Главная / Ҷамъият / ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” ва бо мақсади ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбс, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро таъмин намоянд.

3) Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2011 № 577

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …