Главная / Биология / Саволу ҷавоб аз фанни зоология – ҳолатҳои аҷиб

Саволу ҷавоб аз фанни зоология – ҳолатҳои аҷиб

  1. Дар як сол ба ҳисоби миёна 50-60 ҳазор наҳанг сайд карда мешавад. Агар вазни миёнаи як наҳангро 50 тонна ҳисоб кунем, онгоҳ шикори яксолаи китҳо 2 миллиону 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
  2. Дар Зеландияи Нав, дар ҷазираҳои санглохи беодам гаттерия ном калтакалосҳо зиндагӣ мекунанд. Ин калтакалосҳо 75 см дарозӣ дошта, қариб 200 миллион сол пеш пайдо шудаанд. Гаттерия 3 чашм дорад (дутояш дар пахлӯ ва яктояш дар фарқи cap ҷойгираид). Гаттерия бо мурғи тӯфон дӯсти наздик мебошад ва онҳо дар як лона зиндагӣ мекунанд. Гаттерия тухмро бисёр дӯст дорад хдм, ба тухмн ин паррандаҳо намерасад ва онро аз дигар ҳайвонот муҳофизат мекунад. Худи вай ҳам дар ҳамин лона тухм мегузорад.
  1. Мори баҳрӣ, ки холо хеле зиёд шудааст, ҳаматарафа омӯхта иашудааст. Баъзе мутахассисон мори баҳриро ҳазли дарёнавардон ҳисоб мекунанд ва даъво менамоянд, ки агар мори баҳрӣ дар хақиқат вуҷуд медошт, онгоҳ онро кайҳо дастгир кардан мумкин буд. Барои равшан намудани ин масъала ба баъзе далелҳои мавҷуда муроҷиат менамоем.

gatela

Соли 1879 майор Сенниор дар киштии «Балтимор» дар халиҷи Адан саёҳат мекард. Дар байни мавҷҳои об ҳайвонеро дид, ки шакли он аз шакли дигар ҷонварони обии то хол маъдум тамоман фарқ мекард. Аз рӯии гуфти майор, сари ҷонвари обии мазкур 6-9 м аз об берун баромада гарданаш ба ду тараф ғафс шуда мерафт. Баданаш дар зери об пинҳон буд. Чунин мавҷудотро экипажи киштии ҳарбии «Филблил» соли 1879 дар халиҷи Суэс низ мушоҳида карда буд. Сари ин мори баҳрӣ саёҳи хокисгарранг буда, раҳҳои сурху сиёҳча дошт. Накл мекунанд, ки соли 1874 ҳайвони номаълуми обие киштии на он қадар калони «Перл»-ро бо ҷуссааш зада ғарқ намудааст. Ин воқеа чунин рӯй додааст:

Ҳангоми аз Коломбо ба Мадрас ҳаракат кардан киштии «Перл» бо як ҳайвони ҷигариранги азимҷусса дучор мегардад. Ҳайати командаи киптӣ мефаҳмад, ки ин ҳайвони ба чашм намоён ба ки ба обсабзҳо монандӣ надорад. Бо вуҷуди ин, капитани киштй, аз милтиқ ба сӯйи вай тир холӣ мекунад. Дар натиҷа ин ҳайвони баҳрӣ ба ғазаб омада, киштии «Перл»-ро бо осонӣ чаппа менамояд.

Соли 1906 ду нафар зоолог Майл Никол ва Мид Уолдо дар соҳили Бразилия ҳайвонеро дидаанд, ки сараш ба сари сангпушт монанд будааст. Вай баробари киштӣ ҳаракат намуда, обро ба ду тараф медаронд ва мавҷҳои калоне ба вуҷуд меовард. Тамоми ҳайати киштӣ иқрор шуданд, ки чунин аҷоиботро бори аввал дида истодаанд.

Мисолҳои мазкур нишон медиҳанд, ки исботи мавҷудияти мори баҳрӣ кофтуковхои зиёдеро талаб менамояд. Ҳарчанд дар баҳру уқёнугхо ҳазорҳо киштию самолётхо рафтуо намуда, садҳо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ олами зиндаи уқёнусҳоро меомӯзанд, вале бисёр бошандагони зери об аз мушоҳидаи онҳо берун мондаанд ва барои донистани тамоми мавҷудоти қаъри он Вақти зиёде лозим аст.

  1. Дар қисми шимолин Австралия, дар ҳавзаи дарёи Робинзон Намудҳои гуногуни тимсоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо аҳолии ин ҷойҳо аҳл ва тифоқ мебошанд.

Истиқоматкунандагони махаллӣ дилпурона дар байни тимсоҳҳо шино мекунанд, кӯдакон бошанд, ҳатго ба пушти ин даррандаҳо савор мешаванд. To ҳол воқеае рӯй надодааст, ки тимсоҳ ба одамони ин ҷо ҳамла карда бошад.

  1. Кадом ҳайвон аз ҳама тезтар метозад? Баъзехо харгӯш ва баъзеҳо саги шикорй гуфта ҷавоб медиҳанд.

He. Харгӯш дар 1 соат фақат 55 километр ва саги шикорй 65 километрро тай мекунад.

Вале дар Ҳиндустон ва Эрон ҳайвоне зиндагӣ мекунад, ки аз саги шикорй ҳам тезтар метозад. Ин ҳайвон Гепард ном дорад. Бошандагони Ҳиндустон ин ҳайвонро бештар ром карда, барои шикор истифода мебаранд. Суръати тохтани Гепард дар 1 соат 110 километр буда, вале тез монда мешавад. Вай баъзе оҳувонро. ки 90-95 километр дар як соат метозанд, дошта метавонад.

  1. Дар олами ҳайвонот тимсоҳ аз ҳама бадҳайбаггарин аст. Ҷойи ҳаётгузаронии тимсоҳхо Африкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ. Осиё, ҷазираҳои тропикии уқёнуси Ором, Австралияи Шимолӣ мебошад. Вақте, ки дандонҳои тимсоҳ меафтад, ба ҷойи он тез дандони нав мебарояд. Ин ҳолат то охири ҳаёташ давом мекунад. Тимсоҳ қариб ҳама чизро мехӯрад. Оби меъдаи он аз кислотаи хлорид иборат буда, ҳар хел хӯрокро ҳазм мекунад. Ҳатто дар муддати якчанд моҳ найзаи оҳанинро об карда мепартояд.
  2. Ин воқеа дар Англия рӯй дода буд. Рӯзе сангпушти дастпарваре аз хонаи хӯчаннаш ғайб зад. Хӯҷаин ба гум шудани сангпушт боварӣ надошт, зеро ӯ бо ранг дар тахтапуштн сангпушт номи падар ва нишонаи худро навишта буд. Тахмини хӯҷаин рост баромад. Сангпушт баъди ду сол аз қишлоқи дурдасте ёфт шуд ва маълум гардид, ки дар ин муддат 385 километр роҳро тай кардааст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …