Главная / Илм / ҒӯЗАИ ЧАШМ

ҒӯЗАИ ЧАШМ

guzai-chashmҒӯЗАИ ЧАШМ (Bulbus oculi), яке аз қисматҳои узви босира, ки шакли кураро дошта, дар косаи чашм ҷой гирифтааст; диаметраш тақр. 24 мм. Ғ. ч. аз дигар қисмҳои косаи чашм бо ниёми фиброзӣ устувор ҷудо карда шудааст; дар паси он насҷи чарбӣ ҷойгир мебошад.
Девораи Ғ. ч. аз се парда иборат аст: пардаи устувори берунӣ (сулбия), ки дар қисми пеш ба шохпардаи шаффоф (қарния) мегузарад; пардаи мобайнӣ (рагпарда) ва пардаи дохилӣ (шабакия). Андаруни Ғ. ч. булӯрак ва ҷисми шишамонанд ҷой гирифтаанд. Ҳуҷраҳои Ғ. ч. бо моеъи шаффоф пур мебошанд. Ғ. ч. ба тавассути шаш мушак ҳаракат мекунад. Ниг. низ Босира, Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …