Главная / Илм / ҒУЖМКАРАМ

ҒУЖМКАРАМ

brassica-gemmiferaҒУЖМКАРАМ (Brassica gemmifera), муғҷакарам, карами брюсселӣ, як навъ карам. Пояаш рост (дарозиаш 50 – 70 см), баргаш сабз (дарозиаш 18 – 40 см, бараш 18 – 32 см). Дар бехи пояаш то 30 – 40-то «каллакарам» (вазни умумиашон 200 – 700 г) мебандад. Бештар навъи миёнсолию дерпазаки Ғ. – «Геркулес 1342»-ро мепарваранд. Дар Тоҷикистон дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ парвариш карда мешавад. Даври нашваш 8 – 10 моҳ. Онро охири тирамоҳ ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар таркиби Ғ. моддаҳои барои организм муфид бисёранд. Он хусусан аз намакҳои минералии натрий (7 мг%), калий (500 мг%), калтсий (40 мг%), фосфор (110 мг%), оҳан (1,3 мг%), йод, аминокислотаҳо ва ферментҳо ғанӣ аст. Ғ. ба миқдори зиёд сафедаҳои зудҳазм низ дорад. Дар таркиби Ғ. миқдори витамини С нисбат ба диг. навъҳои карам 3 – 5 маротиба бештар аст. Витамини С дар мавриди нигоҳ доштани Ғ. нест намешавад. Ғ. бинобар калий, магний ва оҳан доштанаш барои одамони гирифтори амрози дилу рагҳо муфид аст. Ғ. ғизои парҳезӣ мебошад. Истеъмоли он барои ашхосе, ки ҷарроҳӣ карда шудаанд, нафъ дорад. Бино ба баъзе маълумот Ғ. захмро зуд ба ҳам меорад ва шифо мебахшад. Оби Ғ. якҷоя бо оби сабзӣ, коҳу ва лӯбиё баҳри одамони гирифтори диабети қандӣ давои хуб маҳсуб мешавад. Аз Ғ. таомҳои хушлаззат мепазанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …