЛИ ХУД

ХУСУСИЯТҲОИ ИҚЛИМИ МАҲАЛИ ХУД

Аз гуфтаҳои боби “Иқлим” бармеояд, ки иқлими маҳалҳои мухталифи Замин асосан ба арзи географӣ, мавқеи онҳо  нисбат ба баҳру уқёнусҳо, хусусиятҳои анбӯҳи ҳаво, инчунин ба гуногунии сатҳи Замин (ҳамворй ё кӯҳсор, ё регзор будан ва ғайра) вобаста аст.

Дар шароити марзи Тоҷикистон баландии маҳал аз сатҳи баҳр, релеф ва ҷойгиршавии қаторкӯҳҳо нисбат ба самти Ҳаракати анбӯҳи ҳаво ба иқлим таъсири калон дорад.

Aгap гуфтаҳои поёнро нағз мутолиа кунед, дар дарсҳои минбаъдаи география гуногунии иқлими маҳалҳои Заминро ба осонӣ дарк менамоед ва хосиятҳои муҳими иқлими маҳали худро муайян карда метавонед.

Иклими Точикистон

Вобастагии иқлим ба арзи географӣ. Агар сатҳи Замин дар ҳама арзҳо, маҳалҳо як хел ва тамоман ҳамвор мебуд, он гоҳ ба сатҳи ҳар як арз миқдори баробари гармӣ ва равшанӣ мерасид. Дар он сурат иқлими маҳалҳои дар як арз воқеъбуда фақат аз Мавқеи нисбат ба хати истиво доштаашон вобаста мешуд. Вале сатҳи Замин ниҳоят мухталиф аст. Аз ин рӯ, нурҳои офтоб ба он бо кунҷҳои гуногун расида, сатҳи Замин ҳар хел гарм мешавад, Ғайр аз ин, сатҳи об ва хушкӣ, минтақаҳои сернаботот, регзор ва ғайра ба дараҷан гуногун гарму сард мешаванд.

Вобастагии иқлим ба баланднн маҳал аз сатҳи баҳр ва хусусняти релеф дар тропосфера баробари афзудани баландӣ ҳарорати ҳаво паст мешавад. Дар ҳар минтақаи иқлимӣ иқлимй маҳалҳое, ки аз сатҳи баҳр баланданд, назар ба иқлими маҳалҳои паст хунуктар аст. Масалан, релефи кӯҳии Тоҷикистон таъсири гармии Офтоб ва анбӯҳи ҳаворо хеле тағйир медиҳад. Аз ҳамин сабаб зимистони Помир, ки дар нуқтаи ҷанубтарини Иттиҳоди Давлатҳои мустақил воқеъ аст, чун зимистони минтақаи кутбӣ қаҳратум мебошад. Дар Помири Шарқӣ, дар атрофи Булункӯл хунукӣ ба – 60° мерасад. Аз ҳамин сабаб Булункӯлро “қутби хунуки Тоҷикистон” ҳам меноманд. Дар Помир ҳарорати миёнаи бисерсолаи моҳи январ -15°С, моҳи июл +18°С мебошад. Дар; ҷануби пастии Турон ҳарорати моҳи январ -20°С. июл + 30°С аст (Дар харита Помир ва пастии Туронро ёбед).

Ба иқлим на танҳо баландӣ, инчунин хусусияти релеф таьсир мерасонад. Қаторкӯҳҳои самти арзии марзи Тоҷикистонии Тиёншони Ғарбии водии Фарғона, қаторкӯҳхои ноҳияи Кӯҳистон Тоҷикистони Ҷанубиро аз бодҳои хунуки шимоли шарқӣ муҳофизат мекунанд. Кӯҳҳои баланд анбӯҳи ҳавои аз гарб омадаро нигоҳ дошта, боиси дар баландиҳой 1500-3000 метр ҷудо шудани намии онҳо мегарданд. Бо таъсири кӯҳҳо анбӯҳи ҳаво ба маҳалҳои дохилии Тоҷикистон ба воситаи водиҳо ва ағбаҳои на он қадар баланд дохил мешаванд.

Дар марзи Осиёи Миёна иқлими нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳо аз иқлими нишебиҳои шимолӣ фарқ мекунад. Иқлими водиҳои чуқури кӯҳӣ аз иқлими нишебиҳо фарқ, дорад. Ин махсусан барои кӯҳҳои Тоҷикистон хос аст. Маҳалҳои сербориши Тоҷикистон дар байни баландиҳои 1500-3000 метр ҷой гирифтааид. Дар доманаҳои ҷануби ғарбии каторкӯҳи Хисор (дар баландии 1750 м) дар як сол то 1600 мм бориш мешавад.

Таъсири баҳру уқёнусҳо ба иқлим. Иқлими ҳар маҳал ба мавқеи нисбат ба баҳру укенусҳо доштааш вобаста аст. Аз сабаби он ки Тоҷикистон дар байни Европаю Осиё (Евросиё) воқеь гардидааст, аз таъсири баҳру уқёнусҳо дур аст ва дар ҳаво миқдори бухори об кам, осмон хеле камабр, камбориш мебошад. Европа бошад, ба уқёнус наздик аст, аз ин рӯ ба иқлими он уқёнуси Атлантика ва ҷараёни гарми ои таьсири калон мерасонад (аз харита нишон диҳед). Дар ии ҷо бодҳои серрутубати ғарбй бештар мевазанд. Бинобар ин дар ҷазираҳои Британиян Кабир аксар вақт обу ҳавои абрноку боронӣ мешавад, ҳарорати миёнаи моҳи январ – 4°С, моҳи июл + 16°С аст (амплитудаи ҳароратро муайян кунед). Боришот соле то 1000 мм мешавад. Зимистон аҳён-аҳён барф борида, дер намепояд, аксар вақт туманхои ғафс мешаванд. Чунин иқялмро, ки амплитудаи ҳарорат зиёд несту боришот тамоми фаслҳои сол баробар аст, иқлими баҳрӣ меноманд.

Барои дуруст дарк намудани тағйирёбии амплитудаи ҳарорат ва миқдори боришот дар вақти аз ғарб ба шарқ ҳаракат кардан шумо мебинед, ки тағйироти амплитудаи ҳарорат зиёд, вале миқдори боришоз кам мешавад. Боришот танҳо дар Шарқи Дур зиёд мешавад (сабаби он чист?).

Ба тарафи шарқии Русия хар кадар дуртар равед, обу ҳавои хунуки офтобӣ ҳамон қадар бештар, амплигудаи ҳарорат зиёдгар шуда, боришот камтар аст. Шаҳри Иркутск, ки бо Лондон тахминан дар як арз воқест. чунин обу ҳаво дорад. Ба иқлими он чунин анбӯҳи ҳавое, ки аз Уқёнуси Яхбастаи Шнмолй ва Осиёи Миёна меояд, таъсир мерасонад. Иқлими инҷо ниҳоят хушк (континенталӣ) аст. Вале ба иқлими шаҳри Воронеж, ки дар ҳамон арзи Иркутск ҷойгир асг, уқёнуси Атлантика таъсири калон мерасонад, ба ин ҷо анбӯхи ҳаво Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ низ тез-тез меояд. Чунин иклими мулоими континеиталии мӯътадил меноманд.

Хусусияти муҳими иқлими Тоҷикистон: тағйирёбии калони ҳарорати шабонарӯзӣ ва мавсимӣ, хунукии ҳаво, камабрӣ тобистони хеле гарм, ҳавои серчангу ғубор, зимистони нисбатан хунук, миқдори ками боришот ва нобаробарии боришоти фаслҳои сол. Ин иқлимро шушш ниҳоят континенталӣ меноманд.

Вобастагии иқлим ба мавқеи маҳал нисбат ба қаторкӯҳҳо ва ҳамвориҳо. Маҳалҳое, ки дар наздикии қаторкӯҳҳо ва ё дар паси онҳо ҷой гирифтаанд, вобаста ба он ки дар сари роҳи кадом анбӯҳи ҳаво воқеанд, иқлими ба худ хос доранд. Агар дар сари роҳи анбӯҳи ҳаво кӯҳҳои баланд вохӯранд, тадриҷан аз нишебиҳо баланд баромада, хунук ва борик мешавад . Ҳавои намӣ талафдодаи хунук a каторкӯхҳо гузашта поём мефарояд ва нисбатан гарм шуда, аз ҳолати серӣ ба ҳавои носер табдил меёбад ва аз он бориш хос намешавад. Аз ҳамин сабаб ҳатто дар масофаи на он қадар калон иқлими маҳали як тарафи қаторкӯх аз иқлими маҳали тарафи дигари oн фарқ мекуиад. Фарқи калони иқлим байни Помири Ғарбй ва Помири Шарқй яин мушоҳида мегардад.

Баландтарин кӯҳҳои ҷаҳон Ҳимолой дар сари роҳи хав рутубатдори Уқёнуси Ҳинд (боди мавсимии тобистонй) воқеъ гардидааст ва барои он монеъ мешавад. Бинобар ин иқлими нишебиҳои ҷанубии кӯҳҳо на танҳо гарм, балки ниҳоят сернам аст (дар Черрапунҷа ба ҳисоби миёна дар як сол 12 ҳазор мм бориш мешавад). Дар шимоли Ҳимолой бошад, биёбони қариб беоб ҷойгир аст (аз харита Ҳимолойро ёбед).

Қариб дар ҳама каторкӯҳҳои Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳона ва солона дар нишебиҳои ҷанубӣ баландтар, дар доманаҳои шимолӣ пасттар аст. Аз ҳамин сабаб меваҷот дар нишебиҳои ҷанубӣ камаш 1 – 2 ҳафта пештар мспазанд.

Дар ҳамвориҳои бузурги фарохи Европаи Ғарбй ва Европаи Шарқӣ, Сибири Ғарбй анбӯҳи ҳаво ҳазорҳо километр масофаро бемамониат мегузарад ва бориш ҳам нисбатан кам аст. Иқлими маҳалҳои аз ҳамдигар дур ҳам фарқ дорад.

Оё қлии тағйир меебад?

Олимон муқаррар кардаанд, ки иқлим дар давоми фосилаҳои калони вақт тағйир меёбад. Масалан. миллионҳо сол муқаддам дар марзи ҳозираи Тоҷикистон иқлими гарм ва серрутубат ҳукмрон буд, навъҳои гуногуни наботот рӯи Заминро зич пӯшондя буданд: майдони беша хам зиёд буд. Дар Тоҷикистон ёфт шудани конҳои калони ангишти Шӯроб, Фон- Ягноб ва ғайра далели тағйирёбии икдим мебошанд.

Дар ҷазирахои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Антарктида ҳам ангишт ҳаст. Чи тавре ки маълум аст, ангиштсанг аз боқимондахои набототи фаровон, ки садҳо миллион сол пеш дар иқлими гарму нам мавҷуд буданд, ҳосил шудааст. Ин мисолҳо ба таври боварибахш аз он шаҳодат медиханд, ки иқлим дар фосилаҳои калони вақт ниҳоят тағйир ёфтааст, иқлим ҳам хунук ва ҳам гарм шудааст.

Тамоми қисми шимоли ғарбии Европаро такрибан 1 млн. сол пеш яхи ғафс пӯшида буд, ки он танҳо дар иқлими хунук пайдо шуда метавонист. Иқлими Замин дар замони ҳозира ҳам тағйир меёбад. Зимнан фаъолияти хоҷагии одамон ба он таъсири торафт бештар мерасонад.

Савол ва супориш

  1. Оё иқлим тағйир меёбад? Доир ба иклими марзи Тоҷикистон кадом далелҳоро оварда метавонед? Номбар кунед, ки иқлими маҳалатон ба кадом омилҳо вобаста аст, чавобро бо мисолҳо пурра кунед.
  2.  Фарқияти нишебиҳои шимолй ва ҷанубии кӯҳҳои атрофро оид ба унсурҳои иқлим дар чӣ мебинед? Онҳоро шарҳ дихед.
  3. Дар мисоли маҳалатон вобастагии иқлим ба баландии маҳалро бо мисолҳо нақл кунед. Дар назди шумо вазифа истодааст, ки дар асоси маълумотҳои гирифтаатон хусусиятхои иқлими махалатонро донед. Сабабҳои онро фаҳмед. Аз рӯи дониши ҳосилкардаатон тавсифи иқлими маҳалатонро тартиб диҳед. Он бояд аз ду қисм иборат бошад: а) хусусиятҳои иклим, б) сабабҳое, ки иқлим ба он вобаста аст. Дар дафзар нависед: Тавсифи иклим… (номи маҳали аҳолинишин). Дар тавсифномаи иклим ба тасвири чунин нуктаҳо аҳамияг диҳед: мавқеи ҷуғрофии маҳал, релеф, бодҳои асосӣ ва маҳаллӣ. Дар тавсифи мавқеи ҷуғрофй бояд дар кадом арз ва минтақаҳои равшанӣ воқеь будани маҳал, дурӣ аз баҳру уқёнусхо, мавкеӣ маҳал нисбат ба қаторкӯҳҳо гуфта шавад. Дар хотимаи тавсифнома дар бораи иқлими маҳалатон хулоса бароред (гарм ё хунук. Мӯътадил, континенталй).

Саволҳо барои тикрори мавзӯи “Атмосфера”

  1. Атлюсфера чист?.
  2. Оё дар маҳали шумо ҳаво ифлос мешавад? Сабабҳои ифлосшавии он чист? Барои ифлос нашудини ҳаво кадом чораҳоро беҳптар мешумиред?
  3. Обу ҳаво чист? Дар тасвири обу ҳаво кадом унсурҳо ва зуҳуротро бояд қайд кард. Обу ҳавои ягон мӯҳлатро тасвир кунед.
  4. Дар мисоли тасвири обу-ҳавои шабонаруз дар бораи вобастагин байни ҳарорат ва дигар унсурҳии зуҳуроти обу ҳаво нақл кунед.
  5. Бод чист? Сабаби пайдоииш онро бо мисолҳо фаҳмонед.
  6. Сабаби асосии дар маҳалшнон якбора тағйир ёфтани обу ҳаво чист? Ин ҳолат бешпар дар кадом фаслҳои руй медиҳад? .
  7. Навъи обу ҳаво чист? Ба маҳалатонн бештар кадом навъи обу ҳаво хос аст?
  8. Сабаби асосии паӣдоииш абр чист? Дар маҳали шумо зимистон ва баҳор кадом намуди абр зиёд мебошад? Оё шумо туманро мушоҳида кардаед?
  1. Иқлим чист? Омилҳои acocсии иқлимҳосилкуиандаро нақл кунед.
  2. Хусусиятҳои муҳими маҳалатон чӣ гуна аст? Чаро ин тавр аст?
  3. Минтиқаҳои равшаниро номбар кунед. Сарҳадҳои онҳоро аниқ карда, дар бораи онҳо ҳикоя кунед.
  4. Хосиятҳои асосии иқлими минтақаҳои тропикӣ ва муътадилро шарҳ диҳед.
  5. Фарқи иқлими континенталӣ аз иқлими баҳрӣ дар чист?
  6. Оё Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба иқлими маҳали шумо таъсир мерисонад?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …