Главная / Илм / ГУЛӯЗИНДОНАК

ГУЛӯЗИНДОНАК

guluzindonakГУЛӯЗИНДОНАК (Diphtheria), бодзаҳра, буғма, хурӯсак, дифтерия, бемории бисёр шадид, ки асосан дар ҳалқ ва гулӯ пайдо мешавад. Ангезандаи Г. қаламчабактерияи Лёффлер (Corinebacterium diphtheriae) аст; дарозиаш 2 – 7 мкм. Бактерияи беҳаракат, спора ҳосил намекунад, дар андуда (мазок)-ҳо ҷуфт-ҷуфт ҷой мегирад (ба шакли рақами V). Он дар маводи (муҳити) зардобӣ ва агари хун, маводи Ру ва Лёффлер месабзад. Барои рушди ангезанда хусусан муҳити Клауберг мувофиқ аст (агари хун бо иловаи намакҳои теллур). Микробҳои Г. ду навъ – заҳрогин ва безаҳр мешаванд. Г.-ро фақат штаммҳои заҳрогини коринебактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Онҳо экзотоксин ҳосил мекунанд.
Дараҷаи заҳрогинии микробҳои Г. гуногун аст. Воҳиди ченаки қувваи заҳр вояи ақаллии марговар Dosis letalis minima (DLM), яъне он миқдори камтарини заҳр, ки хукчаи баҳрии вазнаш 250 граммро дар тӯли 3 – 4 шаборӯз мекушад, ба шумор меравад.
Ангезандаи Г. ғайр аз экзотоксин дермонекротоксин, гемолизин, нейраминидаза ва гиалуронидаза низ ҳосил мекунад. Коринебактерияҳои Г. ба таъсири хунукӣ пурбардошт буда, дар рӯи чизҳои хушк муддати мадид маҳфуз мемонанд. Онҳо зери таъсири намӣ ва рӯшноӣ зуд бефаъолият мегарданд. Дар мавриди истифодаи маҳлули гандзудо баъди 1 – 2 дақиқа, ҳангоми ҷӯшондан, ҳамон лаҳза маҳв мешаванд.
Манбаи сироят бемор ё ҳомили ангезаи заҳрогин аст. Бемор барои дигарон аз лаҳзаи охирини давраи инкубатсия то пурра аз ангезаҳо озод шудани организм, сироятангез мебошад. Ашхоси ҳомили бактерия барои муассисаву корхонаҳои серодам, кӯдакистонҳо, мактабҳо хавфи ҷиддӣ доранд. Ангезаҳои беморӣ тавассути оби даҳону ҳаво ва ҳавову чанг интиқол меёбанд. Ҳатто аз бозича, сару либос, ҷойпӯш низ сироят ёфтан мумкин аст. Дараҷаи ҳассосӣ ба ангезаҳои Г. аз савияи масуният (иммунитет)-и антитоксинӣ вобаста мебошад. Ангезаҳо бештар дар ҳалқубинӣ ва роҳи болои нафас ҷой мегиранд.
Даромадгоҳи ангезаҳои сироят луобпардаи ҳалқ, гулӯ, бинӣ мебошанд. Микроб дар ҷои ба организм даромадааш афзоиш карда, экзотоксин ҳосил менамояд. Экзотоксин боиси некрози пӯстпарда (эпителий), рукуди хун дар мӯрагҳо ва афзоиши қобилияти интиқолии онҳо мегардад. Аз рагҳо рашҳа (экссудат)-и моеъ метаровад, ки дорои фибриноген аст. Фибриноген зери таъсири тромбокиназаи бофтаи некрозӣ лахта мебандад ва пардаи фибринӣ ҳосил мекунад. Дар луобпардаи ҳалқ, трахея, бронхҳо илтиҳоб инкишоф меёбад, ки пардаи он ба осонӣ беҷо хоҳад шуд. Дар натиҷа тарашшӯҳи фибринозӣ ба мағз андар мағзи луобпарда гузашта, ба бофтаи поин пайваст мегардад. Таъсири умумии заҳр бинобар ба хун ҳамроҳ шудану ба силсилаи дилу рагҳо, ғадуди болои гурда ва гурдаҳо зиён расондани он падид меояд.
Марг асосан дар натиҷаи иллати шадиди силсилаи гипофизу – фавқигурдавӣ, миокардити заҳрӣ (токсикӣ), фалаҷи мушакҳои нафаскашӣ, буғӣ гаштан фаро мерасад. Баъди аз сар гузарондани маризӣ масунияти устувор боқӣ мемонад. Пас аз иммунизатсия масуният 3 – 5 сол давом хоҳад кард. Дар кӯдакон ва калонсолоне, ки моякӯбӣ (прививка) шудаанд, Г. сабук мегузарад. Давраи ниҳонии Г. аз 2 то 10 рӯз (бештар 3 – 5 рӯз) аст.
Г. тадриҷан оғоз меёбад; падидаҳои заҳролудии умумӣ мӯътадил аст. Аломати асосии он инқибоз (стеноз)-и ҳанҷара мебошад. Ҷараёни буғма аз 3 давра иборат аст. Давраи аввал (овозвайронӣ) бо хирригии овоз, сурфаи махсус ва нофорами ҳуштакдор, дард кардани ҳанҷара сар мешавад. Дар давраи дуюм (инқибозӣ) нафас хирросӣ шуда, овоз мегирад, ҳини нафаскашӣ мушакҳои ёвар низ фаъолият мекунанд. Давраи мазкур аз чанд соат то 2 – 3 шаборӯз идома меёбад. Дар охири давраи инқибозӣ марҳалаи пеш аз буғӣ шудан оғоз меёбад, ки далолат ба ҷарроҳӣ бинмудан аст. Бемор безобита ва дар ҳарос мебошад, дилашро ваҳм зер мекунад, лабони ӯ кабуд мешаванд, бисёр арақ менамояд. Дар сурати табобат накардан, давраи асфиксия (буғишавӣ) фаро мерасад. Нафасгирӣ тез ва кӯтоҳу рӯякӣ, вале нисбатан бесадо аст, вазъи мариз табоҳ мегардад. Пӯст сафеди хокистарранг, лаб, нӯги бинӣ, ангуштони дасту по кабудтоб аст. Тонуси мушакҳо суст ва дасту по сард, гавҳараки чашм васеъ мешавад. Минбаъд мариз аз ҳуш меравад, дар ҷои хоб шах мешавад ва беихтиёр дар ҷогаҳ тар мекунд.
Дар натиҷаи саривақт ва дуруст муолиҷа кардан, тартиби хуруҷҳои буғма халал меёбад. Баъди 18 – 24 соати ба организм фиристодани зардоби зидди Г. аломатҳои саририи беморӣ тадриҷан нест мешаванд. Гоҳо пардаи беҷошуда боиси ногаҳон буғӣ шудани бемор мегардад.
Оризаҳои Г. махсус ва ғайримахсус мешаванд. Оризаҳои махсус бештар ҳангоми Г.-и заҳрогин ба назар мерасанд, мас., миокардит, мононевритҳо, полиневритҳо, алоими нефрозӣ ва ғ.
Миокардитҳо ду навъ – бетаъхир ва ботаъхир шуданашон мумкин аст. Миокардити бетаъхир охири ҳафтаи якум – аввали ҳафтаи дуюми маризӣ рух менамояд. Бемор безобита аст, шикам дард мекунад, қай менамояд, фишори шараён якбора паст ва ҷигар калон мешавад. Миокардити ботаъхир дар ҳафтаҳои 3 – 4 ба вуҷуд омада, ҷараёни он нисбатан бехавф аст.
Фалаҷи асаб аз ҷумлаи оризаҳои хоси Г. мебошад. Фалаҷи бармаҳали асабҳои ҷумҷума дар ҳафтаи дуюми оғози беморӣ сар мезанад. Мариз фунгӣ шуда, бо душворӣ ҳарф мезанад, оташи шамъро наметавонад «пуф» карда хомуш бисозад, ҳангоми фурӯ додан, хӯрок аз бинӣ меояд, маззаи таомро ҳис намекунад. Гоҳо ӯ хонда ва чизҳои хурдро фарқ карда наметавонад. Фалаҷи ботаъхир ҳафтаҳои 4 – 5 рух менамояд. Рефлекси пайҳо суст, мушакҳо заиф мешаванд. Мариз калавидаву ноустувор роҳ меравад. Дар аснои осеб ёфтани мушакҳои гардан ва бадан бемор нишаста ва сарашро дошта наметавонад. Мумкин аст фалаҷи ҳалқум, гулӯгоҳ, диафрагма низ пайдо шавад. Дар чунин ҳолатҳо сурфа бесадо мегардад, мариз овоз бароварда ё хӯрок ва оби даҳонашро фурӯ дода наметавонад. Полирадикулоневритҳо баъди 1 – 3 моҳ пурра рафъ шуда, фаъолияти мушакҳо комилан барқарор мешавад.
Ба оризаҳои ғайримахсуси Г. пневмония, отитҳо, лимфаденитҳо ва ғ. тааллуқ доранд.
Мариз 5 – 7 ҳафта ҳатман бистарӣ карда мешавад. Дар сурати пайдо шудани неврит ва фалаҷи суст, аз рӯзҳои аввал сар карда витамини В1, стрихнин, прозерин, дибазол таъйин менамоянд. Буғмаи Г.-ро бо роҳи қабули ванна, ингалятсияи буғ, истифодаи димедрол, дипразин, тавегил, эуфиллин, эфедрин табобат мекунанд.
Муоинаи бактериологии ашхосе, ки бо бемор тамос доштаанд, ҳамчунин гандзудоӣ бинмудани чизу чораи утоқи мариз аз ҷумлаи тадобирҳои пешгирии Г. ба шумор мераванд. Ҳомилони микробҳои Г.-и заҳрогинро аз дигарон ҷудо доштан лозим. Моякӯбӣ кардани атфол низ ҳатмист. Кӯдаконро аз думоҳагӣ сар карда баъди ҳар 1,5 моҳ 3 маротиба бояд моякӯбӣ бинмуд. Баъди 1,5 – 2 сол моякӯбии такрории аввалини АКДС гузаронда мешавад. Моякӯбиҳои минбаъда дар 9 ва 16-солагӣ ва баъди ҳар 10 сол то 56-солагӣ бо АДС – М амалӣ хоҳанд гашт.
Ад.: Қамардинов Х.Қ., Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Ҳамон муаллиф, Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Ҳамин муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.
Х.Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …