Главная / Илм / ГУЛИ ЧАШМ

ГУЛИ ЧАШМ

guli-chashmГУЛИ ЧАШМ, тухмак, лейкома, тира шудани шохпардаи чашм. Дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобии вазнин (кератит, трахома, яраи қарния) ё осеби гуногуни чашм (таъсироти механикӣ, ҳароратӣ, химиявӣ) пайдо мешавад. Г. ч. модарзодӣ низ шуданаш мумкин аст; сабаби он бемориҳои илтиҳобии шохпарда мебошанд, ки тифл дар батни модар аз сар гузарондааст. Г. ч. метавонад тамоми шохпарда ё қисми онро фаро гирад. Вобаста ба андозаи Г. ч. ё дараҷаи тира гаштани чашм, қувваи босира низ тағйир меёбад. Г. ч. дар баъзе мавридҳо сабаби пурра нобино шудани одам мегардад.
Табобати Г. ч. бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад. Бо мақсади пешгирии Г. ч. бемориҳои илтиҳобӣ ва осебҳои шохпардаро сари вақт табобат кардан лозим; дар корхонаҳои саноатӣ ба қоидаҳои бехатарӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд. Ниг. низ Босира, Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …