Главная / Гуногун / ҲАМВОРИҲОИ ХУШКӢ

ҲАМВОРИҲОИ ХУШКӢ

Ҳамвориҳо ва релефи онҳо. Одатан, сатҳи тахт ва мавҷноки қишри Заминро, ки баландии нисбии он аз 200 метр зиёд нест, ҳамворӣ меноманд. Ҳамвориҳо на фақат масоҳати васеи сатҳи хушкӣ, инчунин қаъри уқёнусҳоро низ ишғол кардаанд. Онҳо дар сатҳи хушкӣ аз ҷиҳати пайдоиш ва релеф аз якдигар фарқ мекунанд. Қитъаи фарохи хушкиро, ки сатҳи ҳамвор дорад, ҳамвории тахт мегӯянд. Қисми ҷанубии хамвории Сибири Ғарбӣ ва назди Каспий аз қабили чунин ҳамвориҳо мебошанд. Дар ин ҷо ҷинсҳои таҳшинӣ ба таври уфуқӣ хобидаанд. Ғайр аз- ҳамвориҳои тахт дар сатҳи хушкӣ ҳамвориҳои теппадор кам ба мушоҳида мерасанд.

zamin

Масалан. ҳамвории Европаи Шарқӣ ва қисми шимолии ҳамвории Сибири Ғарбӣ. Дар сатҳи ин ҳамвориҳо шаклҳои гуногуни релеф: теппаҳо, чуқуриҳо, хамиҳо, ҷариҳо, пастиҳо, водии дарёҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо вомехӯранд. Ҳамин тавр, дар рӯи Замин ҳамвориҳои тамоман тахту ҳамвор вуҷуд надоранд. Барои онҳо моняӣ, мавҷнокй ва геппанокӣ хос аст. Бинобар ин ҳамвориҳо бо релефи худ аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо тахт, моил, пасту баланд, ба як сӯ хамида! мавҷнок ва ғайра мешаванд. Ҳамвориҳо на фақат бо шаклҳои гуногуни релефи худ, инчунин бо тарзи пайдоишашон aз якдигар фарқ мекунанд. Аз ин ҷиҳат онҳо ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: ҳамвориҳои қабат-қабат, аккумулятивӣ (чиниҳои кӯҳии обовард) ва суфта. Ҳамвориҳои қабат-қабат аз ду қабат ҷинсҳои кӯҳии гуногун таркиб ёфтаанд. Бунёди онҳо аз ҷинсҳои сахти булӯр иборат буда, сатҳашонро ҷинсҳои тахшин пӯшондааст. Масалан, ҳавории Европаи Шарқй ва Америкаи Шимолӣ (Ҳамвории Кабир). Ҳамвориҳои суфта асосан дар минтақаи кӯҳсор дар натиҷаи вайроншавии дуру дарози кӯҳҳои қадим пайдо шудаанд. Сатҳи онҳо  хамвори теппадор мебошад.

Теппаҳои пасти Қазоқистон, паҳнкӯҳи Сибири Миёна ва Помири Шарқӣ аз қобили чунин ҳамвориҳо мебошанд. Дар ҳамвориҳои қабат-қабат ҷинсҳои кӯҳии таҳшин ба таври уфуқӣ хобидаанд. Ҳамвориҳои суфта аз ҷинсҳои кӯҳии сахт ташкил ёфтаанд ва тарзи хобидани онҳо  гуногун аст.

Ғайр аз ҳамвориҳои қабат-қабат ва суфта дар сатҳи Замини ҳамвориҳое мавҷуданд, ки дар натиҷаи ба хамиҳои қишри: Замин ҷинсҳои кӯҳии пораю майдашударо оварда хобондани обҳои равон пайдо шудаанд. Ташаккулёбин онҳо бештар ба фаъолияти дарёҳо вобаста мсбошад. Ҳамвориҳои дарё бавуҷудоварда ду хел мешаванд: соҳилй ва резишгоҳӣ (делтавӣ). Чунин ҳамвориҳо дар водӣ ва резишгоҳи дарёи Нил, Миссисипй ва Миссурӣ, Ҳинду Ганг, Янтзй, Хуанхэ ва ғайра масоҳати калонро ишғол кардаанд. Ҳамвориҳои нисбатан хурд дар водии дарсҳои Вахш. Кофарниҳон, Зарафшон ва Сир низ ташаккул ёфтаанд. Дар ҳамвориҳои номбурда аз замонҳои қадим аҳолӣ маскун гардидааст. Баъзеи онҳо марказҳои ташаккулёбии тамаддуни ҷаҳонй ба ҳисоб мераванд.

Ҳамвориҳо ҳам ба монанди кӯҳҳо аз сатҳи баҳр дар баландиҳои мухталиф ҷойгиранд. Он ҳамвориҳоеро, ки аз сатҳи баҳр ДДР баландии камтар аз 200 метр воқеъ гардидаанд, пастӣ меноманд ва бо ранги сабз ифода мекунанд (Масалан. пастии Амазонка ва як қисми ҳамвории Европаи Шарқӣ, ки аз сатҳи баҳр аз 100 то 200 метр баландӣ доранд). Дар баробари ин дар сатҳи Замин ҳамвориҳое мавҷуданд, ки сатҳи онҳо  аз сатҳи баҳр паст аст. Ин намуди ҳамвориҳо дар харита бо ранги сабзи тира ифода ёфтаанд. Пастии назди Каспий аз қабили чунин ҳамвориҳо мебошад. Он аз сатҳи баҳр 26-28 метр паст воқсъ гардидааст. Ғайр аз намудҳои дар боло қайдшуда ҳамвориҳое мавҷудаид, ки онҳо  аз сатҳи баҳр дар балаидии аз 200 то 500 метр ва бешгар вокеъ гардидаанд. Онхоро мувофиқан баламдӣ ва суфакӯх мемоманд (расми 42). Дар харита баландихоро бо рангн зард. суфакӯҳҳоро бо ранги кахваранг тасвир мснамоянд. Масалан, баландии Миёнаи Рус. Валдоси суфакӯхи Арабистон. Эрон ва Дакан (дар нимҷазираи Ҳиидустон).

Тағйир сфганн ҳамвориҳо. Ҳамвориҳо ҳам монанди Дигар намудхои релеф мунгазам тағйир м<#банд. Ин тағйирот асосан ба қуввахои берунии Замин (обхои равом, бод, боришот. ссл ва ғайра) вобаста мебошад. Дар он ҷойхое, ки рутубат. боришот зиёд, обхои равон (хох доимӣ ва хоҳ мувакка гй) бисёр аст, шусташавӣ ва ҷариҳосилшавӣ меафзояд. Ин ходисаро Ибни Сино чунин тасвир намудааст: “Селхо дар ибтидо ҳамвора Заминро мешӯянд ва оқибат ғорхои калонро (чариҳо) ба вуҷуд меоранд, лекин он қисматн Замин, ки аз селоб дур мондааст. ба теппа мубаддал мегардад”. Ҳодисаи ‘ириҳосилшавӣ бештар дар ҳамвории Рус мушоҳида мешавад. ДаР ин ҷо рӯзхои сербориш дар муддати кӯтоҳ ҷариҳое ҳосил мешаванд, ки даҳҳо метрро ташкил менамоянд.

Дар ноҳияҳое, ки боришот кам аст, релефи ҳамвориҳо таҳти таъсири бод тағйир меёбад. Бод, хусусан дар биёбонҳо  ҷинсҳои кӯҳии сахтро вайрон карда, peг ва хокро ба ҳаракат оварда, шаклҳои нави релефи бодхурдашавиро ба вуҷуд меоварад. Теппаҳои регӣ, талҳои реги равон, чуқуриҳо (дар сатҳи ҷинсҳои кӯҳии сахт), сутунҳои занбӯруғмонанд аз  қабили шаклҳои релефи бодҳосилкарда мебошанд. Чунин шаклҳои релеф дар биёбонҳои Саҳрои Кабир, Қайроқум  ва Қизилкум, дар водии дарёҳои Сир, Панҷ, Вахш дида мешаванд. Релефи ҳамвориҳо дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолии одамон низ тағйир меёбад. Аз ҷумла ҳангомӣ сохтани роҳҳо, истифода кардани сарватҳои зеризамииӣ, сохтмони каналҳо, обанборҳо, кандани заҳбурҳо ва ғайра релефи ибтидоии ҳамвориҳо ба тағйирот дучор мешавад. Ин дигаргунихоро тағйироти антропогенй (аз тарафи инсон бавунудоварда) меноманд. Чунин тағйиротҳоро дар водии Вахш, даштҳои Данғара, Дилварзин ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …