Главная / Ҷамъият / ҲИКОЯИ ГУНҶИШК ВА СУСМОР

ҲИКОЯИ ГУНҶИШК ВА СУСМОР

Шунидаам, ки ду гунҷишк бар шохи дарахте ошёна ниҳода ва аз матои дунё ба обу дона қаноат карда буданд. Бар сари кўҳе, ки он дарахт дар поёни вай истода буд, бошае мақом дошт, ки дар вақти сайд кардан чун барқ аз гўшае берун меҷаст ва соиқавор хирмани ҷони мурғони заифболро пок месўхт.

Ҳар гоҳ ки гунҷишкон бача мебароварданд ва онро паррончак мекарданд, боша аз камингоҳ берун ҷаста, бачаи онҳоро рабуда, тўъмаи бачагони худ месохт. Он гунҷишкон аз ошёнаи худ дил канда наметавонистанд. Боша бошад, ҳамеша бачаҳои онҳоро нобуд мекард.

Мор ва гунчишк

Навбате бачагони онҳо қувват ёфта ва пару бол бароварда ҳаракат мекарданд. Падару модар ба дидори фарзандон хурсанд шуда аз вақти парвози онҳо хуррамӣ менамуданд. Ногоҳ андешаи боша ба хотири онҳо гузашт ва якборагӣ аз хурсандӣ боз монда ба изтиробу беқарорӣ нолаву зорӣ оғоз карданд.

Яке аз фарзандонашон сабаби ин ҳол пурсид. Гуфтанд: Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст, Аз оби дида пурс, ки у тарҷумони мост.

Пас қиссаи зулми бошаро батафсил гуфтанд. Он писар гуфт:

– Ҳар дарде даво ва ҳар ранҷе шифое дорад. Мумкин аст, ки дар дафъи ин бало саъй кунед, ў аз сари мо бардошта шавад.

Ин сухан ба гунҷишкон мувофиқ омад. Яке аз онҳо ба бачагони худ нигоҳ карда истода, дигаре ба чораҷўӣ парвоз кард. Чун қадре роҳ бипарид, дар андешаи он афтод, ки оё куҷо равам ва дарди дили худро ба кӣ гўям:

Ба дарди дил гирифторам, давои дил намедонам, Давои дарди дил корест бас мушкил, намедонам. Охир ба хотираш омад, ки ҳар чонваре, ки ба назари ў

аввал афтад, сухан ба вай бигўяд ва илоҷи дарди дил аз вай биталабад. Иттифоқо, Самандаре аз маъдани оташ берун омада дар фазои саҳро сайругашт менамуд. Гунҷишк онро дид ва бо худ гуфт: «Биё, то дарди дил ба ин мурғи булъаҷаб бигўям, шояд, ки гиреҳ аз кори ман бикшояд ва маро ба сўи чора роҳ намояд». Пас аз таъзим назди Самандар омад.

Самандар ўро дида гуфт:

– Дар башараи ту осори малол пайдост, агар аз ранҷи роҳ бошад, чанд рўз дар ин ҷой иқомат кун, агар ҳолати дигар бошад, бигўй, то ки чораи он ба қадри тоқати худ бубинам.

Гунҷишк забон бикшод ва ҳоли зори худ пеши Самандар арз кард:

Бар ҳар касе, ки шарҳ диҳам достони хеш, Сад доғи тоза бар дили он нотавон ниҳам.

Самандар ин суханҳоро шунида гуфт:

– Ғам махўр, ки ман ин балоро аз сари ту дафъ гардонам ва имшаб чунон кунам, ки хонаву ошёнаи ўро бисўзам. Ту ба ман манзили худ нишон деҳ ва худ ба сари фарзандон рав, то вақте ки назди ту оям.

Гунҷишк нишони макони худ ба Самандар нишон дод, бо хотири шод ва аз бори ғам озод рў ба ошёнаи худ ниҳод.

Чун шаб даромад, Самандар бо ҷамъи ҳамҷинсони худ ҳар як миқдоре нафт ва гўгирд бардошта ба он манзил равон шуд ва ба раҳнамунии гунҷишк худро ба наздикии он ошёнаи боша расонд. Боша бо фарзандон сер хўрда ва дар хоб шуда буданд. Самандарон он чӣ аз нафту гўгирд ҳамроҳ доштанд, ба ошёнаи онҳо рехта бозгаштанд. Аз шўьлаи оташ ошёнаи он золим афтод ва ҳамаи онҳо ба як бор бо хонаву ошёна хокистар шуданд. Ситамгар зи зулм оташе барфурўхт.

Чу зад шўъла аввал ҳам ўро бисўхт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Боша чӣ хел паранда аст?
  2. Самандар чӣ хел ҷонвар аст?
  3. Чаро гунҷишк ҳар сол бачаҳои худро тўъмаи нафси боша мегардонид?
  4. Гунҷишк барои халосии бачаҳояш чӣ чора андешид?
  5. Самандар ба гунҷишк чӣ сон ёрӣ расонид?
  6. Аз ин ҳикоят ба кадом хулоса омадед?

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …