Главная / Илм / ҒОМРУК

ҒОМРУК

gomrukҒОМРУК (Colutea paulsenii), говқасиркунак, камширак, зинҷак, қасирак як навъ бутта. То 2 м қад мекашад. Баргаш пармонанд. Хӯшагулаш 3 – 15-гула; гулаш зард, норанҷӣ (май – июн мешукуфад). Ғилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчинӣ. Буттаи хоси Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин Помири Ғарбӣ; 800 – 2800 м аз с. б.), Афғонистон ва Кашмир аст. Бештар дар минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва паҳнбарг мерӯяд. Решааш сершоха ва мустаҳкам аст; нишебиҳоро аз обшӯй шудан нигоҳ медорад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби барги Ғ.-ро чун доруи исҳоловар тавсия медиҳанд. Буттаи ороишист; гул ва меваи базеб дорад.
КЛ

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …