Главная / Илм / ҒОФИҚӣ

ҒОФИҚӣ

braginskiyҒОФИҚӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни ас-Сайид ал-Ғофиқӣ ал-Мағрибӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1165), гиёҳшинос, табиб ва дорушиноси номии Андалус (Испанияи исломӣ). Дар Ғофиқ ном шаҳраке дар наздикии Қуртуба ба дунё омадааст. Илми тиб ва дорушиносиро бисёр хуб ва амиқ омӯхта, дар маърифати қувваҳо, манофеъ, хосиятҳо ва номҳои доруҳои сода бар ҳамаи ҳамзамононаш пешӣ дошт. Ғ. табиби бисёр ботақво буд, аз хизмати ҳокимону амирони замона дурӣ меҷуст, ба тарзи бисёр хоксоронаву бетакаллуф зиндагӣ мекард. Касе ёд надорад, ки ӯ аз ватанаш – Андалус берун рафта бошад. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Ал-Адвияту-л-муфрада», «Рисола фӣ-л-ҳуммайёт ва-л-авром», «Рисола фӣ вазъи-л-мазорри-л-куллияти ли-л-абдони-л-инсония». Китоби «Ал-Адвияту-л-муфрада» дар Шарқу Ғарб маъруф аст ва то имрӯз яке аз сарчашмаҳои муҳими дорушиносӣ ва тиб ба шумор меравад.
Ад.: Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фаҷри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …