Главная / Илм / ГОВЗИРА

ГОВЗИРА

govziraГОВЗИРА (Bunium chaerophylloides), гиёҳест хушбӯи бисёрсола. Баландиаш 30 – 70 см. Баргаш паршакл. Моҳи апр. гул карда, моҳи май тухм мебандад. Дар тибби халқӣ бо тухм ва лӯндакрешаи Г. дарди санги гурда, пешобдон, песӣ (витилиго) ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Г. мисли зира дар байни мардуми машриқзамин бо хушбӯии худ маъмул аст. Дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой вомехӯрад. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи бешаи паҳнбарг, нимсаванна ва арчазори қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, дар мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ дучор меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …