Главная / Гуногун / ҲАЁТИ ИЛМӢ ВА МАДАНИИ АСРИ Исмоили Сомонӣ

ҲАЁТИ ИЛМӢ ВА МАДАНИИ АСРИ Исмоили Сомонӣ

Ташкили давлати мутамарказ, тараққии иқтисодиёт ва равнақи тиҷорат бо мамлакатҳои хориҷӣ дар асри X сабаб шуд, ки илму фарҳанги тоҷик хеле ривоҷ ёбад. Дар шаҳрҳои калони Мовароуннаҳру Хуросону Хо­разм, ки ҳама ба қаламрави Сомониён дохил мешуданд, санъатҳои меъморӣ, мусиқӣ ва ҳунар рў ба тараққӣ ниҳоданд. Хусусан, Бухоро на фақат чун мар­кази сиёсӣ ва маъмурии давлати Сомониён, балки чун маркази маданию илмиву адабӣ аҳамият пайдо кард. Аҳли илму адабу ҳунар аз ҳар гўшаю канори мамлакат дар он ҷо ҷамъ мешуданд. Дар Бухоро, Самарқанд, Чағониён, Тирмиз, Балх, Ҳирот, Ғазна, Нишопур, Гургон, Урганҷ ва ғайра бисёр биноҳои ҷамъиятӣ-мактабу мадраса, китобхонаҳо, корвонсарою работҳо, кўшкҳо, бозорҳои пўшидаи тимдор, масҷиду манораҳо, ҳаммомҳо, бемористонҳо, мақбараҳо, мусофирхонаҳо, ҳавзҳо ва чорбоғҳо сохта шуда буданд. Меъморону бинокорони замон дар санъати меъморӣ анъанаҳои санъати меъмории суғдиҳову бохтариҳоро бо санъати меъмории марказҳои хилофат омезиш дода, биноҳои бошукўҳ месохтанд. Ёдгориҳои меъмории он замон, хусусан Мадрасаи Мағок ва оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро бо ороишу шукўҳи худ то ҳол касро мафтун мегардонанд. Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ бинои ҷоркунҷаест, ки аз хишти пухта сохта шуда, чор пештоқ дорад. Дар бинои он рангу кошӣ ба кор нарафтааст, вале хиштҳо ба тарзе чида шудаанд, ки дар баробари шаклҳои ҳандасӣ бурҷҳо, шурфаҳо, лавҳаҳо, равоқҳо ва равоқчаҳоро бо низоми махсусе намоиш дода, санъати баланди ҳайкалтарошӣ ва рассомиро ба хотир меоранд.

Дар натиҷаи равнақи санъати меъморӣ дар асри Х санъатҳои кандакорӣ дар чўбу гаҷ, ҳаккокӣ дар санг ва наққошӣ низ хеле ривоҷ ёфтанд. Посутунҳо ва минбаре, ки дар саргаҳи водии Зарафшон ёфт шуданд, акнун музейҳои Панҷакент, Душанбе ва Санкт-Петербургро зеб медиҳанд. Ковишҳои бостоншиносии Ҳулбук (наздикии Кўлоб) ва Лашкарбозор (Афғонистон) нишон медиҳанд, ки анъанаи девори қасрҳоро на танҳо бо дарахту рустаниҳо ва ҷирмҳои осмонӣ, балки бо тасвири паррандаю ҳайвонҳо ва суратҳои хаёлӣ ороиш додан то асри XI давом карда будааст. Дар ҳунари кулолгарӣ, шишарезӣ, рехтагарӣ, абрешимбофӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва ғайра низ ин тамойил ҳис карда мешуд.

Яке аз шаҳрҳои ободи замони Рўдакӣ Хуҷанд буд. Ҷайҳонӣ хабар медиҳад, ки «Хуҷанд доройи шаҳристону куҳандиз аст. Масҷиди ҷомеъ дар шаҳру сарою иморат дар майдон. Он шаҳрест дар ғояти хушиву покӣ, бад-он ҷо меваҳои фаровон, чунончи аз эшон зиёдатӣ меояд ва ба навоҳии дигар мебаранд;, мардумони эшон боҷамолу хубанд,» (иқтибос аз навиштаҳои академик Аҳрор Мухторов).

Таълими ибтидойӣ дар мактабҳои назди масҷидҳо,  дараҷаи баланди омўзиш дар мадрасаҳо гузаронда мешуд. Мадрасаҳо на фақат дар шаҳрҳои калон, балки дар шаҳрҳои музофотӣ низ вуҷуд доштанд. Дар вилояти Хутталиён, ки марказаш Ҳулбук буд, он вақтҳо 20 мадраса мавҷуд будааст. Мадрасаи Қубодиён низ дар он давра хеле шўҳрат доштааст. Вале пуршукўҳтарин мадрасаҳо дар Бухоро амал мекарданд. Мувофиқи ахбороти таърихнависон, дар маркази мадании пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро — Ҷўйи Мўлиён чандин мадраса вуҷуд дошта, боғҳову гулгаштҳо иҳоташон карда будаанд. Ҳамаи мадрасаҳо китобхонаҳои бой доштанд, ротибаи омўзгорону шогирдон аз даромадҳои вақф дода мешуд. Таълими илмҳои динӣ (қироати Куръон, тафсир, ҳадис, калом), мантиқ, баён, забони арабӣ дар мадрасаҳо ҳатмӣ буаанд. Ба шогирдон ҷуғрофия, таърих, тиб, ҳикмати табиъӣ, риёзиёт (математи­ка), ситорашиносӣ ва фалсафа низ омўзонда мешуданд. Дар мадрасаҳо мунозираҳо ва баҳсҳои илмӣ ривоҷ доштанд. Дар ин мунозираву баҳсҳо донишмандони юнонӣ, яҳудӣ ва насронӣ низ ширкат меварзиданд. Рўдакӣ, Дақиқӣ, Форобӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино дар чунин мадрасаҳо дониш андўхтаанд. Муҳити пурқуввати илмию адабӣ сабаб шуда буд, ки чунин бузургон дар овони хеле ҷавонӣ (16—18-солагӣ) тамоми илмҳои маъмули замонашонро азхуд намуда, худашон ба кори илму адабиёт сар кунанд. Шавқи саводомўзӣ ва соҳибмаълумот шудан дар байни намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомиъа зиёд буд. Аксари донишмандону адибон аз табақаи миёнаи аҳолӣ баромадаанд. Эҳтироми халқ нисбат ба илму маърифат ва омилҳои сиёсию иқтксодие, ки дар боло зикр шуданд, ба он оварда расонданд, ки бузургтарин симоҳо дар соҳаҳои гуногуни ил­му дониш маҳз дар ҳамин давра арзи вуҷуд кунанд: Ал-Хоразмӣ дар алгебра (алҷабр), Форобӣ дар ҳикмат, Абўбакри Розӣ дар фалсафа, Абўалии Сино дар фалсафа ва тиб, Абўрайҳони Берунӣ дар илмҳои гуногун, Абўмуҳаммади Хуҷандӣ, ки соҳиби расадхона буд, дар фалакиёт, Балъамию Ҷайҳониву Байҳақӣ дар таърих устодони комил буданд. Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки аксарияти олимони он замон дар соҳаҳои бисёри илму дониш забардаст буданд. Аз ин рў, онҳоро олимони мутабаҳҳир (ба таъбири имрўза «энциклопедист», яъне донандаи илмҳои зиёд, ҳамадон) меномиданд. Ҳаким унвон гирифтани баъзе адибон низ ба ҳамин маънист.

Аҳли тасаввуф, фирқаҳо ва таълимоти онҳо низ дар эиндагии ҷомиъа нақши муайяне доштанд. Дар он давра аз тамоми Эрону Хуросону Мовароуннаҳр мардони бузурге дар ин соҳа бархоста, дар аксари вилоятҳо ба нашри ақоиди онҳо мепардохтанд. Аҳли тасаввуф хусусан дар Хуросон бештар ҷамъ омада буданд. Яҳё ибни Маъозии Розӣ (ваф. 835—838), Аҳмад ибни Хизравияи Балхӣ, Абўтуроби Нахшабӣ (ваф. 245/860), Боязиди _Бистомӣ (ваф. 261/875), Абўҳафси Ҳаддоди Нишопурӣ (ваф. 264/878), Ҳамдун Қассори Нишопурӣ (ваф. 271/884), Абўусмони Нишопурӣ (ваф. 298/911) аввалин сўфиёни номӣ буданд. Баъдҳо Абўбакри Варроқи Тирмизӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ (ваф. 342/954), Мўсо Ал-Ансорӣ (ваф. 320/932), Шайх Абулфазл ибни Ҳасан Ал-Сарахсӣ (пири Абўсаъиди Абулхайр), Шайх Абўалии Даққоқ (ваф, 425/1034), Абулҳасан Алӣ ибни Ҷаъфари Харақонӣ (ваф. 425/1034), Абдураҳмони Суламӣ (ваф. 412/1021), Шайх Абдулкарими Қушайрӣ  (ваф. 465/1073)  ва дигарон ба фаъолияти аҳли тасаввуф равнақ бахшида, таълимоти фирқаҳои гуногуни онро нашр  менамуданд.  Вуҷуди фирқаҳои мухталифи тасаввуф сабаб мешуд, ки дар кишвар афкори гуногун ба ҳам бархўрд намоянд ва боиси пешрафти фалсафа, калом ва ирфон гарданд.

Илми асри X тоҷик бо илмҳои антиқаи Юнони Қадим, Миср, Эрон, Ҳиндустон, Хитой, инчунин донишҳое, ки ба забонҳои ибрӣ, арабӣ ва лотинӣ мавҷуд буданд, алоқаи наздик дошт. Фаъолияти тарҷумонии тарҷумонҳо то аввали асри XI давом кард. Яке аз мутарҷимини машҳури давр марди насронӣ Абулхайр ибни Хаммор  (ваф. 943) – донишманди соҳаи тиббу фалсафа буд, ки  асарҳои  зиёди қадимаро  аз суриёнӣ  ба  ара­бӣ баргардонидааст. Аз тарҷумаҳои ў ҳоло нусхае аз мантиқиёти Арасту дар даст аст.

Равнақи илму адабиёт ба таъсиси бисёр китобхонаҳо сабаб шуд. Дар Бухоро, Самарқанд, Марв, Балх, Нишопур, Рай ва ғайра китобхонаҳои бузурге мавҷуд буданд, ки дар онҳо китобҳои нодири зиёде ба забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, яҳудӣ, хитойӣ, ҳиндӣ ва ғайра роҷеъ ба соҳаҳои  гуногуни   илму   адаб  дар сандуқҳо  нигоҳ  дошта мешуданд.   Бузургтарини  онҳо  Китобхонаи    Сомониён буд, ки аз хазинаи он Абўалии Сино фаровон истифода бурдааст:   «Вақте  ки  ба  китобхона  дохил  шудам, ҳавлие дидам бисёр  васеъу калон,  ки дорои хонаҳои зиёде буд. Дар ҳар хона сандуқҳои пур аз китоб меистоданд, ки китобҳоро бо назму тартиб дар онҳо чида буданд. Яке аз хонаҳо махсуси китобҳои арабӣ ва шеър, дигаре оид ба фиқҳ   (ҳуқуқшиносии шариъатӣ — А. А.) буда, ҳамчунин, ҳар як хона ба китобҳои илмҳои ҷудогона хос буд… Китобҳои гуногуне, ки ман дар он ҷо дидаму хон­дам, касе ҳатто номи онҳоро нашунида буд. Ман низ то он вақт надида будам ва баъд    аз он ҳам дигар надидам».21

Аксари чунин китобхонаҳо дар вақти ҳуҷуму истилои аҷнабиён, хусусан қабилаҳои бодиянишини тур­ку муғул, сўзонда шуданд.

Дар хусуси ахлоқи ҳамидаи мардуми Мовароуннаҳр Ҷайҳонӣ чунин маълумот медиҳад: « Саховату ҷавонмардии асҳоби Мовароун-наҳр дар бештари вилояту шаҳрҳои эшон чунон аст, ки, гўйӣ, ҳамаи мардумон дар як сароанду хеши якдигаранд. Ҳеч кас ба хонаи дигаре наравад, ки пиндорад, ки хонаи хеш асту худованди хонаро кароҳатеву нохушдилие набошад, балки он чи тоқати ў бувад, аз расми меҳмонӣ ба ҷой оварад; он ки собиқа дўстеву хеше буда бошад, албатта, ҳеҷ мукофот талабу тамаъ надораду ҳамеша ҳиммате ба яке аз эшон бар андозаи он чи бар дасти ў бошад, бисёр хуш зиёдат кунад, чунон чи касе бошад, ки ўро дастгоҳе набошаду ҳеч кас бад-ў таваққуъи зиёдати молӣ надораду ҳиммати ў чунон бошад, ки кўшку меҳмонхона сохта бошад, ҷумла ҳиммату наҳмати ў бар он масруф монда, ки чун касе ба наздики ў расад, тартиби меҳмонии ў бар чӣ минвол созад. Одату сирати арбоби Мовароуннаҳр он аст, ки чун бегона бирасад, дар меҳмон доштани ў бо якдигар музоҳамат кунанду мубоҳоту муфохарат намоянд» (иқтибос аз навиштаҳои Аҳрор Мухторов).

Ривоҷу равнақи илму адаб ба дараҷае буд, ки на танҳо дар мадрасаҳо, балки дар дуккони косибону ҳуҷраи саройҳо низ маҷлисҳои мунозира, баҳси илмӣ ва мушориъа барпо мешуд. Дар тамоми бозорҳо растаҳои китобфурўшӣ мавҷуд буданд. Чунончи, Абўалии Сино аз рас-таи китобфурўшии бозори Бухоро чандин бор китоб хариданашро нақл мекунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …