Главная / Илм / ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

xirs-surat-650x330Хирс — ин ҳайвони маълуми калони серпашм аст, ки ҳама чизро мехурад. Мизоҷаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи хирси пир хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахши Хтрс: заҳраи он гиреҳҳои баданро ба шиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихӯранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо сиркоасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди ҷигареро, ки аз сардӣ бошад, сиҳат мекунад; истисқои лаҳмӣ ва обиро ба ибро меоварад; ду граммашро бихӯранд, қулинчи ҷунбандаро (подвижной колитро) шифо мебахшад. Агар заҳраи хирсро бо асал ва оби бодён (арпабодиён) даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад, мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад.

Агар инро бо асал ва мурчи кӯфтагӣ даромехта, ҳар рӯз як мартаба то панҷ рӯз бимоланд, решҳои хӯранда ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад, инчунин ба сар мӯй мерӯёнад.

Ширдони бачаи хирсро, ки ҳанӯз ба ғайр аз шир чизи дигар нахӯрда бошад, панирмояи хирс меноманд. Агар инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад. 4,5 грамм аз он бихӯранд, саръро, ки сабабаш ҷамь шудани балғам дар мағзи сар бошад, шифо мебахшад. Агар дар милки чашм мӯйи чаппа рӯйида бошад ва дар чашм бихалад, онро баъд аз кандан инро ба чашм кашанд, дигар мӯй намерӯяд. Агар инро ба ҳар ҷойи бадан бимоланд, рӯйидани мӯйро дар он ҷо манъ мекунад; бар пучак бимоланд, ба зудӣ онро мепазонад.

Мизоҷи равғанаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Агар инро гузошта банданд, дарди кӯҳнаи буғумҳоро бартараф мекунад, асабҳо ва узвҳои шахшударо мулоим мегардонад, агар ягон устухон беҷо шуда шикаста бошад, беҷоро баҷо меоварад ва шикастаро пайваст мекунад, латхӯрдаи узвҳоро ислоҳ менамояд; ба сина гузошта банданд, сурфаеро, ки аз хушкӣ бошад, шифо мебахшад. Ба доғи пес ва гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, шифо мебахшад.

Равғани хирсро дар вақти зоида шуданашон бар бадани тифлон бимоланд, онҳо аз ҳамаи ҳодисоти зарарноки табиат эмин мешаванд. Чун даруни анорро тамоман холӣ карда, равғани хирс ва равғани зайтун баробарвазн дар он андохта, ба оташ гузошта гарм намуда бимоланд, барои рӯёнидани мӯйи абрӯ доруи хубест; ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, бавосир, носур ва саъфа (ширинча) дору мешавад.

Мизоҷи пӯсташ бисёр хушк аст. Агар бар он бардавом бишинанд, фолиҷ, ниқриси тармизоҷон ва бемории аъзошиканиро шифо мебахшад. Чун хояи онро чок карда, кӯфтаи мозу ва татум ба он пур намуда, хушк кунанд, баъд соида бихӯранд, исҳолро ба суръат манъ мекунад.

Саргинашро гузошта банданд, варамҳо ва дарди гулуи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун сар зада бошад, таҳлил медиҳад. Агар инро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. Мӯяшро бисӯзанд, аз дуд ва бӯйи он ҷонварони зарарнок мегурезанд.

Чашми рости онро ба худ биёвезанд, ҷонварони ваҳшӣ аз он кас мегурезанд. Агар ҳар ду чашми онро дар латта баста, ба гардани бемор биёвезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …