Главная / Биология / Ҳаракати хун дар рагҳо

Ҳаракати хун дар рагҳо

Фишори хун. Фишори хун дар деворҳои рагҳо бо қувваи кашишхўриҳои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор дар рагҳои гуногун як хел нест. Фишори хун дар шоҳраг аз ҳама баланд буда, 115-130 мм сутунчаи симобро ташкил медиҳад. Аз сабаби ба шохаҳо ҷудо шудани рагҳои шарён фишор паст шуда, дар рагҳои шарёни борик 70-80 мм, дар мўйрагҳо 20 мм-ро ташкил медиҳанд. Фишори хун дар рагҳои варид паст шуда, дар рагҳои вариди холии ковоки қафаси сина ба 5-9 мм баробар аст ва онро фишори манфӣ меноманд, чунки аз фишори атмосфера паст аст.

Нобаробар будани фишор ҳаракати хунро таъмин менамояд. Суръати ҳаракати хун ҳам дар рагҳо гуногун мебошад: масалан, дар шоҳраг 50 см/сония, дар мўйрагҳо – 0,1-1 см/сония, дар рагҳои варид ба ҳисоби миёна – 6-20 см.сония.

xun-gardish

Фишори хунро дар раги шарёни бозу ба воситаи асбоби махсус – танометр, Сфигмоманометр чен мекунанд (расми 49). Фишори хуни одами ҷавону солим дар ҳолати муқаррарӣ дар рагҳои шарён ба 120-80 мм/ст симоб баробар аст.

Набзи шарёнӣ. Ҳангоми ҳар маротиба кашиш хўрдани меъдачаи чапи дил хун бо шаст ба деворҳои маҳками шоҳраг бархўрда, онҳоро меёзонад. Ин мавҷи лаппиш, ба девори рагҳои шарён зуд паҳн мешавад. Дар ҷойҳое, ки рагҳои шарёни калон дар наздикии сатҳи бадан ҷой гирифтаанд, масалан, дар тарафи дохилии сарпанҷаҳои даст, чаккаҳо, паҳлўҳои гардан ва дигар ҷойҳо лаппиши мавзуни девори рагҳо ҳискарда мешавад, ки онро набзи шарёнӣ меноманд.

Ҳар як зарби набз ба як таппиши дил мувофиқ аст. Аз ҳамин сабаб, адади зарби дилро дар як дақиқа аз рўи зарбҳои набз ҳисоб кардан мумкин аст.

fishori-xun

Ҳаракати хун дар рагҳои варид. Девори рагҳои варид нисбат ба девори рагҳои шарён хеле тунук ва хеле нарм мебошад. Ҳаракати хунро дар рагҳои варид кашишхўрии мушакҳои скелет, ки рагҳои варидро печонидаанд, таъмин мекунад (расми 51). Хун тавассути рагҳои варид фақат ба дил ҳаракат мекунад. Даричаҳои ҳилолшакли дохили рагҳои варид намегузоранд, ки хун ба самти муқобил ҳаракат кунад.

Дар организм ҳамеша хун аз рўи зарурият тақсим мешавад: хун вобаста ба эҳтиёҷоти оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ба як узв камтар ва ба узви дигар бисёртар меояд. Тағйирёбии бо хун таъминшавии узв бо тағйироти фосилаи рагҳои он вобаста аст. Танг шудани андозаи рагҳо ба кашишхўрдани деворҳои он аз таъсири асабҳои симпатикӣ ва системаи марказии асаб вобаста аст.

sistemai-limfa

Ҳормонҳои адреналин рагҳои хунгардро танг мекунанд. Ҳамин тавр, фосилаи рагҳои хунгардро системаи асаб ва моддаҳои фаъоли биологӣ танзим мекунанд ва онҳо имконият медиҳанд, ки мувофиқи талаботи организм амал кунанд. Гардиши лимфа. Системаи лимфа боиси хориҷ шудани моеъи зиёдатии бофтаҳо мегардад.

Ҳамаи бофтаҳо дорои мўйрагҳои лимфагии майдатарини сарбаста мебошад. Ба онҳо моеъи байниҳуҷайравӣ дохил шуда, лимфаро ба вуҷуд меорад. Мўйрагҳои лимфагӣ ба рагҳои нисбатан калони лимфагӣ пайваст мешаванд. Рагҳои лимфагӣ ба мағзи тамоми узву бофтаҳо медароянд. Дар деворҳои дохилӣ рагҳои лимфагӣ даричаҳои барои ба як самт равона кардани лимфа ҷойгиранд. Дар паҳлўи рагҳо гиреҳҳои лимфа ҷойгир мебошанд. Хусусан онҳоро дар зери устухони бозу (бағал), дар ҷои қатшавии зоную оринҷ, ковокии қафаси сина ва шикам, гардан дидан мумкин аст. Ҳамаи рагҳои лимфагӣ дар лимфароҳҳои қафаси сина ҷамъ шуда, ба рагҳои варидӣ калон кушода мешаванд. Ба ин васила моеъи ба бофта дохилшуда боз ба маҷрои хунгард бармегардад. Ҳамин тавр, хун моеъи байниҳуҷайравӣ буда, якҷоя бо лимфа муҳити моеъи дохилии организмро ташкил медиҳанд.

 Савол

  1. Фишори хун чист?
  2. Фишор дар рагҳои хунгард чӣ гуна аст?
  3. Набзи шарёнӣ чист ва чӣ тавр онро муайян мекунанд?
  4. Хун дар кадом рагҳо аз ҳама суст ҳаракат мекунад?
  5. Лимфа чист ва дар организм чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …