Главная / Маданият ва санъат / Ҳикмати саҳархезӣ

Ҳикмати саҳархезӣ

Ривоят мекунанд, ки Хисрави Парвиз дар солҳои аввали салтанаташ фориғдилу нишотангез будааст ва бомдодон дар хоб мемондааст. Вале ин ба вазири донишманд Бузургмеҳр маъқул набудааст. Бинобарон ҳар субҳн содиқ ба болини шоҳ меомадааст ва ӯро ба саҳархезӣ водор месохтааст.

Хоҷа Бузургмеҳр субҳи пагоҳ,
Бар сараш омадӣ, ки: «Хез, эй шоҳ!
Ҳар кӣ шаб шуд пагоҳтар бедор,
Рӯз фирӯз гашт дар ҳама кор».

Саҳархезӣ барои шоҳ душвор буд. Аз ин хотир меандешид, ки чӣ тавр аз ин вазъият барояд ва номи бедории саҳар набарад. Ӯ ними шаб навҷавоне теғзан, марди паҳлавонеро даъват мекунаду оҳиста мегӯяд, ки:

Бар сари роҳи Хоҷа рав, биншин,
То Хоҷа чун даррасид, баро зи камин.
Ҳамла бар Хоҷа зан, бигир ӯро,
Ҷома баркаш зи тан чу cap ӯро.

Паҳлавон мувофиқи гуфтаи шоҳ амал намуда, саҳарии барвақт, вақте ки Хоҷа Бузургмеҳр пайдо мешавад, ҳуҷум     мекунаду бо зурӣ асп, ҷома ва саллаашро ғорат мекунад.

Хоҷаи бечора то баргашта хона меояду аспу саллаи дигаре ёфта, назди шоҳ меравад, ки бегоҳ мешавад. Шоҳ худро ба нодонӣ зада мепурсад:

Гуфт Хисрав, ки: «Дер омадаӣ?
Магар аз мо ба сер омадаӣ?»

Вақте ки Бузургмеҳр узр хоста қиссаи шабро ҳикоя мекунад, шоҳ мегӯяд, ки ҳар саҳар ба гӯшам мехондӣ:

Ки пагоҳхезрост фирӯзӣ,
Шавад шфолаш аз ҳама рӯзӣ.

Вале ҳоло мебинам, ки аз саҳархезӣ кас фоида не, зарар медидааст. Чунончи ба ту рӯй дод. Шояд минбаъд моро ба саҳархезӣ ташвиқ накунӣ.   Бузургмеҳр сухани шоҳро гуш карда дар ҷавоб мегӯяд:

– Дузд ба мақсадаш расид, барои он, ки аз ман барвақттар хест. Вале:

Гар ман аз вай пагоҳтар омадаме,
Ба саодат музаффар омадаме.
Бегумон, ҳар кӣ дидабедор аст,
Ёвараш бахту дида бедор аст.
Субҳро ҳар кӣ зинда дарёбад,
Ҳамчу хуршед дар ҷахон тобад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …