Дар «Фавоиди Фирӯзшоҳӣ» ва дар «Мифтоҳу-л-ҷинон» овардаанд, ки рӯзе аъробие ба хизмати Ҳазрати Расули акрам (с) омада гуфт:
- Эй Расулаллоҳ (с), ман мардеам қарздор ва аз бебизоатӣ таъни ҷуҳуде мешунавам ва дигар он, ки маро ба ҳафтае муҳлат додаст, илоҷи ин кор чӣ созам?
Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ки:
- Салавот бар ман бисёр фирист, то Ҳақ таоло туро қавӣ гардонад ва аз мазаллати қарзу таъни душман халос шавӣ ва давлати бемашаққат туро бидиҳанд.
Аъробӣ гӯяд, ки ба салавот мубодират намудам дар хона ва баъд аз панҷ рӯз омадам ва сурати ҳол бозгуфтам ва бозомадам. Дар роҳ ба санге пешипо хӯрдам, поям басе маҷрӯҳ шуд. Дидам порчасанге ва сангро аз роҳ дур кардам, ки мабодо шахси дигаре ба ин тариқа шавад. Чун сангро аз замин баркандам, дидам кузае пур аз зар. Ба худ гуфтам, ки: «Чаро амонати шахсеро хиёнат созам». Ва боз сангро ба ҷойи худ гузоштам ва ҳамроҳи хок пушидаму ба хона омадам. Кайфияти ҳолро бо аврати худ гуфтам. Гуфт:
- Чаро нагирифтӣ, ки аз қарзу мазаллати душман халос мешудем?
Ман гуфтам:
- Ҳазрати Расули акрам (с) ваъда кардаанд, ки аз шарофати салавот давлати беқалб муяссар шавад, пас ман чаро амонати шахсеро хиёнат кунам.
Зан ҳеҷ нагуфт. Ва ҷуҳуде, ки бар он мард қарз дошт ҳамсоя буд, сухани он мардро шунид ва ба ҳамон манзил расид ва кузаи зарро бигирифту ба хонаи худ овард ва ба хушвақтии тамом даҳани кузаро боз кард. Дасти ӯро каждуме неш зад. Акнун кузаро дид пур аз каждум, гуфт: «Чаро он мардро ба ҳалокат нарасонам». Кузаро дуруст карду ҳангоми пагоҳӣ бар боми он мард омад ва даҳани кузаро аз равзани хона вожгун кард. Он мард дар ҳини салавотхонӣ буд, ки садои зар ба гуши ӯ расид, дид, ки беадад зари холис мерезад. Пас, аз қарзу мазаллати қарз халос шуд ва қавӣ гардид.
Пас, эй дарвеш, агар бандаи муъмин бар ҳар ният ба салавот фиристодан мубодират намояд ва савоби салавотро бар рӯҳи пурфутуҳи Ҳазрати Расули акрам (с) ба тариқи туҳфаву ниёз фиристад ва ба ҳар коре шафеъ орад, Худо хоҳад, Худованди таоло нияти ӯро баровардаи хайр гардонад ва хатми кор бо имон дорад аз карами ӯ аҷаб нест.
Ҳикояти ҳабдаҳум. Ин ҳикоят ба тариқи назм дар китоби «Ҷомеу-л-гулзор»-и Мирзо Салим ҳокими Шаҳрисабз чунин омада:
Ҳикояти Шайх Аҳмади Ғаззолӣ:
Буд як шайх олими хушҳол,
Исми ӯ Шайх Аҳмади Ғаззол.
Раҳматуллоҳ алайҳ, он хушхӯ
Муттақӣ буду зоҳиди некӯ.
Қадри сӣ сол шайхи соҳибаҷр
Ба вузӯи ишо[1] салоти фаҷр[2]
Хонду хобе накард, яъне ӯ
Андар он вақт доимо ба вузӯ.
Қоимуллайл[3] буд шайхи кибор,
Соимуддаҳр[4] буд он аҳёр.
Кард ҳафтод сол ӯ тоат,
Истироҳат надид як соат.
Сесаду шаст муриди соҳибҳол
Дошт он Шайх Аҳмади Ғаззол.
Он муридон ба ҳар вилояти худ
Рафта буданд баҳри тоати худ.
Шайх бо як муриди худ он дам
Савмаа[5] дошт дар ҷабал[6] бо ҳам.
Гӯшагирӣ карда аз мардум,
Карда худро даруни тоат гум.
Гашт бемор Шайх Ғаззолӣ,
Рӯз то рӯз ҳол бо ҳоле.
Ҳафт рӯзе гузашт дар шиддат,
Маразаш[7] беҳ нашуд дар ин муддат.
Дид ӯ мавтро ба чашм яқин
Андар он ҳол шайхи соҳибдин
Вақти бемори мешунид садо
Гушаи хона, менамуд нидо:
«Вой, сад вой, бар ту, эй Ғаззол
Инчунин меравӣ ба ин аҳвол».
Ба муридаш ба рӯзи ҳафтум гуфт:
«Шунавам ман зи розҳои нуҳуфт.
Рав, ту ин дам ба шаҳр, эй дарвеш,
Он яҳудӣ биёр ҳамраҳи хеш.
Назди ман ор он яҳудиро,
Хоҳам аз вай ҳақе биҳилиро.
Гар насозам биҳил варо ин дам,
Дар ҳалокат бияфтам, эй ҳамдам».
Ин бигуфту забони шайх гирифт,
Гашт ҳайрон муриду шуд ба шигифт.
Баъд аз он кард он мурид назар,
Бар рӯҳи шайх шуд ду нуқта асар.
Буд он нуқтаҳо сиёҳ чу қир,
Бар рӯҳи шайх гашт нуқта кабир.
Рафта-рафта сиёҳ шуд рӯяш,
Рӯйи он шайх гашт аз хӯяш.
Ҳоли он шайхро мурид бидид,
Сайҳа[8] бинмуду ҷомаро бидрид.
Наъраҳо карду гиряҳо бинмуд,
Муштҳо мезад ӯ ба рӯйи худ.
Гуфт: «Во вайлу во мусибатҳо,
Инчунин гашт ҳоли шайхи мо».
Гуфт: «Ин ҳол бо саидонаш,
Чӣ шавад ҳол бо муридонаш?
Во надомат ба шайху во ҳасрат,
Андар ин ҳол гашта дар ҳайрат.
Бо мутеон бад-ин намат ахвол,
Осиёнро чӣ гуна бошад ҳол?
Во фазиҳат, зи ҳоли ин уламо,
Ба чӣ аҳвол мешавад ҷуҳало?»
Дид ахволи шайхро чу мурид,
Дар гурез омаду зи хавф давид.
Рафт бо сӯйи қабри модари худ,
Рӯйи худро ниҳода, шуд бехуд.
Гиряҳо карду гуфт: «Эй модар,
Кист ин дам маро шавад ёвар?
Бигурезам куҷо зи қаҳри Худо,
Аз азоби Худо куҷост панно(ҳ)?
Ҳасрато, эй падар, маро дарёб,
Аз уқубат куҷо равам, эй боб?
Роҳи мухлас куҷо бувад, баргӯ,
То гурезам, халос шавам аз ӯ».
Ин бигӯфту замони дуру дароз,
Гиряи сахт кард бо овоз.
Баъд аз он гуфт бо худ: «Эй номард,
Зуд бо сӯйи шайхи худ баргард.
Дафн кун қабли дидани халқон,
Нашавад ӯ фазихати халқон».
Пас, биёмад ба сӯйи савмаа ӯ,
Дид нуре ба сӯйи Арш аз ӯ.
Пеши шайх омад он мурид қариб,
Дид нуре зи руйи шайхи лабиб.
Сотеъу ломеъ аст аз он ҷо,
Меравад нури ӯ ба сӯйи само.
Шукрҳо кард бо тааҷҷуб он,
Хонд он дам дуруд бепоён.
Баъд аз он ғусл доду кард кафан.
Қабрро ҷо намуд шайхи куҳан.
Он муридаш ниҳод дар қабраш,
Кафанашро кушод аз рӯяш.
Ханда карду бигуфт шайх бар он:
«Эй писар, ман намурдаам, медон.
Балки нақле намуда аз дунё,
Сафаре карда ҷониби уқбо».
Хоб дид он мурид аз паси он,
Шайхи худ дар биҳишт сайркунон.
Маа асҳоби он Расули кибор,
Суҳбате дорад ӯ ба ёри чаҳор.
Он муридаш зи шайх кард савол,
Аз сиёҳии рӯйи он хушҳол:
«Андар он ҳикмате чӣ буд туро,
Рӯйи ту он сиёҳ гашт чаро?
Ин замон менишинӣ бо асҳоб,
Мекунӣ суҳбате ба ин аҳбоб.
Вақти ғуслу ба вақти дафни ту,
Hyp сотеъ шуда зи рӯйи ту.
Сабабашро ба ман бикун огоҳ
Эй ҳидоягпаноҳи олиҷоҳ».
Гуфт он Шайх Аҳмади Ғаззол:
«Бо ту гӯям зи сирри он аҳвол.
Он замоне, ки гашт қариб аҷал,
Дидам он дам ба дафтари аъмал.
Дирҳамайн аз ҳаром ман хурда,
Буд он аз яҳуди ҳамсоя.
Он ду дирхам ду нуқта шуд бар рӯй,
Бас сиёҳ гашт рӯй аз ҳар сӯй.
Он уқубат барои ду дирҳам,
Дар сиёҳӣ кашид рӯй ба ҳам.
Нури сотеъ ба рӯйи ман дидӣ,
Диҳам акнун ҷавоб, пурсидӣ.
Салавоти кабир бар он шоҳ
Мустафоро алайҳи саллаллоҳ.
Мебихондам варо гаҳу бегоҳ
Менамудам нисори марқади шоҳ.
Хоса байни ибодатам доим,
Мешудам бо дуруди ӯ қоим.
3-он сабаб гашт рӯйи ман пурпур,
Аз ҳамон нур гаштаам масрур.
Гар бипурсӣ ҷулуси[9] бо асҳоб,
Менамудам насихати аҳбоб.
Амри маъруфи доимӣ аз ман,
Муслиминро ҳамеша буд сухан.
Ин каромоти ҷаннат, ар донӣ,
Фазли Раб асту лутфи Субҳонӣ».
Ё Илоҳо, ба ҳаққи саҳбу ол,
Ҳурмати Шайх Аҳмади Ғаззол.
Ҳурмати он дуруди Пайғамбар,
Шайхро гашт ҳодиву раҳбар.
Рӯйи он шайхи бандаи даргоҳ
Сабаби дирҳамайн гашт сиёҳ.
Вой бар ҳоли мо фақирон вой,
Русиёҳи абад ба ҳар ду сарой.
Аз ҳароме накарда парҳезе,
Мақсади мо ҳаром аз чизе.
Нест парҳез дар калону хурд,
Хоҳ бошад зи арманиву яҳуд.
Мо насозем ҳеҷ фикри маол,
Ҷамъ созем андар ин аҳвол.
Заррае нест фикр аз уқбо,
Вой бар ҳоли мо дар ин савдо.
Он Худованди Қодири Якто,
Арҳама-р-роҳимини арзу само.
Нашавад лутфи ӯ ба мо чандон,
Вой бар ҳоли мо гунаҳгорон.
Эй Салимӣ, ту ин ҳама ёва
Гӯйӣ ҳар дам, ту худ чӣ дар поя?
Арҳама-р-роҳимин Худои ҷаҳон,
Раҳми ӯ шомил аст дар инсон.
Раҳматашро на ҳадду поён аст,
Лутфи ӯ бо ҷамеъ шоён аст.
Гар далеле бипурсӣ аз Қуръон,
Қавли «Ло тақнату» бихон, эй ҷон.
Хонӣ ин оя то «Ғафуру-р-Раҳим»,
То бидонӣ ту лутфи он роҳим.
[1] Ишо – намози хуфтан.
[2] Салоти фаҷр – намози бомдод.
[3] Қоимуллайл – шабзиндадор.
[4] Соимуддаҳр – ҳамеша рӯзадор.
[5] Савмаа – ибодатгоҳ.
[6] Ҷабал – куҳ.
[7] Мараз – беморӣ.
[8] Сайҳа – наъра.
[9] Ҷулус – – нишастан.