Главная / Илм / ГУРУСНАГӣ

ГУРУСНАГӣ

gurusnagiГУРУСНАГӣ чун ҳодисаи иҷтимоӣ аз сабаби муддати дуру дароз нарасидани ғизо ба миён меояд. Г. ошкоро ва ниҳонӣ (нимгуруснагӣ ё нарасидани моддаҳои ҳаётан зарур дар таркиби хӯрок) мешавад.
Г.-и ошкоро ҳамқадами садамаҳои табиӣ ва иҷтимоист (хушксолӣ, ҷанг, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғ.), ки боиси якбора кам шудани миқдори хӯрокворӣ (асосан ғалла), ему хошоки чорво, гӯшт, равғани ҳайвонот ва ғ. мегардад. Сабаби Г.-и ниҳонӣ асосан тақсими нобаробари неъматҳои моддӣ аст. Аз ин рӯ дар олам гурӯҳҳои одамие ҳастанд, ки ҷанг ва офатҳои табиӣ рӯй надода бошанд ҳам, аз хӯроки хушсифат маҳруманд.
Г. оқибати вазнини иҷтимоӣ дошта, ба афзоиши ҷинояткорӣ, фоҳишагӣ, бепарасторӣ ва беназоратии бачагон, бемориҳои сироятӣ, сил, витаминкоҳӣ, нарасидани сафедаҳо, афзудани фавт, кам шудани зоиш ва шумораи аҳолӣ мусоидат мекунад. Оқибати Г. чун сабабҳои пайдоиши он, асосан ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва мадании мамлакат вобаста аст. Чунончи, дар мамлакатҳои аграрӣ ва саноаташон суст офати табиӣ – хушксолӣ, боронгарӣ, сармои сахт ва ғ. боиси пайдоиши Г. мегардад. Дар мамлакате, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ кардааст, ин гуна омилҳо чандон хатарнок нестанд. Бад гаштани вазъияти байналхалқӣ ва бӯҳрони иқтисодии дохилӣ низ сабабгори Г. шуда метавонанд.
Г. чун зуҳуроти физиологӣ. Г. ҳисси махсусе аст, ки эҳтиёҷоти физиологии организмро ба ғизо ифода менамояд; ба ҳамаи ҳайвонот ва одам хос аст. Аҳамияти биологии Г. дар он мебошад, ки одам ва ҳайвонотро ба ҷустуҷӯи хӯрок ва истеъмоли он водор месозад. Дар мағзи сар ҳам маркази Г. ва ҳам маркази серӣ вуҷуд дорад. Бо ҷараёни барқ ангехтани маркази Г. ҷонварони серро маҷбур кард, ки ғизо ҷӯянд; ангезиши маркази серии ҳайвоноти гурусна бошад, ҳисси сериро ба вуҷуд овард. Ҳисси серӣ ҳангоми ихтилоли фаъолияти маркази Г. низ пайдо мешавад. Дар ин сурат ҳайвон, қатъи назар аз он ки дар наздаш хӯрок ҳаст, аз Г. метавонад ба ҳалокат расад. Ҳисси Г. бо сӯзиш, тазйиқ, ҳатто дарди сари дил, баъзан дилбеҳузурӣ, чарх задан ва дард кардани сар зоҳир мегардад.
Дар аснои Г. тонуси мушакҳои меъдаю рӯда афзуда, перисталтикаи Г. (баъди ҳар 1,5 – 2 соат 15 – 20 дақ. кашиш хӯрдани меъдаю рӯда) рӯй медиҳад. Ҳангоми Г. миқдори моддаҳои ғизоии хун коҳиш меёбад, ки онро «хуни гурусна» ҳам мегӯянд.
Г. чун ҳолати физиологӣ бо серӣ алоқаманд аст. Одатан, қонеъ гардондани ҳисси Г. дар марҳилаи аввали сер гаштан ба вуқӯъ меояд, яъне ҳамон вақте ки ғизо ба қисми аввали роҳи ҳозима таъсир расонида, ретсепторҳои онро меангезад ва маркази серӣ «бохабар» мешавад. Баъди 1,5 – 2 соати истеъмоли хӯрок, моддаҳои ғизоӣ ҷаббиш ёфта, ҳисси серии ҳақиқӣ ба вуҷуд меояд. Зеро хун барои таъмини фаъолияти ҳаётии организм миқдори кофии моддаҳои ғизоӣ мегирад.
Дар танзими ҳолати Г. ва минбаъд сер шудан депо (захира)-и моддаҳои ғизоии организм аҳамияти калон дорад. Депо дар шароити мӯътадил қабл аз сарф гаштани ҳамаи захираи моддаҳои ғизоӣ «баста» мешавад. Депо яке аз василаҳои муҳофизат ва мутобиқати организм буда, одам ва ҳайвонотро аз лоғарӣ эмин медорад, онҳоро водор месозад, ки пеш аз итмоми захира ба ҷустуҷӯи ғизо шурӯъ намоянд.
Ихтилоли таносуби Г. ва серӣ боиси фарбеҳӣ ё лоғарии организм мегардад. Агар депои моддаҳои ғизоӣ «баста» ва «кушода» нашавад, лоғарӣ фаро мерасад; агар он бармаҳал (яъне ҳангоми бисёр будани захира) «баста» шавад, миқдори моддаҳои ғизоии организм зиёд шуда, фарбеҳӣ инкишоф меёбад. Аз депо ба хун гузаштани моддаҳои ғизоиро силсилаи асаби марказӣ ва ғадудҳои усораи дохилӣ танзим мекунанд. Агар тасаккуни маркази Г. суст шавад ё тамоман боздошта нашавад, кас сериро ҳис намекунад ва аз меъёр зиёд хӯрок мехӯрад. Баръакс, агар истеъмоли хӯрок Г.-ро тез бартараф созад, миқдори хӯроки истеъмолкарда эҳтиёҷоти физиологии организмро қонеъ намегардонад.
Риояи режими тағзия ва истироҳат (эҳсоси Г. бештар ҳангоми хастагӣ, асабоният ва ғ. бартараф мешавад) шарти асосии пешгирӣ кардани ихтилоли танзими Г. ва серӣ аст. Ин, хусусан, ба кӯдакон дахл дорад, чунки тарзи танзими фаъолияти асаби онҳо номукаммал мебошад.
Дар сурати беиштиҳоӣ ё баръакс, аз ҳад зиёд будани он ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Дар мавриди зарурат духтур режими мувофиқи тановул ва баъзан дору таъин мекунад.
Маҳдудияти тағзияро чун усули парҳезшифоӣ мутобиқи нишондоди қатъии тиббӣ баъди ташхиси ҳаматарафа истифода мебаранд ва зери назорати духтур ба амал меоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …