Главная / Ҷамъият / Ҳадди ақали зиндагӣ

Ҳадди ақали зиндагӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ҳадди ақали зиндагӣ  

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №5, мод.328)

Ҳадди ақали зиндагӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муайян намудани ҳадди ақали зиндагӣ, баҳисобгирии он ҳангоми ба шаҳрвандон таъин кардани кӯмакҳои давлатии иҷтимоӣ, инчунин кафолати давлатии гирифтани даромади ҳадди ақали пулӣ ва дар мавриди татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

сабади истеъмолӣ – маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ӯ заруранд;

ҳадди ақали зиндагӣ – арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ;

ҳадди камбизоатӣ – меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ муқаррар карда шудааст;

гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ – гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсию синнусолӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ муттаҳид мебошанд (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон);

сатҳи зиндагӣ – маҷмӯи неъматҳои моддию маънавӣ ва хизматрасонӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ мегардонанд;

кӯмаки иҷтимоии давлатӣ – кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо, ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва молҳои зарурӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба оилаҳо ва ё шаҳрвандони камбизоат дода мешаванд;

камбизоатон – оилаҳое (шаҳрвандони яккаву танҳо), ки бо сабабҳои аз онҳо новобаста,  даромади миёнаи сарикасии онҳо аз андозаи ҳадди ақали зиндагӣ паст мебошад;

даромади миёнаи  сарикасии оила (шаҳрвандони яккаву   танҳо) – андозаи миёнаи моҳонаи даромади умумии ба ҳар як узви оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) тақсимшуда.

Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳадди ақали зиндагӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъиноти мақсадноки ҳадди ақали зиндагӣ

Ҳадди ақали зиндагӣ, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад, бо мақсадҳои зерин истифода мегардад:

– баҳо додани сатҳи зиндагии аҳолӣ  барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок;

– таҳлил ва пешбинии сатҳи зиндагии аҳолӣ;

-асосноккунии кӯмакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба камбизоатон;

– тадриҷан наздик кардани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо,  кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

– муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ.

Моддаи 4. Намудҳои ҳадди ақали зиндагӣ

  1. Вобаста аз таъиноти мақсаднок ҳадди ақали зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад:

– ба ҳар як нафар аҳолӣ;

– аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.

  1. Ҳадди ақали зиндагӣ  дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот инчунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои дигари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва истифодаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ  дар маҷмӯъ муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Сабади истеъмолӣ

  1. Сабади истеъмолӣ аз инҳо иборат мебошад:

– маҷмӯи маҳсулоти озуқа;

– маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа;

– маҷмӯи хизматрасонӣ.

  1. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақали гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд.
  2. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа, ки ба таркиби сабади истеъмолӣ дохил мешаванд, қонеъгардонии талаботи ҳадди ақали ҳаётан муҳими гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти ғайриғизоӣ бо назардошти хусусиятҳои ҷинсиву синнусолӣ ва либос, инчунин барои ташкили чорабиниҳои маданию маишӣ ба назар  гирифта мешавад.
  3. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ вуҷуддошта, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 6. Таҳия, таҷдиди назар ва тасдиқи сабади истеъмолӣ

  1. Сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегарданд, ҳисоб карда мешавад.
  2. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.
  3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд.

Моддаи 7. Даврияти ҳисоб ва қоидаи муқаррар намудани  андозаи ҳадди ақали зиндагӣ

  1. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ба ҳар сари аҳолӣ  ва гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ дар асоси сабади истеъмолӣ ва маълумоти  оморӣ оид ба сатҳи нархҳои истеъмолии маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, бо назардошти ҳамаи намудҳои савдо ва хароҷот барои боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳар семоҳа ҳисоб карда мешавад.
  2. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ,  қоидаҳои муқарраркунӣ ва  даврияти дида баромадани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 8. Истифодаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳангоми ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки иҷтимоии давлатӣ

  1. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақаҳо, инчунин андозаҳои стипендия, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,  ҳамчун нишондиҳанда ҳисобида мешавад.
  2. Ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатии коллективӣ тибқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайян намудани андозаи музди меҳнати кормандон ва дигар кӯмакпулиҳо, андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳамчун меъёри асосӣ  истифода мешавад.
  3. Ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила то андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бо назардошти ваъзи иқтисодии ҷумҳурӣ баланд бардошта  мешавад.

 

Моддаи 9. Интишори маълумот оид ба андозаи ҳадди ақали  зиндагӣ

Маълумот дар бораи андозаи ҳадди ақали зиндагӣ барои ҳар як нафар аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба таври пурра дар ҷумҳурӣ ҳар се моҳ дар нашрияи расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор карда мешавад.

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни   мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

     Ҷумҳурии  Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

     ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

     № 521

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …