Главная / Гуногун / ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мафҳуми ҳокимияти иҷроия ва нақши он дар ҳокимияти давлатӣ Мувофиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти иҷроия баъд аз ҳокимияти қонунгузор омадааст. Дар моддаи 9-уми Конститутсия омадааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Чунин таснифот асоси мустаҳками илмӣ дорад, яъне ҳокимияти иҷроия дар қиёс бо ҳокимияти қонунгузор характери зерқонунӣ дорад. Ҳама гуна фаъолият ва санадҳои мақомоти иҷроия бо қонун асоснок карда мешаванд ва набояд бо қонун мухолиф бошанд. Худи калимаи иҷроия маънои иҷро кардан ва анҷом додани амалеро дорад.

Яке аз аломатҳои ҳокимияти иҷроия универсалӣ, ё худ куллӣ будани он аст. Яъне мақомоти ҳокимияти иҷроия дар тамоми қаламрави давлат, дар ҳама ҷо вуҷуд доранд ва онҳо маҳз бо ҳамин хусусияташон аз ҳокимияти қонунгузор ва судӣ фарқ мекунанд.

Ҳокимияти иҷроия нерўи бузурге буда, аз мансабдорон, маъмурон, дастаҳои мусаллаҳ – артиш, мақомоти амният, милиса иборат аст. Ҳамин тавр, ҳокимияти иҷроия шохаи дуввум ва зерқонунии ҳокимияти давлатӣ буда, қудрату тавоноии он ба таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои ҳокимияти қонунгузор равона шудааст. Ҳокимияти иҷроияро давлат ба воситаи Ҳукумат ва мақомоти он дар маҳалҳо амалӣ мегардонад. Ҳукумат (Президент) роҳбарии олии сиёсӣ ва идораи корҳои ҷамъиятиро ба сомон мерасонад. Роҳбарии Ҳукумат метавонад дар ихтиёри як нафар – дар ҷумҳуриҳои шакли идоракуниашон президентӣ ё ин ки мақомоти коллегиалӣ (дастаҷамъӣ) – дар ҷумҳуриҳои шакли идоракуниашон парламентӣ бошад.

binoi-hukumati-tojikiston

Дар ҷумҳуриҳои президентӣ Ҳукумат аз гурўҳи мушовирони сарвари давлат – Президент иборат буда, салоҳияти Ҳукумат аз салоҳияти сарвари давлат вобаста мебошад. Дар ҷумҳуриҳои парламентӣ бошад, Ҳукумат бо иштироки аъзои парламент ва бо тарзу усули хос ташкил карда мешавад.

Дар ин ҳолат Ҳукумат бояд аз ҷонибдории аксарияти аъзои парламент бархурдор бошад. Ҳокимияти иҷроия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мазмуну мундариҷаи аслиаш танҳо баъди қабули Конститутсияи соли 1994 ташаккул ёфт. Ҳоло чигунагии ҳокимияти иҷроияро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебароем.

Дар Конститутсия зикр шудааст, ки Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Шарҳи оддии ин ҷумла ҳамин аст, ки Президент чи дар дохили мамлакат ва чи дар сатҳи байналмилалӣ намояндаи олии кишвар аст. Таъкид бояд кард, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатӣ танҳо ба Президент бор нашуда, дар амалӣ гардонидани онҳо дигар шохаҳои ҳокимият низ бо усулу воситаҳои ба худашон хос иштирок мекунанд. Президент ҳамоҳангӣ ва мураттабии фаъолияти ҳама мақомоти давлатиро таъмин мекунад.

Президент намояндаи олии давлат аст ва ин ҳуқуқро ба ў халқ ба воситаи интихоботи умумӣ ва мустақим додааст. Дар самти ҳамкорӣ бо парламент Сарвари давлат ваколатҳои зиёде дорад. Вай интихоботи Маҷлиси Олиро таъйин мекунад, ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад, лоиҳаи қонунҳоро метавонад барои баррасии такрорӣ баргардонад, қонунҳоро имзо кунад ва нашр намояд. Яъне Президент ба кори парламент таъсири хеле фаъол мерасонад, вале онро иваз карда наметавонад, чунки ў қонун қабул карда наметавонад.

Санадҳои меъёрие, ки Президент қабул мекунад, набояд бо Конститутсия мухолиф бошанд. Президент дар соҳаи идоракунии давлат ваколатҳои хеле зиёд дорад. Вай Сарвазир, муовинони ў, вазирону раисони кумитаҳои давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Аммо барои маҳдуд кардани таъсир ва дахолати Президент ба Ҳукумат аз рўи принсипи «боздорӣ ва муқовимат» якчанд монеаҳо вуҷуд доранд.

Принсипи «боздорӣ ва муқовимат» барои он зарур аст, ки байни се шохаи ҳокимият мувозинат бошад, яке бар дигаре таъсири аз ҳад зиёд нарасонад, яке ҷои дигарро ишғол накунад. Агар ҳамин принсип риоя нашавад, он гоҳ давлатҳои демократӣ зуд ба давлатҳои худкома ё тоталитарӣ ё ин ки яккаҳукмронӣ – авторитарӣ табдил меёбанд ва ҳокимияти халқӣ, ки асоси демократия аст, аз байн меравад.

Тавре ки гуфтем, Президент мувофиқи моддаи 69-уми Конститутсия Сарвазир, муовинони ў ва аъзои Ҳукуматро таъин мекунад. Фармони Президент барои тасдиқ ба иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фиристода мешавад. Агар парламент фармонро тасдиқ кунад, он гоҳ ин санад эътибори қонунӣ пайдо мекунад, агар не, Президент онро дубора мефиристад ва ё шахси дигарро таъин мекунад. Бубинед, ки иродаи Сарвари давлат аз қарори дастҷамъонаи аъзои парламент вобастагӣ доштааст. Ё худ мисоли дигар. Парламент наметавонад, ки Президентро маҷбуран ба истеъфо фиристад.

Вале ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки Президент аз нишондодҳои Конститутсия берун баромада метавонад.

Агар дар фаъолияти Сарвари давлат кирдори мухолифи Конститутсия ба мушоҳида расад, он гоҳ усули махсуси ба чавобгарӣ кашидан ва ба истеъфо фиристодани ў ба кор медарояд, ки дар ин сурат хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Мувофиқи моддаи 72-уми Конститутсия дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ў содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар якеаз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

  1. Тарзи ташкил, сохтор ва таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тавре ки дар мавзўи пешина қайд карда будем, Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти олии ҳокимияти иҷроия буда, роҳбарии бевоситаи он ба ўҳдаи Президент ва ҳамзамон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Мувофиқи моддаи 73-уми Конститутсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ў, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ба зиммаи Ҳукумат вазифаҳои ниҳоят зиёд вогузор шудаанд, ки ҳамаи онҳоро номбар кардан ғайриимкон аст. Ҳама гуна муваффақият ва норасоиҳое, ки дар ҳаёти ҳаррўзаи мо ба амал меоянд, аз фаъолияти Ҳукумат вобаста мебошад.

Масалан, кори нақлиёт, вазъи сохтмон, таҳсил, тандурустӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва садҳо масъалаҳои дигар. Бо вуҷуди ин, дар Конститутсия ба таври умумӣ чунин вазифаҳо ҳамчун салоҳияти бевоситаи Ҳукумат муайян карда шудаанд:

  1. Роҳбарии самаранок ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.
  2. Иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.

Алоқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президент хеле зич буда, он танҳо дар мўҳлати ваколати Президент фаъолият мекунад. Ҳукумат ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

Ҳукумат дар ҳолати ғайриимкон будани иҷрои фаъолияти худ метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромадан муроҷиат намояд. Ҳар як узви Ҳукумат низ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан дорад.

Дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001 номгўи фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест, муайян карда шудааст (моддаи 11).

Мувофиқи қонуни номбурда узви Ҳукумат ба иҷрои чунин амалҳо ҳуқуқ надорад:

  • – вакили мақомоти намояндагӣ бошад;
  • – вазифаи дигарро иҷро кунад;
  • – шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
  • – ғайр аз фаъолияти омўзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ бо дигар фаъолияти музднок машғул шавад.

Қонуни мазкур, инчунин муайян кардааст, ки узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз воситаҳои техникӣ, молиявӣ ва иттилоотии хизматӣ бо мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд, барои осори нашршуда ва суханрониҳои худ, ҳамчун узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад.

Узви Ҳукумат вазифадор аст, ки ҳангоми ба вазифа таъин шудан мутобиқи қонунҳо дар бораи даромад ва молумулкии худ маълумот пешниҳод намояд.

Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Ҳукумат нақши муҳим дорад. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии Ҳукумат аст ва мувофиқи моддаи 24 Қонуни номбурда барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, Раёсати Ҳукумат ҳамчун мақоми машваратӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати Раёсат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ў иборат аст. Маҷлисҳои Раёсати Ҳукуматро Сарвазир ва ҳангоми набудани ў муовини якуми Сарвазир мегузаронад. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рўзномаи маҷлиси Ҳукумат қарорҳо қабул мекунад.

Мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў дар ташкили фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни номбурда пешбинӣ шудааст.

Бо супориши Раиси Ҳукумат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Ҳукуматро ташкил мекунад, яъне вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони худаш тақсим мекунад, маҷлисҳои Раёсати Ҳукуматро мегузаронад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва созишномаҳои байниҳукуматиро имзо менамояд, оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад, инчунин ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, иҷро мекунад. Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ўро муовини якум иҷро менамояд. Тартиби баррасии масъалаҳо дар Раёсати Ҳукумат дар боби чоруми Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумат аз 7-уми сентябри соли 2001 тасдиқ шудааст, муқаррар гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи саривақтии санадҳои Ҳукумат, назорат аз болои иҷрои қарорҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад.

Қонун ваколатҳои муовини якум ва муовинони Сарвазирро муқаррар кардааст. Онҳо мувофиқи тақсими вазифаҳо фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатии мамлакатро танзим намуда, ба фаъолияти онҳо назорат мекунанд, ба онҳо барои иҷрои қарору фармоишҳои Ҳукумат ва доир ба дигар масъалаҳои фаъолияташон супоришҳои фаврӣ медиҳанд.

Дар ташкили кори Ҳукумат ва ба амал баровардани ваколатҳои он ҳиссаи аъзои Ҳукумат низ калон аст. Онҳо ҳам ба соҳаҳое, ки худашон роҳбарӣ мекунанд ва инчунин ба кори умумии Ҳукумат масъуланд.

Аъзои Ҳукумат дар баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат иштирок карда, ҳуқуқи ба муҳокимаи маҷлиси Ҳукумат масъала гузоштан доранд, метавонанд лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, инчунин дигар лоиҳаи санадҳои қонунгузориро таҳия карда, ба муҳокимаи маҷлиси Ҳукумат пешниҳод намоянд.

  1. Салоҳияти Ҳукумат ва шаклҳои фаъолияти он Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобби панҷум пурра ба Ҳукумат бахшида шудааст ва моддаи 75-уми ин боб салоҳияти Ҳукуматро дар бар мегирад.

Дар ин модда гуфта мешавад, ки «Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва кўмаки иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд».

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, роҳбарии самараноки соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин мекунад, низоми мақомоти ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ мекунад, барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин мекунад (моддаи 13).

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиёт, буҷет, молия, пул, қарз ва андоз, соҳаи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист, таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва соҳаҳои дигарро дар бар мегирад (моддаҳои 14-22).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад. Муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ ва муассисаҳоеро, ки дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, аъзои коллегияи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идо-

раи давлатиро тасдиқ мекунад. Ҳукумат инчунин ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ кардааст, амалӣ мегардонад.

Баъзе ваколатҳои худро, агар онҳо ваколатҳои истисноӣ набошанд, ба ихтиёри дигар мақомоти иҷроия вомегузорад. Дар доираи маблағи дар буҷет муқарраргардида сарраёсатҳо, кумитаҳо ва комиссияҳо, бозрасиҳои давлатӣ ва дигар мақомоти назди худро таъсис медиҳад.

Хукумат низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти иҷроияи худро тасдиқ намуда, сохтори онҳоро муайян ва маблағи заруриро ҷудо намуда, аз болои фаъолияти онҳо назорат мекунад.

Салоҳияти Ҳукумат бо салоҳияти Президент алоқаманд буда, ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мансуб будани онҳоро нишон медиҳад.

Ҳукумат инчунин ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад, яъне оид ба масъалаҳои салоҳияти худ лоиҳаи қонуну қарорҳои Маҷлиси Олиро тайёр ва барои муҳокима пешниҳод мекунад.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлисҳои он мебошад. Маҷлиси Ҳукумат моҳе камаш як маротиба гузаронида мешавад ва дар ҳолате салоҳиятнок ҳисоб мегардад, ки агар дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта бошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад

маҷлисҳои пўшида низ гузаронад.

Маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат ё бо супориши ў Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

Фаъолияти Ҳукумат мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи он, ки дар таҳияи онҳо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, амалӣ гардонида мешавад.

Ба нақшаҳои кори Ҳукумат мувофиқи тартибе, ки Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тағйироту иловаҳо даровардан мумкин аст.

Доир ба масъалаҳои ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва воҳидҳои сохтрии он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо лоиҳаи қарорҳои (фармоишҳои) Ҳукумат ва маводи барои қабули ин санадҳо заруриро пешниҳод

менамоянд. Дар ташкили маҷлисҳои Ҳукумат нақши Раёсати он калон буда, масъалаҳое, ки барои баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумат таҳия мегарданд, пешакӣ дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат муҳокима карда мешаванд.

Раёсати Ҳукумат оид ба рўзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумат қарор қабул менамояд. Дар маҷлисҳои Ҳукумат ҳамаи масъалаҳои мавриди салоҳияти он ҳаллу фасл мегарданд ва қарорҳои Ҳукумат фақат дар маҷлис қабул карда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси моддаи 74-и Конститутсия ва қонунҳои мамлакат қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад. Қарорҳо аз рўи масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба қарору фармоишҳо Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад. Қарору фармоишҳои Ҳукумат дар сурати бо Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набуданашон метавонанд аз тарафи Президент ё Суди конститутсионӣ бекор карда шаванд ё амали онҳо боздошта шавад. Аз болои қарорҳои Ҳукумат шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси қонун ба суд шикоят намоянд.

Дар қарорҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд, мўҳлати эътибор пайдо кардани онҳо нишон дода шуда, дар ҳолатҳои дигар бошад, онҳо ва аз ҷумла фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи ба имзо расиданашон эътибор пайдо мекунанд.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкили фаъолият, таҳия ва қабули қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистонро Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ, танҳо бо иҷозати Раиси Ҳукумат аз рўи масъалаҳои алоҳида бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумат дар асоси тартиби муқараргардида метавонанд қарорҳои Ҳукумат қабул карда шаванд.

4.Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ ва мақомоти судӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Алоқаи Ҳукумат бо Маҷлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар фаъолияти қонунгузорӣ

иштирок мекунад, яъне аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бархурдор аст. Ин ҳуқуқ дар чунин шаклҳо амалӣ мешавад: якум, пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нав; дуюм, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷорӣ; сеюм, пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро таклифи қонунгузорӣ низ меноманд.

Инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷаласаҳои алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо иштирок кунанд ва суханронӣ намоянд.

Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Миёни ин ду шохаи ҳокимият аз нигоҳи талаботи давлати демократӣ набояд ҳеҷ гуна дахолат ва таъсиррасонӣ вуҷуд дошта бошад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ низ танҳо дар асоси қонунҳо бо Ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар тўли 15 соли истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шудаанд ва чунонки воқеияти имрўзаи иҷтимоию сиёсии кишварамон гувоҳӣ медиҳад, инкишофи озодонаи ҳар гуна иттиҳодияҳои шаҳрвандон, муассисаҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои касбӣ ва ассосиатсияҳо танҳо ба манфиати пешрафти мамлакат хизмат мекунад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи комил доранд, ки дар асоси қонун ба фаъолияти Ҳукумат таъсир расонида, ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои фаъолияти Ҳукумат мусоидат кунанд. Ин гуна ҳамкорӣ дар шакли пешниҳодоти гуногун ба мақомоти ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.

Саволҳо:

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаи ҳокимияти давлатӣ дохил мешавад?
  2. Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро кадом мақомот ҳуқуқи таъин

кардан дорад?

  1. Ваколатҳои Ҳукуматро тибқи Конститутсия номбар намоед. 4. Мувофиқи қонун аъзои Ҳукумат кадом амалҳоро иҷро карда наметавонанд?
  2. Сохтори Ҳукумат чӣ гуна аст?
  3. Нақши Раёсати Ҳукумат дар сохтори Ҳукумат чӣ тавр аст?
  4. Ваколатҳои Сарвазирро номбар намоед.
  5. Фаъолияти Хукуматро ғайр аз Конститутсия боз кадом қонун ба танзим медарорад?
  6. Салоҳияти Ҳукумат кадом соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро мегирад?
  7. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумат чӣ гуна сурат мегирад?
  8. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат кадом аст? 12. Санадҳои Ҳукуматро номбар кунед.
  9. Муносибати Ҳукуматро бо дигар шаклҳои ҳокимият шарҳ диҳед.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …