Главная / Илм / ГЛИТСЕРИН

ГЛИТСЕРИН

gliserinГЛИТСЕРИН (юн. glykeros – ширин), соддатарин спирти сеатома. Г. моеи берангу бӯй ва шарбатмонанд; t гуд. 17,90С, t ҷӯш 2900С, зичиаш 1260 кг/м3 (250С); ҳангоми 1000С хунук кардан, ба массаи шишамонанд табдил меёбад. Бо об, атсетон, спирти этил ва метил омехта мешавад. Бештари пайвастҳои органикӣ ва ноорганики (намак, ишқор, қанд ва ғ.)-ро ҳал мекунад. Бо металлҳо глитсерат, бо кислотаҳои органикӣ глисерид, ҳангоми оксид шудан, алдегиди глитсерин, диоксиатсетон, кислотаи глитсерат ва ғ. ҳосил мекунад. Ҳангоми дегидрататсияи Г. полиглитсерин ё акролеин ҳосил мешавад. Дар ҳолати озод дар хун, чарбуи табиӣ ва фосфатидҳо вуҷуд дорад. Дар саноат онро асосан аз пропилен, инчунин дар натиҷаи гидролизи ишқории чарбуҳо ҳангоми собунпазӣ ва аз партовҳои истеҳсолоти спирт ҳосил мекунанд. Г. барои ҳосил кардани нитроглитсерин ва зифтҳои синтезӣ, дар саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва атриёт, маҳлули обии он чун антифриз истифода мешавад. Г.-ро дар тиб чун воситаи мулоим сохтани пӯст, ҳамчунин дар таркиби шамъакҳо ва ҳуқна барои рафъи қабзият кор мефармоянд. Г. ҳангоми истеҳсоли марҳамҳо, ланиментҳо ва ғ. низ истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …