Главная / Гуногун / Хатиб -Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам

Хатиб -Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам

Хатибе карехуссавт худро хушовоз пиндошти ва фарёди беҳуда бардоштӣ. Мардум қаря ба иллати ҷоҳе, ки дошт, балияташ ҳамекашиданд ва азияташро маслиҳат намедиданд. То яке аз хутабои он иқлим, ки бо ў адовате ниҳони дошт, боре ба пурсиши вай омада буд, гуфт:

17188– Туро хобе дидаам, хайр бод!
Гуфто:
– Чӣ дидӣ?
Гуфт:
– Чунон дидаме, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту бар роҳат буданд.
Хатиб андар ин лахте бияндешиду гуфт:
– Ин муборак хобест, ки диди, маро бар айби худ воқиф гардонидӣ. Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халқ аз баланд хондани ман дар ранҷ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагўям, магар ба оҳистагиӣ.

Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.
Айбам ҳунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.
Ку душмани шухчашми нопок,
То айби маро ба ман намояд?

***
Ҳар он кас, ки айбаш нагўянд пеш,
Ҳунар донад аз ҷоҳили айби хеш.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …