Главная / Гуногун / Хулосаи миллардер аз суҳбат дар телевизион

Хулосаи миллардер аз суҳбат дар телевизион

Миллиордереро барои як мусоҳиба ба телевизион даъват карданд.

Аз эшон пурсиданд:

Хушбахтарин лаҳзаи зиндагии ту чист. Лаззати зиндагии ту чи гуна аст.
Мард ҷавоб дод:
miliarder– Ман чаҳор марҳилаи зиндагиро гузаштам, ки дар сетои онҳо саодату хушбахтиро эҳсос накардам.
1. Дар тамоми ҳаёт мол ҷамъ овардам, фикр мекардам, ки хушбахти ва саодати зиндагӣ дар ҳамин аст. Аммо умрам фонӣ шуд, худамро дар ин роҳ қурбон кардам аммо саодатро надидам.
2. Тамоми ганҷҳоро аз қабили зару зевар ва ороишоту колексияҳоро харидори намудам ва фикр кардам, ки хушбахти дар ҳамин аст, аммо афсус.
3. Дар беҳтарин минтақаҳои дунё ва ҷазираҳои зеботарин бино сохтам, аммо ҳамоно ба саодати зиндагӣ нарасидам.
Ва рӯзе ба хонаи маъюбон (сад бачае ки фалаҷ буданд, пой надоштанд) даъват шудам. Онҷо нишаста будам ва ба маъюбон назар мекардам. Яке аз маъюбон барои даъватро пазируфтан ташаккур карда пасон гуфт:
– Ман аз намояндагӣ хоҳише дорам, то сад сандалӣ барои ин маъюбон фармоиш диҳанд.
Мард гуфт:
– Дар ҳамонҷо телефонро гирифтаму сад сандалӣ фармоиш додам. Шодии маъюбон бади ин ҳаду канор надошт.
Чун ҷаласа ба фарҷом расид, хостам ба ҷониби хона равон шавам, ки нохост як маъюб поямро сахт дошт.
Хоҳиш кардам, аммо раҳо накард. Сипас пурсидам, чи хоҳише дорӣ.
Маъюб гуфт:
На тақозое надорам.
Танҳо мехоҳам, вақте ҳарду ба биҳишти Худо рафтем, онҷо наздики Худо аз ту изҳори ташаккури кунам.
Он замон беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ гардид. Ва дарк кардам, ки ҳамин аст, лаззати зиндагӣ ва саодати он.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …