Главная / Илм / ГУНҶИШК ПАРАНДАИ ШИФОДОР АСТ

ГУНҶИШК ПАРАНДАИ ШИФОДОР АСТ

gunjishk-660x330ГУНҶИШК (Чумчуқ) парандаест машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо андак калонтар аз аҳлӣ ва нӯлаш борику дарозтар аст. Беҳтарини навъҳои он фарбеҳи даштиаш мебошад, ки дар фасли зимистон гирифта шуда бошад. Вале хонагиаш агарчи фарбеҳ ҳам, ки бошад, барои давоӣ бисёр заиф аст, ҳатто намешояд.

Мизоҷи гунҷишки аҳлӣ дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи даштиаш дар хушкӣ зиёдтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: гунҷишкро пухта бихӯранд, баданро гарм ва фарбеҳ мекунад, барои одамони тармизоҷе, ки дар бадани онҳо бодҳо пайдо мешуда бошанд, мувофиқ аст ва боҳи онҳоро ба ҳаракат меоварад, маниро зиёда менамояд ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.

Гӯшти  гунҷишкро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, вале қисмҳои дигараш дарунро мебандад. Қавлҳо зикр шудаанд, ки гунҷишк аз парандаи сара аст барои иллатҳои гуногун: фолиҷ, каҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо, карахтӣ, сустии ҷигар, истисқо (водянка), зардпарвин, сустии гурда ва боҳ, инчунин монанди инҳо дору мешавад; беҳтарин давоест барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин барои касе, ки аз бисёрии боди шиками худ шикоят намояд, дору мебошад.

Мағзи сари нари онро дар вақти ҳаяҷонӣ буданаш гирифта, дар равғани бодоми ширин бирён карда, бо хӯришҳои хушбӯйи таоми пурқувват бихӯранд, бағоят боҳро меангезад ва маниро зиёда мекунад, инчунин олоти мардиро ба ҷунбиш меоварад. Бачаи он барои ҳаракат додани боҳ ва шиддати ба ҷунбиш овардани закар қавитар аст, хусусан аз чизҳои дарунашу парҳояш пок карда, бо зардии тухми мурғ ва равғани зайтун бирён кунанду бихӯранд, низ тухми гунҷишк дар ин бобат қавӣ мебошад.

Ин дар беҳ кардани бадан давои бемисл аст. Майнаашро бо зардии тухми мурғ бихӯранд, боҳро бармеангезад ва агар бо шароб бихӯранд, низ ҳамин хосиятро дорад. Майнаашро занони назоянда аз таг бардоранд, боиси зуд ҳомила шудани онҳо мегардад.

Вале хӯрдани гунҷишк ба касони гарммнзоҷ зарар дорад. Давояш анор, ғӯраи ангур ва сиканҷабини турш ошомидан аст. Беҳтар мешавад агар гӯшти онро оби анор ё ғӯра пошида, бихӯранд, то ки зудҳазм гардад, зеро ки гӯшти он сахт ва гарммизоҷ аст.

Чун гунҷишкро сар бурида, хуни онро дар орди наск бичаконанд ва хамирашро кулӯла созанду хушк намуда, дар вақти мубошарат як кулӯлаи онро бо асал соида, ба закар бимоланд ва пойро ба замин нагузошта, мубошарат намоянд, боҳро бармеангезад. Хуни гунҷишкро дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро пок менамояд.

Саргини он бисёр гарм ва хушк аст, гули чашмро пок мекунад, доғи кунҷидакро дафъ менамояд, инчунин доғҳои дигари дар рухсора пайдошударо нест мекунад. Саргинашро бо оби даҳан сиришта бимоланд, озаҳро хушк карда мерезонад ва доғҳои кунҷидакро барҳам медиҳад.

Устухонашро соида бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад ва исҳолро банд мекунад. Агар онро бихоянд, ба узвҳои даруни шикам ва рӯдаҳо бағоят зарар дорад. Балки аз хоидан ё соида хӯрдани устухони он худдорӣ кардан беҳтар аст, зеро сурхрӯда ва рӯдаҳои шикамро мехарошад.

Хокистари пари онро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад. Чун гунҷишки зиндаро ба ғайр аз сараш парҳояшро бикананду дар ошёнаи занбӯри асал биёвезанд, то аз газидани занбӯрон бимирад, баъд онро дар равған биҷӯшонанду он равғанро бимоланд, сустии олати мардиро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад ва олати мардиро ба ҷунбиш меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …