Главная / Ҷуғрофия / ҲАРОРАТИ ҲАВО

ҲАРОРАТИ ҲАВО

Ҳаво чи тавр гарм ва сард мешавад? Дар тропосфера ҳаво нурҳои Офтобро мисли шишаи тиреза аз худ мегузаронад ва аз он ҳаво қариб гарм намешавад (ба шишаи нурҳои Офтоб афтида ва тахтаи зери он тиреза даст расонед).

Муқаррар шудааст, ки нурҳои Офтоб аввал сатҳи Заминро гарм мекунанд, аз гармии дар сатҳи Замин паҳншуда ҳавои атмосфера гарм мешавад. Бинобар ин ҳаво дар наздикии сатҳи Замин ҳамеша нисбат ба қабатҳои дуртари он гармтар аст.

Гармшавии сатҳи Замин нобаста ба он аст, ки нурҳои Офтоб бо кадом кунҷ ба сатҳи Замин меафтанд. Кунҷи афтидани нурҳои Офтоб ба сатҳи Замин хар қадар калон бошад (ба 90 дараҷа наздик). сатҳи Замин ҳамон қадар бештар гарм мешавад.

Душаанбе озеро

Гармшавии сатҳи Замин низ ба хосияти он вобаста аст. Сатҳи хушкӣ нисбат ба об тез гарм ва тез сард мешавад. Сатҳи регӣ тез ва сатҳи бо наботот пӯшида сусттар гарм ва хунук мешавад. Вобаста ба ҳамин ҳавои дар болои сатҳи Замин буда ба қадри гуногун гарму сард мешавад.

Чен кардани ҳароратн ҳаво. Ҳарорати ҳаво бо термометр (аз юнонй “термо” – ҳарорат. ”метр” – ченак) чен карда мешавад. Барои чен кардани ҳарорати ҳаво термометрро дар соя бояд гузошт. Зеро термометри дар офтобҷой гузошта чанд дараҷа гарм шудани худи асбобро нишон медиҳад.

Дар стансияҳои метеорологй аз хусуси дар давоми щабонарӯз тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво маълумот мегиранд. дар он ҷо термометрро дар хоначаи махсуси чӯбин, ки дар балаидии 2 метр аз сатҳи Замин гузоншта шудааст ва ба он ҳаво ба осонй медарояд, вале нури Офтоб намерасад, мегузоранд. Дар як шабонарӯз ҳарорати ҳаворо 8 маротиба (пас аз ҳар 3 соат) чен мекунанд. Дар худи ҳамон ҷо асбоби худнавис – гермограф (аз юнонӣ” термо” – ҳарорат, “графо” – менависам) гузошта шудааст. Донистани ҳарорати ҳавои маҳал аз бисёр ҷиҳат муҳим аст.

Равшании шабонарузии ҳарорат. Дар ҳамаи арзҳо, ҳам дар ҳамворию кӯҳҳо, ҳам дар дашту биёбонҳо ҳангоми ҳавои соф ҳарорати пасттарин пеш аз баромадани Офтоб, ҳарорати баланд бсшад, дар қарибии нисфирӯзӣ (баъди соати 13) мешавад, чунки маҳз нисфирӯзӣ Офтоб дар қиём буда, нурҳояш ба сатҳи Замин бо кунҷи калонтар меафтад ва сатҳи Заминро бештар гарм мекунад. Ин сатҳро дар география сатҳи густурда (ё сатҳи фаъол) меноманд. Ҳавои болои ин сатҳ гарм шуда, васеъ мегардад ва баланд мебарояд. Ба ҷои вай ҳавои хунуктар омада, он ҳам гарм мешавад. Дар натиҷаи ҷойивазкунии доимии ҳаво гармй ба баландй паҳн мешавад. Баъди нисфирӯзӣ Офтоб ба фурӯравӣ ба паси уфуқ cap мекунад, вале аз сатҳи тафсида гармихориҷкунй давом дорад ва он ҳаворо гарм мекунад. Ҳангоми ғуруби Офтоб дар маҳалҳои кӯҳсор сатҳи Замин нисбатан тезтар хунук мешавад ва пастшавии ҳарорати ҳаво оғоз меёбад.

Фарқияти байни ҳарорати баландтарин ва пасттарини шабонарӯзиро амплитудаи (тағйироти) шабонарӯзии ҳарорат меноманд.

Дар Тоҷикистон ва арзҳои миёна (мӯътадил) амплитудаи калони шабонарӯзии ҳарорат баҳорон ва тобистон дар ҳавои соф рух медиҳад. Ҳангоми ҳавои гирифта абр сатҳи Заминро чун кӯрпа аз гармшавии зиёд ва хунукшавй нигоҳ медорад, аз ҳамин сабаб амплитудаи шабонарӯзии ҳаво кам аст.

Равиши дурусти шабонарӯзии ҳарорати ҳаво баъзан халалдор мешавад: рӯзона ҳаво хунук ва шабона гарм мегардад. Чунин тағйирёбии ғайричашмдошти ҳарорат, масалан, баҳор ва тобистон ҳангоми аз Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ дохил шудани анбӯҳи ҳавои хунук ва зимистон ҳангоми аз Уқёнуси Атлантика, Баҳри Миёназамин дохил шудани хавои гарм, рух медиҳад.

Ҳарорати миёнан шабонарӯзӣ. Дар натиҷаи мушоҳидаи ҳарорати баландтарин ва пасттарин ҳарорати шабонарӯзй муайян карда мешавад. Дар статсияҳои метеорологӣ одатан дар як шабонарӯз ҳарорати ҳаворо 8 марогиба санҷида, аз рӯи ҳисоби миёнаи арифметикии онҳо ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаворо муайян мекунанд. Термометр баъзан (дар баҳору зимистон) дар давоми шабонарӯз ҳам ҳарорати мусбат – аз 0° С баланд ва ҳам ҳарорати манфӣ – аз 0” С пастро нишон медиҳад. Дар ин маврид барои муайян кардани ҳарорати миёна ҳосили ҷамъи ҳарорати баланд ва пастро дар алоҳидагӣ мегиранд. Сипас аз ҳосили ҷамъи зиёд ҳосили чамъи камро тарҳ карда, фарқиятро ба шумораи ченкунй тақсим менамоянд. Ба рақами ҳосилшуда аломати тақсим мегузоранд.

Савол ва супориш

  1. Аз рӯи қайдхо дар дафтари ҳавосанҷӣ дар давоми шабонарӯз тағйир ёфтани ҳарорати ҳаворо нақл кунед.
  2. Амплитудаи шабонарӯзии ҳарорат дар чӣ хел ҳаво (абрнок соф) зиед мешавад? Сабаб чист?
  3.  Мувофиқи ҳарорати миёнаи ҳаррӯза, ки дар дафтари ҳавосанчй навиштаед, дар муддати муайяи чй хел тағйир ёфтани ҳароратро накл кунед (паст шуд. баланд шуд, тағйир наёфт).

 

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …