Главная / Илм / ГУНГӣ

ГУНГӣ

gungiГУНГӣ, алалия (аз а ва lalia – нутқ), вуҷуд надоштан ё суст инкишоф ёфтани нутқ дар кӯдакон, ки зимни он қобилияти шунавоӣ маҳфуз мемонад. Сабаби Г. осеб ёфтан ё ихтилоли марказҳои нутқи майна бинобар зарб хӯрдан ва бемориҳои дохилибатнӣ мебошад. Г. ҳамчунин дар натиҷаи бемориҳое, ки тифл дар давраи то 1-солагӣ аз сар гузарондааст, яъне то замони ташаккули нутқ, ба вуҷуд меояд. Бо ҳамин хусусият Г. аз афазия фарқ мекунад.
Г. моторӣ ва сенсорӣ мешавад. Ҳангоми Г.-и моторӣ кӯдак ҳарф намезанад (фақат садоҳои нимғурма мебарорад), вале дарки нутқ маҳфуз хоҳад монд. Дар мавриди Г.-и сенсорӣ кӯдак нутқи ба ӯ нигаронидаро намефаҳмад. Кӯдакони гирифтори Г.-ро дар мактабҳои махсус табобат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …