Главная / Маданият ва санъат / Ҳаловат ва лаззат ва осоишу роҳати аҳли биҳишт

Ҳаловат ва лаззат ва осоишу роҳати аҳли биҳишт

Ҳаловат ва лаззат ва осоишу роҳати аҳли биҳишт

Чун биҳиштиён дар биҳишт дароянд ва ба истироҳат машғул шаванд, хидматгорон дастархонҳои пур аз анвоьи неъматҳоро пеши ҳар яке аз аҳли биҳишт биоранд. Хонҳо ҳама аз ҷавоҳир ва лӯьлӯъ ороста ва ба ҳар дастархоне чандин  ташт ва ба ҳар ташт чандин тосе ва ба ҳар тосе чандин ҳазор  луқмаи гуногун бошад. Дар ҳар луқмае чандин лаззат бошад. Ва хидматгорон қадаҳҳои заррин ва пиёлаҳои симин ба даст мунтазир биистанд, ки банда аз он дастархонҳои пур аз  таъомҳои гуногун мувофиқи табъу иштиҳои худ биошомаду бихӯрад. Бандаи биҳиштӣ муддати чиҳил сол бар сари он  дастархон бо хӯрдани гӯшти парандагон ва хӯрдани дигар  неъматҳо машғул бошад.

Баъд аз он ки даст аз таъом боздорад, ғилмон косаҳои пур  аз шаробро пеши ӯ баранд. Чун банда шарбате аз он нӯш кунад, хӯрдагиҳои чиҳилсола ба нӯшидани як пиёла шароб  ҳазм шаванд. Гӯянд, ки банда як даст ба ҷоми заррин ва дасти  дигарашро ҳалқа дар гардани ҳур дорад ва аз тарафи дасти  росту чапи ӯ чандин хидмаггорон дасти ба даст карда, ҷомҳои  заррин бар каф гирифта, ба нағмаҳои ширин сурудхонӣ кунанд ва банда подшоҳвор бо айшу шодӣ биншинад. Он бандагон аз бисёрии айшу нӯш ва машғулият бо арӯсони худ  Худои оламиёнро ба ёд наёранд.

Фармон ояд, ки, эй малоикаҳо, ин номаҳоро бар мӯьминон расонед.

Фариштагон он номаҳоро ба дасти ҳурон бидиҳанд. Ҳурон  гӯянд, ки мо натавонем, чунки дӯсти Худои таъоло ба хилват  машғул аст. Фариштагон онро ба ғилмон диҳанд, гилмон гӯянд, мо натавонем рафтан, зеро ки дӯсти Худои таъоло ба маишат машғул аст.

Фариштагон гӯянд, ки, Илоҳо, ту беҳтар медонӣ, ки бандаи  худро чунин мартабаву бузургӣ додаӣ, ки ба наздаш  натавонем рафтан.

Он гоҳ фармон шавад, ки аз боғҳои беруни биҳишт аз Ҳазрати мо тӯҳфа ва ҳадя баргиред ва ба сӯи бандагони мо, биравед ва бар дасти ҳар фаришта як табақ бидиҳад ва дар он табақ меваҳои гуногун бошад. Малоикаҳо онро баргиранд,

ва бар дари қасрҳо раванд ва аз нигоҳбонони қаср пурсанд, ки малик ба чӣ кор машғул аст?

Гӯянд, ки малик ба айш машғул аст.

Фариштагон бозгарданду гӯянд, ки, Илоҳо, бандаи худро чунон мартаба додаӣ, ки дарбонон чунин ҷавоб гӯянд.

Фармон шавад, ки пеши дари бандагони ман чандон истед, ки дарро кушоянд.

Фариштагон бар дари қасрҳо биистанд ва интизорӣ кашанд. Ҳар биҳиштиро ҳафтод дарбон бошад. Иҷозат гиранду баъд назди банда дароянд ва гӯянд, ки фариштагон бар дар чандон интизорӣ кашанд, ки посбонони қаср аз онҳо шарм кунанд.

Он гоҳ дарбонон наздики хидматгорон оянд, ки муддати чандин сол аст, ки фариштагон аз Ҳазрати Парвардигор тӯҳфахо ба даст гирифта мунтазир истодаанд. Ҳодимон ғилмонро гӯянд ва ғилмон ҳуронро бигӯянд ва ҳурон бандагонро аз ин ҳол огоҳ гардонанд. Онҳо ба муҷарради шунидан талаб кунанд, ки ба назди мо биёянд. Чун наздик расанд, гӯянд, ки “Саломун алайкум, тибтум фадхулуҳо ҳолидин”. Он гоҳ табаке аз нур пеши банда ниҳанд, ки дасторчае аз нур бар болояш андохта шудааст.

Чун биҳиштӣ пардаи нур аз табак бикушояд, себе бинад. Ба дасти ризо онро қабул кунаду бӯй кашад. Ҳамчун бӯи мушк аз он пайдо шавад, ки димоғи малики биҳиштӣ мӯъаттар гардад. Ва чун бишикофад, ҳури зебое аз он себ пайдо шавад, ки ниқоб дар рӯй баста, нури зебои ӯ дар биҳишт парешон шавад, чунон ки биҳишти анбарсиришт саросар зеботар гардад. Ва руқьа аз паёми дӯст ба дасти ӯ бошад, банда аз шавқу муҳаббати рӯи ин ҷамоли дӯст, ки ҳураш гӯянд, хохад, ки ниқоб бикушояд.

Ҳур гӯяд, ки ҳанӯз вақти он нест, дар шитоб машав, ки ман аз они туам. Аввал номаи дӯстро бихон, он гох ниқоби бастаро бикушо.

Чун банда номаи султони маликулмулк ва Худованди иззат ва ҷабаррут ҷалла ва ало бикушояд, ба даруни нома чанд сатре; навишта бинад, ки ин навиштаи подшоҳе аст, ки ҳаргиз намирад ва баъд аз ин низ ҳаргиз намирад ва мар ӯро марг ҳаргиз раво нест.

Дар сатри дувум навишта, ки “салом аз подшохе, ки мулки ӯро завол нест ба сӯи подшоҳе, ки мулки ӯро завол нест”. Эй бандаи ман, ҳамроҳи ҳуру кусур чунон машғул гаштаӣ, ки  маро ёд намекунӣ, аммо вафои карими мо қадим аст. Акнун ёд кунед, ки ваъдае, ки дар дунё бо шумо буд, онро вафо кардам ё не?

Ҳама гӯянд, ки, Илоҳо, ваъдаҳои ту ба карам вафо гашт.

Он гоҳ арз кунанд, ки, Илоҳо, дар дунё зомини ризқи мо будӣ. Агарчанде ки гуноҳ мекардем рӯзии мо мерасонидӣ ва чун умри мо ба охир расид, Малакулмавт қасди ҷони мо кард  ва шайтон чанг дар имони мо кард, ту дар он вақт калима бар  забони мо гардонидӣ. Чун дар тангҳои лаҳад фуруд оварданд, саволи Мункару Накирро осон гардонидӣ ва гӯрро, ки  мақоми торику боваҳшат буд, бар мо кушоду равшан  гардонидӣ. Чун номаи кирдори моро паррон гардонидӣ, номаҳои мо ба дасти рост додӣ ва паллаи неки моро ба карами  худ вазнин гардонидӣ. Чун вакти гузаштани пули Сирот шуд, сеҳазорсола роҳ аз мӯй бориктар ва аз теғ бурронтар ва аз оташ гармтар ба лугфи худ осон гардонидӣ ва ба Доруссаломи биҳишт расонидӣ, баъд ҳаёте додӣ, ки ҳаргиз намиронӣ. Акнун, бор Худоё, моро ба ҳазрати ту ҳеҷ орзӯе намондааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …