Главная / Илм / Гули офтобпараст дар Канзи Шифо (Китоб)

Гули офтобпараст дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин растании машҳур аст, ки бӯстонї мебошад ва даштї низ дорад. Баргаш гӯё ғуборолуд бошад, пашмакдор метобад. Гулаш калони паҳн ва зарди тиллоранг, ба монанди нон гирдак ва дурахшанда аст. Дар миёнаҷойи он баргҳои резаи моил ба сиёҳї ва сурхї дорад, бӯяш тез, худаш хушнамуд, рӯзона гулаш ҳамеша рӯ ба офтоб ва баробари ҳаракати он гардиш мекунад, вале дар вақти шаб пажмурда мегардад.

Visit allwallpapersfree.blogspot.com
Visit allwallpapersfree.blogspot.com

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар ҳамин дараҷа хушк аст, вале мизоҷи гулаш назар ба мизоҷи қисмҳои дигараш гармтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро мегардонад ва агар бихӯранд, моддаҳои ғафси баданро пароканда ва нест месозад; хусусияти поккунандагї дорад, бар зидди заҳрнокшавии бадан тарёқи хубест, гиреҳҳои дар рангҳои майна ва ҷигар бударо мекушояд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона ва зарарнок, инчунин аз олоишҳои дигар пок мекунад; барои саръи (припадкаи) тифлон ва бемориҳои сарди вобаста ба майна, инчунин асабҳо доруи хубест, дарди дандонро таскин медиҳад, дарди дилро шифо мебахшад, боҳро (пушти камарро) қавї мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад; барои бавосир, захмҳои шуш, зардпарвин, истисқо (водянка) дармон мешавад; пешоб, ҳайз ва дигар чизҳои нодаркори баданро меронад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; инчунин қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, даво мешавад ва заҳрро аз бадан дафъ мекунад.

  Агар оби решаи онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки сабабаш аз хунукї бошад, шифо мебахшад. Аз ин об 3,5 грамм бинӯшаанд, дили одамони хунукмизоҷро  қавї мегардонад, вале агар инро одамони гарммизоҷ бинӯшанд, ғазаби онҳоро ба ҷӯш меоварад.

Аз оби барги он 15 грамм бо оби гарм бинӯшанд, сахт қай меоварад ва меъдаро аз моддаҳои бегона пок мекунад.

Ҳар як қисми ин растаниро кӯфта гузошта банданд, дарди пайвандҳоро дар ҳар ҷойи бадан, ки бошад, инчунин ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра) ва ханозер (хукгардан)-ро дафъ мекунад. Агар инро бар камар гузошта банданд, қуввати пушти камарро афзун мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад.

 Решаашро хуб кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад, вале агар занҳои назоянда ин тавр амал кунанд, барои ҳомила шудани онҳо мадад мерасонад. Аз барги кӯфтааш об фишурда бинӯшанд, бачаи дар шикам бударо меафтонад, ҳайзи бандшударо мекушояд.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг, гул ва решаи он дар як рӯз то 20 грамм аст ва миқдори хӯрдан аз ҷирмаш, яъне аз худаш 4,5 грамм аст.

Аммо хӯрдани гули офтобпараст ба одамони гарммизоҷ зара мекунад. Давои ин зарараш асалро бо сирко турш карда, яъне сиканҷабин хӯрдан аст, ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин ба сипурз ҳам зиён мерасонад – дар ин маврид қанди сафед, асал ва сиканҷабин бихӯранд,  зарарашро ислоҳ мекунад.

Яке аз хусусиятҳои гули офтобпараст он аст, ки магас ба гули он наменишинад, аз дуди он муш ва калтакалосҳо (келасҳо) мегурезанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …